Дар мақолаи зер метавон дар бораи сингуларитии технологӣ ва бемаргии инсон маълумот пайдо кард. Ҳамчунин, он саҳми магнатҳое чун Гугл ва Фейсбукро дар ин самт нишон медиҳад. Аз ин ҷо фаҳмидан метавон, ки чаро Сукерберг номи ширкаташро Мета ва рамзашро ба рамзи Ҷовидонагӣ иваз кардааст. Хонед ва ба дӯстонатон тавсия диҳед <<

Сингуларити мафҳумест, ки маҷмуи технологияҳои ба даст овардани бемаргиро дар назар дорад. Олимон ва ҳаводорони бемаргӣ ба ин назар ҳастанд, ки рушд ва дастовардҳои якҷояи компютер, истеҳсол ва ҳифзи иттилоот, ҳуши сохта ва ҳамчунин пешрафт дар соҳаҳои нанотехнология ва биотехнология аз чанд роҳ метавонанд дарозшавии умри инсон ва бемаргии ӯро таъмин кунанд.
Як роҳ нанотехнология мебошад, ки имкон медиҳад одамон моддаҳоро дар сатҳи атомӣ ва ҳатто квантӣ (10 дар дараҷаи 9) муҳандисӣ кунанд. Асоси назариявии ин технологияро Ричард Фейнман (Richard Feynman) дар лексияи худ бо номи “Имконияти фаровоне дар қаър ҳаст” (1959, Caltech lecture “There’s Plenty of Room at the Bottom”) гузоштааст, ки худ консепсияи Ҷон фон Нойманн (John von Neumann “Universal Assemblers”) ба вом гирифта буд. Минбаъд ин консепсияро Эрик Дрекслер (K. Erik Drexler) бо номҳои “нанотехнологияи молекулавӣ” (“molecular nanotechnology”) ва “коркарди молекулавӣ” (“molecular manufacturing”) аз он ҷумла дар китоби худ Муҳаррикҳои Офариниш: Даврони ояндаи нанотехнология (Engines of Creation: The Coming Era of Nanotechnology) такмил дод. Технологияҳои имрӯза имкон медиҳанд, ки атомҳоро дар сатҳи материя мушоҳида ва манипулятсия кунанд. Аз онҳо “наномошин” (“nanocar”) ва хурдтарин хотираи магнитӣ сохтаанд. Пас, на фақат мешавад хотираи атомро барои ҳифзи информатсия истифода кард, балки нанороботҳое сохт, ки ба ДНА рафта, “нуқси генетикиро ислоҳ кунанд, вирусҳоро кушанд ва харобшавии ҳуҷайра ва ҳатто маргро пешгирӣ кунанд” (“can repair genetic damage, correct genetic disease, kill viruses, and reverse cell decay and even death”). Ин нанороботҳо метавонанд пикометрҳо (дар дараҷаи 12) ва фемтометрҳо (дар дараҷаи 15)-ро ҳисоб кунанд, яъне дар сатҳи атом даромада, онро манипулятсия (ба тарзи нав коркард) кунанд. Кайҳо Фейнман аз забони ҳамкораш Алберт Ҳиббс гуфта буд, ки мошинҳое дар шакли ҳаб сохта мешаванд, ки одамон онҳоро фурӯ мебаранд, ки дар даруни онҳо кори пизишкро иҷро мекунанд. Дрекслер дар Муҳаррикҳои Офариниш мегӯяд, ки наномошинҳои тиббӣ (“medical nanomachines” ва ё “medimachines”) сохта мешаванд, ки дар сатҳи ҳуҷайра кор мекунанд. Ҳамин гуна, мошинҳои биологие аз ҳисоби ҳуҷайраҳо сохта мешаванд, ки бофтаҳои зинда ва ҳатто торҳои ДНА-ро тармим мекунанд. Куртсвайл (Kurzweil) дар китоби худ Сингуларити наздик омадааст (The Singularity is Near 2005) амалипазирии ҳамин гуна идеяҳоро “дар аҳди пасо-бемаргӣ” тасдиқ мекунад (Williams 2021).
Фарзияи дигари сингуларитиро метавон бемаргии рақамӣ (digital immortality) номид. Ҷэрон Лэнйер (Jaron Lanier), олими компютер ва ояндашинос, мегӯяд, ки “бемаргӣ аз роҳи “Болоравии рақамӣ” (“Digital Ascension”) ба даст хоҳад меояд”. Ҷисми одамон аз байн меравад, вале онҳо ба компютер боргирӣ мешаванду боз ҳам огоҳ боқӣ мемонанд.” Тарафдорони сенарияҳои парвози нарм тасдиқ мекунанд, ки ҳуши сохта хатарнок нахоҳад буд, чун он ҳамеша ба одамон ва имкониятҳои онҳо вобаста хоҳанд монд.
Консепсияи дигаре, ки дар партави бемаргии рақамӣ таъриф мешавад, трансҳуманизм мебошад. Трансҳуманизм ба он ишорат мекунад, ки узвҳои биологии одамон бо қисмҳои синтезӣ иваз ва ё комил мешаванд.
Мафҳуми дигар “постҳуманизм” “ба ҳолате ишорат мекунад, ки инсоният дигар ба ҳеч гуна маҳдудиятҳои ҷисмонӣ ва ё биологӣ вобаста нест, балки дар шаклҳои гуногун вуҷуд дорад, ки ба ӯ имкон медиҳад Кайҳонро кашф созад, дар воқеиятҳои симулятивӣ зиндагӣ кунад ва ё дар фазоҳои барои ҷисми биологӣ ғайри қобили зист сокин шавад, ки он ҷоҳо энергияи фаровон дастрас аст” (Williams 2021).
Роҳи дигари бемаргӣ биопринтинг номида мешавад, ки тибқи он органҳои инсонро метавон бо чопи бофтаҳо дар дастгоҳҳои махсус иваз кард (Williams 2021).
Аз гурӯҳи фейсбукии Оянданигарии илмӣ


