Ҳар чӣ Ӯ гуфт он кунем ҳама … (шарҳи Чоркитоб)

0

Ҳар чӣ Ӯ гуфт он кунем ҳама,
Тоъати Ӯ ба ҷон кунем ҳама.


БАЁНИ МАЪНО

Ҳар чӣ Аллоҳ таоло дар китобаш гуфтааст, ки онро эътиқод бикунем ва анҷом бидиҳем мо мусулмонон ҳамаи онро бо чашм, бекаму кост мепазирем ва бо дилу ҷон мутобиқи тавфиқ ва тавоноиямон анҷомаш медиҳем.


БАЁНИ ДАЛЕЛҲО

1-Агар пурсанд, ки маънои” Ҳар чӣ Ӯ гуфт он кунем ҳама” яъне чӣ?

Ҷавоб мегӯем, ки чандин умури муҳим мурод аст, ки баъзе он чунинанд:

1- Дар ояти ҳаштуми сураи “Тағобун” ва дар ғайри он Аллоҳ таоло дастур додааст, ки ба Аллоҳу Расулаш ва Қуръон имон оварда шавад, мо имон овардем ва тасдиқ кардем. Лафзи ояти мазкур чунин аст:

{ فَآمِنُوا بِاللَّهِ وَرَسُولِهِ وَالنُّورِ الَّذِي أَنْزَلْنَا ..} )التغابن: 8(

“Имон биоваред ба Аллоҳ ва Пайғамбараш ва ба нуре, ки нозил кардем..”.

2- Дар ояти 56 сураи “Нур” ва дар ғайри он Аллоҳ таоло дастур додааст, ки намоз бихонему закот бидиҳем ва Пайғамбар (с)-ро итоат бикунем, мо ин дастурашро мисли тамоми дигар дастурҳояш мепазирем ва итоъат мекунем. Лафзи ояти мазкур чунин аст:

{وَأَقِيمُوا الصَّلَاةَ وَآتُوا الزَّكَاةَ وَأَطِيعُوا الرَّسُولَ لَعَلَّكُمْ تُرْحَمُونَ} )النور: 56(

“Ва намозро барпо доред ва закотро бипардозед ва Пайғамбарро итоъат кунед, бошад ки мавриди раҳмати Аллоҳ қарор бигиред”.

3- Дар ояти 90 сураи “Моида” ва дар ғайри он Аллоҳ таоло моро аз бутпарастӣ, фолбинӣ, шаробнушӣ, қиморбозӣ ва дигар амалҳои шайтонӣ ҳазар кунонидааст ва мо ин дастурашро мисли тамоми дигар дастурҳояш мепазирем ва итоъат мекунем. Лафзи ояти мазкур чунин аст:

{يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِنَّمَا الْخَمْرُ وَالْمَيْسِرُ وَالْأَنْصَابُ وَالْأَزْلَامُ رِجْسٌ مِنْ عَمَلِ الشَّيْطَانِ فَاجْتَنِبُوهُ لَعَلَّكُمْ تُفْلِحُونَ} )المائدة: 90(

“Эй муъминон! Ҳамоно хамр, қимор, бутҳо ва тирҳои фолгирӣ палид ва аз амали шайтон мебошанд. Пас аз он бипарҳезед, бошад ки растагор шавед”. 2- Агар пурсанд, ки “Тоъати Ӯ ба ҷон кунем ҳама” яъне чӣ?

Ҷавоб мегӯем, ки мурод аз он Аллоҳ таолоро ба ихлосу муҳаббат, хавфу раҷо ва бидуни касеро ё чизеро дар зоташ ё сифоташ ва ё дар ибодаташ ҳамроҳаш шарику ҳамто қарор додан ибодат мекунем, гарчӣ мушриконро хуш наояд. Зеро дар чандин оятҳои китобаш ва дар ҳазорон ҳадисҳои Пайғамбараш (с) моро ба чунин эътиқоду амал дастур додааст, ки ояти 14 сураи “Ғофир” аз ҷумлаи он оятҳо мебошад:

{فَادْعُوا اللَّهَ مُخْلِصِينَ لَهُ الدِّينَ وَلَوْ كَرِهَ الْكَافِرُونَ } )غافر: 14(

“Пас Аллоҳро дар ҳоле бихонед, ки дину ибодатро холис аз  барои Ӯ муътақид мебошед, гарчанде мушриконро хуш наояд”.


Рӯйхати мавзӯҳои Шарҳи Чоркитоб <<

Мақолаи қаблӣДилатро хонаи Ман кун, мусаффо … (шеъри пурра)
Мақолаи баъдӣҲар чи Ӯ гуфт ғайри он кардан … (шарҳи Чоркитоб)