Эътимоду боварӣ (зану шавҳар) – Розҳои оиладорӣ

0

Эътимоду бовари (зану шавхар) – Розхои оиладори

 

ишк, мухаббат зану мард

Вақте миёни зану мард паймони заношӯйӣ баста мешавад, онҳо ба зиндагии танҳои худ хотима дода, ба зиндагии якҷоя шурӯъ мекунанд. Ин паймони муқаддас ба он маънӣ аст, ҳамсарон аз ибтидои зиндагии муштарак ба ҳамдигар ваъда медиҳанд, ки то охири умр бо ҳам бошанд. Дар идораву пешбарии зиндагӣ ба якдигар кумаку мусоидат кунанд. Барои оромишу осоиши ҳамдигар кӯшишу ғайрат намоянд.

Ёру мунис ва ғамхору ғамбарори ҳам бошанд. Дар ҷавониву пирӣ, дар шодиву ғам, дар тавоноиву нотавонӣ, дар ҳолатҳои саломатию беморӣ, дар сахтиҳову хушиҳо, дар ҳоли фақру нодорӣ ва сарватмандӣ, хулоса, дар ҳама ҳолатҳои зиндагӣ канори ҳам бошанд. Духтару писар бо эътимоду боварии пурра, тамоми ҳастии худро дар ихтиёри ҳам қарор медиҳанд.

Ба ин умед, ки то охири умр дар бари ҳам, дар сояи давлати ҳамдигар зиндагӣ намоянд. Набояд бо амалҳову рафторҳои нописанд ин эътимоду бовариро аз байн бурда, умедашонро барбод диҳанд. Аз рӯи қоидаи инсонӣ ва қадршиносӣ тақозои ин карда мешавад, ки зану шавҳар бо эътимоду боварӣ то поёни умр ба паймони муқаддаси заношӯйӣ, ки бо ҳам бастаанд, вафодор буда, дар мушкилоти зиндагӣ ва ҳодисаҳои номатлуби рӯзгор аҳди хешро фаромӯш накунанд

Мумкин аст, пеш аз издивоҷ ягон касро дар мадди назар дошта, интизори издивоҷ бо ӯ будаем. Орзу доштаем, ки ҳамсарамон сарватманд бошад, дорои фалон касбу кор бошад, соҳибмаълумот бошад, зебову дилрабо бошад ва ғайра. Ин қабил орзуҳо пеш аз издивоҷ айбе надорад, вале акнун, ки ҳамсаре интихоб ва паймони муқаддаси заношӯйиро имзо кардаем, ки то охири умр бо ҳам буда, мунису ғамхори ҳам бошем, бояд ҳамаи гузаштаамонро фаромӯш кунем.

Ба фикру орзуҳои гузашта хати батлон бикашем ва ғайр аз ҳамсарамон аз дигарон ба таври куллӣ чашм пӯшем. Диламонро аз изтиробу парешонӣ наҷот дода, ба ғайр аз ӯ дигаронро аз дил берун кунем ва тамоми қалбамонро пурра дар ихтиёри вай қарор бидиҳем. Номзади собиқамонро ба таври куллӣ фаромӯш карда, ба ӯ нигоҳ накунем ва ба фикраш набошем. Ба мо дигар чӣ фарқе дорад, аз мо хафа мешавад ё не? Аслан, мо вазифадор нестем, ки аз аҳволаш бипурсем!

Вақте бо чашми харидорӣ ба дигарон нигоҳ карда, ҳамсарамонро бо онҳо муқоиса мекунем, ночор ба шахсоне рӯбарӯ мешавем, ки айбҳои эҳтимолии ҳамсарамонро надоранд ва фикр мекунем, афроди поку беайбе ҳастанд, ки мисли фариштае аз осмон нозил шудаанд. Шояд бо эҳтимоли зиёд онҳо дорои айбҳои бештаре ҳастанд, аммо чун аз айбҳои пинҳонии онҳо хабар надорем ва фақат хубиҳояшонро мушоҳида менамоем, худамонро шикастхӯрдаву фиребхӯрда ва номуваффақ дар издивоҷ мешуморем.

Аз фикру андешаҳои беҳуда худамонро ғамгину бадбахт месозем. Чаро меҳру сафои хонаро аз байн мебарем ва теша бар решаи дарахти зиндагии хушбахтонаву пурбаракатамон мезанем? Аз куҷо медонем, агар бо фалон шахс издивоҷ мекардем, сад фоиз аз интихобамон розӣ мебудем? Мо зоҳиран ӯро мешиносем ва бо аҳволу зиндагии воқеияш аз наздик ошноӣ надорем, яъне, бехабар ҳастем. Шояд дорои айбҳои бисёре бошад, ки агар хабардор мебудем, ҳамсари худамонро аз ӯ садҳо бор афзалтар медонистем.

Агар ҳамсари мо эҳсос кунад, ки ба дигаре назару таваҷҷуҳ дорем, нисбат ба мо бадгумон мешавад. Итминону боварияшро аз даст медиҳад. Меҳру алоқааш кам мешавад, ба хонаводаву зиндагӣ беаҳамият мегардад.

Зану шавҳар агарчи дар бисёре аз кору амалҳо иштироки якҷоя доранд, лекин соҳиби имтиёзҳои махсусе низ ҳастанд. Яке аз имтиёзҳои муҳими онҳо ин аст, ки дар маҷмӯъ зан мавҷудест, бисёр зарифу латиф, зебову маҳбуб. Зан дилбар асту мард дилдода, мард дӯстдор асту зан дӯстдоштанӣ.

Ҳангоме ки мард бо зане издивоҷ мекунад, мехоҳад тамоми хубиҳо ва зебоиву латофати ин мавҷуди латифро танҳо дар ихтиёри худ бубинад. Занеро дӯст медорад, ки ҳусну ҷамолашро, дилбариву таннозиҳояшро, шӯхиву хандаҳояшро хулоса, ҳама буду нобудашро ба шавҳар бахшида, аз оростани худ барои дигарон бипарҳезад. Аз ҳамсараш интизор дорад, ки ба қонунҳои ахлоқӣ риоят карда, бо ҳифзи матонат, пӯшиши хуби сару либос, шарму ҳаё, шикастанафсӣ, хушгуфториву хушрафторӣ шавҳарашро рӯҳан дастгирӣ намуда, боиси баланд шудани обрӯву мартабааш гардад.

Вақте ҳамсараш ба ин вазифаҳои иҷтимоӣ амал карда, ӯро кумак кунад, вай низ барои таъмини ниёзмандиҳои хонаводааш дучанду сечанд талош менамояд, итминону боварӣ ва муҳаббаташ нисбати ҳамсараш меафзояд. Ҳамин омилҳо сабаб мешавад, ки ба занҳои бегонаву кӯчагӣ бетаваҷҷуҳ бошад. Гузаштагонамон беҳуда нагуфтаанд: «Мардро мард мекардагӣ ҳам зан аст, номард мекардагӣ ҳам зан аст».

Аз он ҷо, ки мардон нисбат ба занон бештар аз хона берун буда, аз рӯи касбу корашон бо дигарон дар иртиботу доду гирифти бештаре ҳастанд, бояд дар рафтору робитаҳояшон бо дигарон тавре рафтор кунанд, ки шубҳаву гумонҳои баде дар дили ҳамсараш роҳ наёбад ва ба итминону бовариаш рахна назанад. Аз тарафи дигар занон ҳам бояд, бо эътимоду боварии комил ба ҳамсари азизашон, бар рашку шубҳа ва бадгумониҳои худ ғолиб омада, ба гунае рафтор намоянд, то ҳамсараш яқин кунад, ки ба ӯ эътимоду итминони қавӣ доранд.

Бадгумонӣ як бемории сирояткунандаву хонумонсӯз мебошад. Бо таассуфи зиёд баъзеҳо, балки аксарият аз мардум ба ин беморӣ мубтало ҳастанд. Як хаёлпарасте тасаввур мекунад, ҳамсараш ба ӯ хиёнат мекунад, бо каси дигаре сару кор дорад, ба фалонӣ дилбаста аст. Чун иҷозат намедиҳад паёмакҳои телефонашро бихонам, маълум мешавад паёмҳои ошиқона аст. Чун ба ман кам таваҷҷуҳ мекунад, маълум мешавад ба дигаре машғул асту ӯро дӯст медорад. Чун ба ман дурӯғ гуфт, маълум мешавад хиёнаткор аст. Чун мегӯянд, ки ҳамсарат ба фалон хона рафт, ҳатман дар онҷо касеро дорад.

Ин гуна одамон бо ин далелҳои пучу беҳуда, ба ин хулоса мерасанд, ки ҳамсарашон хиёнаткор аст. Эҳсоси бадгумонӣ дар онҳо шиддат гирифта, ба яқин табдил мегардад. Азбаски дар ин бора зиёд фикр мекунанд, ба ин ҷамъбандӣ мерасанд, ки «бе шамол барги дарахт намеҷунбад». Рӯзу шаб фикру зикрашон банди ҳамин андешаҳои бепояву беҳуда мебошад. Бо ҳар касе ҳамсуҳбат шаванд, ҳарф аз хиёнату бевафоӣ мезананд. Бо ҳар дӯсту душмане сирру асрори хонаводаашонро ошкор мекунанд.

Онҳо ҳам фикр накарда, аз рӯи дилсӯзӣ гуфтаҳояшро тасдиқ намуда, садҳо ҳикояву қиссаҳо аз хиёнату бевафоӣ нақл мекунанд. Ва баъд сар мешавад, айбҷӯиву носозӣ. Хира кардани табъро оғоз мекунад, бо лабу лунҷи овезону қавоқҳои гирифта дар баробари ҳам гаштугузор мекунад. Ҳар рӯз ҷангу ҷанҷол барпо месозад, қаҳру даъво ҳар рӯз такрор меёбад. Ба ҳамсараш беэътиноӣ намуда, мисли соя таъқибаш мекунад. Ҷайбу кисаҳо ва кифашро кофта, тамоми кору амалҳояшро таҳқиқ менамояд. Ҳар як ҳодисаи берабтеро далели қавие бар хиёнат ба ҳисоб меорад.

Бо ин гуна рафторҳо, зиндагиро ба худашу ҳамсари бечора ва фарзандони бегуноҳаш талх мекунад. Хонаро, ки бояд муҳити босафову беолоиш ва осоиш бошад, ба зиндон, ҳатто, ба дӯзахи сӯзоне табдил мекунад. Дар оташе, ки шуълавар сохтааст, худашро сӯзонда ҳамсару фарзандони бегуноҳашро низ ба коми оташ мекашад. Ҳар қадар ҳамсар қасаму савганд ёд хӯрад, илтимосу зора кунад, хиёнаткор набуданашро исбот кардан бихоҳад, аммо ин шахси якраву гапнописанд ҳозир нест, ба ин ҳарфҳо бовар кунад.

Барои хиёнатро аниқ кардан, далелу санадҳои қатъӣ лозим аст. Модоме, ки ягон шоҳиду далеле надошта, онро наметавонем исбот кунем, ҳақ надорем ӯро ба хиёнаткорӣ муттаҳам созем. Оё аз рӯи инсоф аст, ки танҳо бо шубҳаву гумонҳои беҷо, шахси бегуноҳеро мавриди туҳмат қарор бидиҳем? Агар касе бе ягон далелу санад, моро туҳмат бизанад, асабиву ғамгин намешавем?  

Як касро ба хиёнат муттаҳам кардан – хоҳ зан бошад, хоҳ мард, чунки ин гуна воқеаҳои нохуш бар сари ҳама омаданаш аз эҳтимол дур нест – мавзӯи бисёр душвору пурмасъулиятест.

Бинобар ин агар бо далелҳои яқин хиёнати ҳамсар исбот нашудааст, ҳақ надорем ӯро туҳмат бизанем. Агар камтар аз пештара изҳори муҳаббат мекунад, маънои онро надорад, ки каси дигарро пайдо кардааст. Шояд аз худи мо ранҷидааст, шояд ғаму ғуссае дар дил дорад, шояд бемор бошад, шояд дар натиҷаи бетаваҷҷуҳӣ ва изҳори муҳаббат накардани мо нисбат ба зиндагӣ дилхунук шуда бошад.

Чаро барои баъзе туҳматҳои беҷову санадҳои пуч, зиндагии ширинро ба худамону хонаводаамон талху заҳр мегардонем? Аз шунидани ин бӯҳтон дар ҳаққи худамон оё дилшикаставу рӯҳафтода намегардем? Ба чӣ ҳоле гирифтор мешавем? Чаро инсофу виҷдон надорем? Чаро обрӯи худу ҳамсарамонро пеши дӯсту душман аз байн мебарем? Чаро бар ҳоли зору парешони вай раҳму шафқате намекунем?

Қариб 90% баҳсу ҷанҷолҳои оилавӣ байни ҳамсарон аз рӯи нобоварӣ нисбат ба ҳамдигар сарчашма мегирад. Дар ҳоли гумонбар шудан аз ин амалҳо бояд ҷиддан худдорӣ намоем. Агар шакку шубҳае ба диламон роҳ ёфт, бо «ҳар касе, ки пеш омад, хуш омад» гуфта, ҳарфи диламонро назанем, зеро мумкин аст бар асари душманӣ ё нодонӣ, ё дар зери ниқоби «хайрхоҳ» бе он ки бубинанду бисанҷанд, ақидаи моро тасдиқ намоянд. Ҳатто, ҳарфҳои беҷои дигаре низ зам кунанд ва ба оташи гумонҳои мо равған бирезанд. Ба ин восита ин дунёву охирати моро табоҳ созанд.

Чандин бор шунидаем, ки фалон зан худашро оташ задааст, ё аз ошёнаҳои баланд ҳаво додааст, ба дор овехта, худкӯшӣ кардааст. Бо чӣ чабаб? Чӣ омиле баҳонаи аз ҳаёт рафтани як ҷавонзан, як бачазанаки аз сад гули ҳаёт гуле начинда, гаштааст? Ё мешунавем, ки нафаре, ҷавонмарде ҳамсарашро аз ҳаёт маҳрум сохта. Каме баъдтар мефаҳмем, ки сабаби аслии моҷароҳо бевафогии ҳамсар буда. Албатта ончуноне ки бастагони онҳо арз мекунанд. Ҳеҷ яке аз онҳо худашро муқассир намедонанд. Шояд ҳам ҳақ бошанд. Чунки зиндагии як нафар барои дигарӣ қобили дарку фаҳмиш нест. Шояд ҳам касе як хабари росту дурӯғеро расонда, хоста айши оилаеро талх кунад. Чун шахсони фитнагару хабарчин ҳам кам нестанд. Ва ҳамсари камсабру таҳаммул дар натиҷаи фишори рашки хонумонсӯз даст бар ин кори фоҷиабор мезанад. Ин ҳама натиҷаи ғолиб омадани эҳсосот аст.

Эҳсосоте, ки ғалабааш поёни ҳаёти мост. Аввал бояд нархи сабзию пиёзро пурсид. Дақиқ кардан даркор, ки шахси хабарро расонда бо чи мақсаде ин «кори хайр»-ро анҷом дода? Аввал ҳамаро дар тарозуи ақл баркашида, баъдан ба хулосае биёем, ки чӣ кор кунем. Вале мавзӯи оила хеле ҳассос аст. Набояд ҳарҷову бо ҳар кас дар бораи мушкилоти оилавӣ даҳон кушод. Махсусан, бо модару хоҳарамон дар ин бора суҳбат накунем, зеро аксар вақт онҳо бо ҳамсарамон ботинан мухолифат доранд, аз ин рӯ дар вазъияти ба амал омада, ҳасаду кинаварзияшон хурӯҷ карда, бе ягон оқибатандешӣ бадгумонии моро зиёдтар мегардонанд.

Агар мехоҳем аз маслиҳатҳои дигарон истифода кунем, бояд бо дӯстони оқилу ботаҷриба ва хайрхоҳу оқибатандеш машварат кунем. Аз ҳама беҳтаринаш ин аст, ки агар нисбати кору рафтори ҳамсарамон бадгумон ҳастем, мақсадамонро кушоду равшан бо лаҳни ширин ва бе таҳқир сохтани шахсияташ, дар шароиту фурсати хубу мусоид ва муносиб ба худаш изҳор намоем. Хоҳиш кунем, ки: «агар бемалол бошад, дар ҳамин масъала равшанӣ меандохтед, хеле хуб мешуд, чунки дер боз аз ин бобат дар ташвишам.» Лекин ба ҳеҷ ваҷҳ дар ҳақ будани худамон исрор накунем, эҳтимолаш зиёд аст, ки шояд ноҳақ бошем.

Ҳатто, ҳисси бадгумониямонро муваққатан як тараф гузошта, зеҳну фикрамонро холиву озод карда, мисли як судяи боинсофу беғараз, ки мехоҳад дар бораи дигарон доварӣ кунад, ба тавзеҳоту далелҳои ҳамсарамон гӯш бидиҳем. Ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки рост мегӯяд.

Фарз кунем, як нафар аз хешонамон барои доварӣ ба наздамон омада, барои хиёнати ҳамсараш чунин далелҳоеро зикр мекунад. Бибинем, дар борааш чӣ гуна қазоват мекунем? Дар бораи ҳамсарамон ҳам бояд ҳамин тавр ҳукм кунем. Чаро далелҳои ӯ дили санги моро об намекунад? Ба мисли як гунаҳгори аниқ ба суханонаш назар мекунем.

Аз эҳсосоти хому хулосаҳои шитобзада бояд даст бикашем. Оқилу мулоҳизакор бошем, ба як фикру андешаи ботил зиндагии ширинамонро вайрон накунем. Дар ҳар ҷое, ки нофаҳмие пайдо кардем, фавран масъаларо бо ҳамсарамон ҳаллу фасл карда, «мӯйро аз хамир ҷудо» кунем. Бо мақсади ҳақиқатро фаҳмидан, на бо нишонаи эътироз нотарсонаву бепарво бигӯем: «Ман ба фалон кор бадгумон ҳастам. Хоҳиш мекунам, воқеияти корро ба ман баён кун, то хотирам осӯда гардад.»

Он гоҳ ба суханҳояш хуб гӯш бидиҳем. Дар бораи онҳо мулоҳиза кунем, агар бадгумонии мо бартараф шавад, хеле олӣ. Лекин агар қонеъ нашудем, таваккаламонро бар Худо намоем. Ӯро ба Парвардигор бисупорем.

Агар дар рафти суҳбат бо ҳамсар ба ҳолатҳое дучор омадем, ки вай дурӯғ гуфтааст ва ҳақиқатро бар хилофи воқеият нақл кардааст, зуд ин дурӯғро далели хиёнати ӯ қабул накунем, зеро мумкин аст бегуноҳ бошад, лекин чун аз рашку бадгумонии мо хабардор аст, қасдан воқеиятро аз мо пинҳон доштааст, то мабодо гумону шубҳаи мо зиёда нагардад. Хубтараш дар ин маврид ҳам боз ба худаш муроҷиат кунем ва сабаби дурӯғгӯияшро бипурсем. Албатта, кори нодурусте кардааст, ки ба мо дурӯғ гуфтааст. Беҳтар буд ҳақиқатро пинҳон намедошт, зеро аз садоқат дида чизи хубтаре нест, лекин агар ӯ иштибоҳ кард, мо бояд аз ҷаҳолату нодонӣ парҳез кунем.

Аз ӯ бо мулоиматӣ, вале қотеона талаб кунем, то дигар дурӯғ нагӯяд. Агар аз ӯ ҳақиқат хостем, вале ӯ натавонист, далелҳои қонеъкунандае пешниҳод кунад, ҳатто дар ин вазъият ҳам бадгумон нашавем, чун инсон аз хатову иштибоҳ орӣ нест. Аз рӯи беаҳамиятиву фаромӯшхотирӣ шояд ҷузъиёташ аз ёдаш рафта бошад. Бинобар ин дар ҳоле мегӯяд: «Фаромӯш кардаам», мо дигар суханро дароз накунем ва имконияту вақташ бидиҳем, то ҳама фикру зеҳнашро як ҷо ҷамъ намуда, каме баъдтар ба мо нақл намояд. Ин умеду бовариро дар ӯ бедор кунем, ки мо ба вай эътимод дорем, бояд ягон тарсу ҳарос аз рашку бадгумонии мо надошта бошад.

Агар баъди оне, ки ҳамсарамон ҳама буду шуди воқеиятро нақл кард, дӯстону хешовандон низ бегуноҳии ӯро тасдиқ карданду бо ин ҳама дили мо аз шубҳаву бадгумонӣ халос нашуд, пас, яқин бидонем, ки бемор ҳастем ва рашку бадгумониямон аз рӯи бемориҳои асабиву рӯҳӣ пайдо шудаанд. Маслиҳат ин аст, ки ба ягон табиби равоншиноси хубу кордида муроҷиат карда, аз рӯи дастуроту фармудаҳояш амал намоем.

Агар бадгумониямон бартараф нашуд ва эҳтимол медиҳем ё яқин медонем, ки ҳамсарамон ба дигарӣ бо чашми харидорӣ менигарад, боз ҳам тақсири худамон аст, зеро маълум мешавад, он қадар ҳушманду кордон ва ботадбире набудаем, ки тамоми қалби ҳамсарамонро тасхир намоем, то ҷое барои дигаре намонад. Ҳоло ки дер нашудааст, нодонӣ ва гапу корҳои беҳударо як тараф гузошта, бо хушахлоқӣ, рафтору гуфтори нек ва изҳори муҳаббати самимӣ дар қалби ҳамсарамон бояд чунон ҷойгоҳе пайдо кунем, ки ғайр аз мо чашмонаш каси дигареро набинад.

Маъмулан ҳамсарон майл доранд, аз сирру асрори якдигар огоҳ бошанд, яъне, ба таври хулоса интизор доранд, ки тамоми розҳои ҳамдигарро бидонанд. Лекин баъзеҳо бар ин боваранд, ки ҳамсарашон рознигаҳдор нестанд. Бо андак баҳона асрорро ифшо намуда, дарди сари зиёде фароҳам месозанд. Ин ҳамсарон то ҳудуде ҳақ ҳам ҳастанд, зеро ки баъзеҳо зудтар таҳти таъсири ҳиссиёту эҳсосоташон қарор мегиранд ва маъмулан эҳсосоташон бар ақлашон ғалаба мекунад. Вақте асабонӣ шаванд, сабру таҳаммул ва дурандешӣ барояшон мушкил мешавад.

Дар ин ҳолат аз донистани асрор сӯистифода намуда, мушкилию гирифтории зиёде фароҳам месозанд. Бинобар ин агар мехоҳем, ки ҳамсарамон аз мо чизеро пинҳон накунад, бояд мо низ рознигаҳдору боэҳтиёт бошем. Асрорашро барои ҳеҷ кас ва дар ҳеҷ ҳолат нақл накунем, ҳатто, барои хешону дӯстони наздикамон лозим нест, ки асрори ҳамсарамонро бигӯем ва таъкид ҳам кунем, ки ба касе нагӯянд. Зеро онҳо ҳам ҳатман дӯстони наздику ҷоние доранду мумкин аст, рози моро дар ихтиёри онҳо қарор диҳанд ва ҳатто, таъкид ҳам кунанд, ки ба касе нагӯянд. Як вақт мефаҳмем, ки сирру асрорамон дар ҳама ҷо паҳну ифшо шудааст.

Ҳамсарамон агар ба мо эътимод пайдо кард ва фаҳмид, ки натиҷаи заҳматаш беҳуда нарафтааст, ӯ ҳам талошашро бештар менамояд. Аммо агар эътимоду бовариашро аз даст дод ва дид, ки натиҷаи заҳматаш барбод меравад, аз кору зиндагӣ дилсард мегардад.

Бисёриҳо бар ин ақидаанд, ки бо кумаки ҳамсар ба ҳамаи он чизе, ки мехостанд расидаанд. Идораву раёсати хонаводаро бо ҳам дар ихтиёр доранд ва ҳама орзуву омол ва ҳадафҳои худро пиёда кардаанд. Дар ҳоле ки нигоҳ доштани як нафар дар паҳлуямон, аз ба даст овардани он сахттар аст. Наметавонем сад дар сад кафолат бидиҳем, ки он касро аз даст намедиҳем, ё аз мо гурезпойӣ намекунаду ҳамеша пойбанди мову хонавода мемонад. Фақат як ангезаи қавӣ ва шадиде метавонад ӯро дар муҳити оила ҳифз кунад ва он ҳам муҳаббати самимӣ ва эътимоду боварӣ мебошад.

Ҳамсарон бояд ба ҳар тарзу шакле, ки набошад, эътимоду боварӣ ба якдигарро ба даст оварда, бикӯшанд ҳеҷ гоҳ онро аз даст надиҳанду аз якдигар розӣ бошанд.


Аз китоби “Розҳои оиладорӣ”-и Дилафрӯзи Қурбонӣ

Мақолаи қаблӣМеҳру муҳаббат (зану шавҳар) – Розҳои оиладорӣ
Мақолаи баъдӣҚадршиносӣ (дар оила байни зану шавҳар)