Аҳкоми қасм (адолат байни занҳои мард)

0

чор зан дар ислом

Аҳкоми қасм

 ✍?Қасм ба маънои тақсими саҳми занон аст, ки мард бояд байни занҳои худ адолатро риоят карда ва ба яке бештар аз дигарӣ аҳаммият надиҳад.

 ?Дар идома ба баёни аҳкоми ин мавзӯъ мепардозем.

✍?Аз ҷумлаи он чизҳое, ки барои мардҳо дар мавриди занҳояшон воҷиб аст, риояти адолату баробарии байни онҳост ва ин воҷиб будан дар чизҳое аст, ки мард молики онҳо аст ва ихтиёрашонро дорад; монанди шабгузаронӣ бо зан, суҳбат кардан бо зан, ҳамнишинӣ бо зан, хӯрок, либос ва …, ва дар чизҳое, ки мард молики онҳо нест, адолату баробари воҷиб нест, монанди дӯст доштан, ки як амри қалбӣ аст ва дар ихтиёри мард нест, ҳамбистар шудан бо зан, ки як майли қалбӣ ва эҳсосӣ аст ва дар ихтиёри мард нест.

 ?Аз Оиша (рз) нақл шудааст, ки Расули Худо (с) адолатро дар навбати ҳамсаронаш ва рафтор бо онҳо риоят мекард ва мефармуд:

«اللَّهُمَّ هَذَا قَسْمِي فِيمَا أَمْلِك، فَلا تَلُمْنِي فِيمَا تَمْلِكُ، ولاَ أَمْلِك»

”Худоё, ин тақсиму саҳмгузории ман дар он чизҳое аст, ки дар ихтиёри ман аст; пас маро дар мавриди ончи ки молики он ту ҳастӣ ва дар ихтиёри ман нест (муҳаббати қалбӣ), сарзаниш ва муохиза нафармо”

?(Сунани Тирмизӣ, боби алтасвия байналзароир, ҳадиси 1140 / Сунани Абу Довуд, боби филқасм байнаннисо, ҳадиси 2134)

 ✍?Рукни асосии ин қасм ва саҳми занҳо, шабгузаронӣ бо онҳо аст, яъне мард ҳатман бояд бо он зане, ки навбаташ аст, шабро бигузаронад ва дар канораш бошад.

 ❗️Нуқта: Дар баъзе аз маворид аҳкоми илоҳӣ баёнгари баробарии саҳми занон нест, аммо ин масъала мухолифи адолат ҳам нест, зеро ки дар он мавридҳо Худованди Мутаол аз рӯи адолат ва бо риояти ҳоли занҳо ҳукм ба нобаробарии саҳмҳо додааст. Монанди инки саҳми зани озод аз зани каниз бештар аст ва ё саҳми зани мусалмон аз зани ғайри мусалмон бештар аст. Пас мумкин аст дар якҷо баробарӣ набошад, аммо адолат вуҷуд дошта бошад ва адолат муҳимтар аз баробарӣ аст…

✍?Ҳамон гуна ки дар бахши аввал гуфтем қасм ба маънои ин аст, ки агар марде чанд зан дорад, бояд дар масаълаи шаб мондан байни онҳо адолатро риоят кунад.

6) Гуфта шуд, ки агар марде чанд зан дошта бошад, бояд бо тавваҷӯҳ ба шароити онҳо (зани озод бошад ва ё канизе бошад ки бо ӯ никоҳ карда бошад) шабҳоро байни онҳо бо риояти адолат тақсим намояд, аммо агар марде соҳиб ва молики чанд каниз бошад, ки ихтиёри онҳоро дорад, дар ин сурат ниёзе ба риояти адолат байни онҳо нест ва ҳар вақт бо ҳаркадоме аз онҳо бихоҳад метавонад бимонад, зеро ки молики онҳо аст.

7) Марде, ки чанд зан дорад наметавонад бо занҳои худ дар ғайри шабе ки навбати онҳо аст ҳамбистар шавад. Масалан агар марде шабро бояд назди зани дуввумаш бигузаронад, дар ин сурат ҳақ надорад бо зани аввали худ дар он шаб ҳамбистар шавад.

 ❗️Ҳамчунин ҳақ надорад шабро пеши зане бимонад, ки навбати ӯ нест ва бояд шабро дар канори зане, ки навбаташ аст бигузаронад.

✍?Аммо агар барои кор ва ҳоҷате назди зане биравад, ки навбаташ нест ва дубора назди зане, ки навбаташ аст бозгардад, ин кор мушкиле надорад ва ҷоиз аст, зеро ки масаълаи муҳим дар риояти адолат, мондан ва ҳамбистар шудан бо занҳои худ дар навбаташон аст ва дар инҷо ба назди зане, ки навбаташ аст бозгаштааст.

8) Агар зане, ки навбаташ аст мариз бошад, дар ин сурат низ мард ҳақ надорад қисмате аз шабро назди зани дигари худ биравад ва бо ӯ ҳамбистар шавад ва дубора ба назди зани маризаш, ки навбаташ аст бозгардад ва ё зани дигараш ба назди ӯ омада ва дар ғайри навбаташ бо ӯ ҳамбистар шавад.

☘️Аммо агар маризии он зане, ки навбаташ аст ба ҳадде бошад, ки натавонад бо шавҳараш ҳамбистар шавад, дар ин сурат мард ҳақ дорад, ки назди зани дигари худ биравад ва бо ӯ ҳамбистар шавад ва дубора назди зани маризи худ бозгардад.

?Вале мустаҳаб ин аст, ки мард дар канори зани маризи худ илова бар навбаташ бимонад ва аз у нигаҳдорӣ кунад, то он зан саломатии худро ба даст оварда ва…!

Аз канали телеграмии Ҳидояти занон

Мақолаи қаблӣЛоиқ Раҷабов | Лоик Раджабов – биография
Мақолаи баъдӣДуои хамхобаги бо зан, дуо пеш алокаи чинси