Меҳру муҳаббат байни зану шавҳар. Мехру мухаббат байни зану шавхар.

Беҳтарин калиди ҳалли мушкилоти заношӯӣ ишқу алоқа ба ҳамдигар аст. Ҳамсар агар бидонад, ки маҳбубамон нест, аз хонаву зиндагӣ дилсард ва безор шуда, ҳамеша пажмӯрдаву афсурда хоҳад буд. Меҳру муҳаббат бояд аз самими қалб бошад, то дар дили ҳамсарамон осору таъсире бигузорад, зеро муҳаббати рӯякӣ зуд эҳсос мешавад.
Лекин танҳо ба муҳаббати қалбӣ ҳам набояд қаноат кунем, балки бояд онро бо забону сухан изҳор намоем. Вақте осори муҳаббат дар гуфтору рафторамон рӯшан шуд, метавонем ба натиҷаи мусбати он умед бандем.
Яқин аст, ки ҳамсарамон пеш аз издивоҷ бо мо, аз муҳаббатҳои беолоиши падару модар баҳравар будааст. Аммо аз он лаҳзае, ки паймони заношӯиро имзо мекунад, аз дигарон – волидайн, хешу табор, бародарону хоҳарон ва дӯстон – дур шуда, бо мо пайванди дӯстӣ мебандад.
Бо ин умед, ки бештар аз онҳо аз мо дӯстдорӣ бибинад. Зану шавҳар хоҳони он ҳастанд, ки ишқу муҳаббати ҳамсарашон аз муҳаббати падару модар пойдортару самимитар бошад. Чунки ба ишқу муҳаббати якдигар боварӣ карда, бо тамоми вуҷуд якдигарро дӯст медоранд ва тамоми ҳастиву мавҷудияти худро дар ихтиёри ҳамдигар месупоранд.
Зан табиатан манбаъи муҳаббат ва як мавҷуди латифу нозук буда, аз тамоми вуҷудаш гӯё меҳру муҳаббат меборад. Ҳаёту зиндагиаш ба ишқу муҳаббат сахт вобастагӣ дорад. Дилаш мехоҳад ҳамеша маҳбуби атрофиёнаш – шавҳар, фарзандону бастагон – бошад ва ҳар чӣ қадар маҳбубтар бошад, ҳамон қадар хушбахту сарбаланд мегардад. Барои ба даст овардани дили мардаш ба ҳар гуна фидокорӣ омода аст. Вале агар бифаҳмад, ки кӯшишҳояш беҳуда буда, ӯ маҳбубияте надорад, худашро шикастхӯрдаву номувафақ ҳисобида, ҳамеша бадбахту ноком хоҳад буд.
Зан агар бихоҳад, ки ишқи шавҳараш нисбат ба ӯ пойдор бимонад, бояд бо риштаҳои муҳаббатҳои доимӣ онро пайванд бидиҳад ва нигаҳдорӣ кунад. Лутфу меҳрубониашро дареғ надорад. Агар меҳрварзӣ ба шавҳарро бар ҳар чизи дигар муқаддаму муқаддас шуморида, ҳеҷ гоҳ аз он ғафлат наварзад, ҳамсараш ҳамеша шодобу хуррам буда, дар касбу кор дилбастагӣ пайдо мекунад ва ба зиндагӣ алоқаманду дилгарм хоҳад шуд.
Шавҳар агар бидонад, ки дар воқеъ маҳбуби ҳамсараш мебошад, ҳозир аст барои таъмини саодату осоиши хонаводааш то сарҳади фидокорӣ кӯшиш кунад. Марде, ки аз ишқу муҳаббат норасоӣ надошта бошад, ба амрози ҷисмию рӯҳӣ ва заъфу бемориҳои асабӣ камтар мубтало мегардад.
Танҳо дӯстдории қалбӣ кофӣ нест. Бояд ишқу муҳаббатро ба забон овард. Бояд аз ҳар рафтору гуфтор ва ҳаракат осори ишқу алоқа намоён бошад. Агар ҳамсар аз сафар омада, туҳфае ё гулдастае тақдимаш кунад, ӯ бигӯяд:
-Хуб шуд, ки омадӣ, хеле ёдат карда будам. Вақте дар сафар аст, барояш занг зада, аз фироқу ҷудоӣ дилтанг шуданашро изҳор кунад. Агар аз муҳлати маъмулӣ дертар ба хона баргашт, бо ширинзабонию лаҳни хуш изҳор кунад:
-Чашмам ба роҳат дар интизор буд, аз дер омаданат хавотир шудам.
Инсон ба шахсияти хеш эҳтиром қоил буда, худашро дӯст медорад ва дилаш мехоҳад, дигарон низ ба шахсияти ӯ эҳтиром бигузоранд. Ҳар касе ӯро ҳурмат намояд, муҳаббаташ ба вай меафзояд. Табиист, ки кас ба шахсоне, ки ӯро таҳқир мекунанд нафрат дорад. Инсонҳо берун аз манзил бо садҳо шахсони гуногуну беадаб вомехӯранд, бисёр вақтҳо мавриди таҳқиру истеҳзо қарор мегиранд, ки ба шахсияташон зарба ворид месозад.
Дар ин маврид ӯ интизор дорад, дар хона эҳтиромаш кунанд. Эҳтироми ҳамсар ба ӯ нерӯ ва тавоноии беандоза бахшида, барои раҳоӣ аз ин ҳолати рӯҳӣ кумакаш мекунад ва ӯро ба ҳолати муътадил бозмегардонад. Барои кӯшишу фаъолият омодааш месозад. Ин ҳолат, дар бобати онҳое, ки умуман корашон берун аз хона буда, бо мардуми зиёди гуногунхислате вомехӯранд, аҳамияти бисёре дорад.
Бинобар ин ҳамсар бояд ба ин нукта таваҷҷуҳ дошта, барои риояти эҳтироми ӯ ҳамеша бо лутфу меҳрубонӣ «шумо» гуфта, ӯро садо кунад ва ҳангоми сухан гуфтанаш каломи ӯро қатъ накунад. Вақте аз дар медарояд, ба эҳтиромаш бархоста, бо адаб ҳарф занад. Агар ба меҳмоние мераванд, ӯро муқаддам дониста, дар ҳузури дигарон аз ӯро таърифу тавсиф намояд. Дар ҳузури меҳмонон ба андозаи меҳмонҳо, ҳатто, бештар аз онҳо, аз ӯ пазироӣ кунад.
Вақте дари манзилро мезанад, ҳамсари дар хона буда бояд кӯшиш кунад худаш дари хонаро боз намуда, бо лаби хандону шукуфон ва чеҳраи кушода ёрашро истиқбол бигирад. Ҳамин амали дар нигоҳи аввал кӯчак, вале дар асл саршори эҳтиром, осори некӯе дар рӯҳияи ҳамсар хоҳад гузошт. Истиқбол кардан бо лаби хандон рӯҳи тозае дар дар ҷисми хастаи ӯ дамида, дилашро оромиш мебахшад. Мумкин аст, ҳайрон шуда, бигӯед:
– Чи пешниҳоди аҷоибе! Ҳамсарашро «хуш омадед» бигӯяд?! Шахси бегона ё меҳмон нест, то эҳтиёҷ ба истиқболу «хуш омадед» дошта бошад, одами ҳамин хона аст.
Албатта, ин тарзи тафаккур аз тарбияи нодурусти мо пайдо шудааст. Чӣ касе мегӯяд, ки ба дӯстону хешон адабу эҳтиромро риоят накунем? Меҳмоне ба манзили шумо меояд, ӯро истиқбол мегиред, хуш омадед мегӯед, эҳтиром мекунед, меҳмондорӣ менамоед ва ин амалро як рафтори боақлона ва яке аз одобу русуми зиндагӣ мешуморед. Албатта, чунин аст.
Меҳмонро бояд эҳтиром кард, лекин аз рӯи инсоф бигӯед, фарде, ки аз субҳ то шом барои таъмини зиндагӣ ва фароҳам кардани шароитҳои рӯзгору осоиши мо талош мекунад, дар ин роҳ бо садҳо мушкилӣ рӯбарӯ шуда, дари хонаро мезанад, оё арзиши онро надорад, ки барои хушнудӣ ва эҳтироми ӯ то дари хона қадам ранҷа намуда, бо лаби хандон як «хуш омадед» гуфта, дилашро шод гардонд?
Ҳар як зану мард бояд ба шаклҳои мухталиф меҳру муҳаббати худро баён созанд. Бо гуфтани калимаи пурмуҳаббате, тақдими шохаи гуле ё ҳар чизе, ки боиси хурсандиву хушҳолии тарафи муқобил мегардад онро иброз дорад. Аз ин рӯ ҳатто, харидани хӯрданиҳои майда-чайда, аз қабили яхмос, шоколад, донаи офтобпараст ва чизҳои дигаре, ки ҳамсаратон ба он алоқаманд аст, яке аз шеваҳо ва усулҳои баёни меҳру муҳаббат ба ҳисоб меравад.
Яке аз муҳимтарин ҳадафҳои зиндагии муштарак, расидан ба оромиш ва лаззат аст. Аз рӯи қоида интизор меравад, мард оромишгари зан ва зан оромишгари мард бошад. Агар мехоҳем, ки худ ва аҳли хонаводаамон хушбахтона зиндагӣ кунем, бояд ҳамеша шоду хуррам буда, бо меҳрварзӣ, муъомилаи хуш ва ширинзабонӣ хонаро ба биҳишти барин табдил намоем.
Аксар мушкилоти заношӯиро бо ҳушёрию зиракӣ ва ахлоқи хуш метавон ба таври мусбат ҳал кард. Агар ҳамсарамон каммуҳаббат аст, агар ба хонаву зиндагӣ алоқа надорад, агар беҳудагардӣ мекунад, агар дер ба хона меояд, агар бадрафторӣ мекунад, агар тундхӯйӣ ва даъво мекунад, агар ҳарф аз талоқу ҷудоӣ мезанад, ҳамаи инҳо ва садҳо мушкилоти ба ин монандро ба воситаи хушрафторӣ ва ахлоқи хуш метавон ҳал кард.
Модоме, ки дар хонаи падар ва модар зиндагӣ мекунем, бояд ризоияти онҳоро низ дарёфт кунем. Лекин, вақте ки паймони заношӯиро имзо намуда, хонаводаи наверо ташкил мекунем, бояд меҳрварзӣ ба ҳамсар ва ризоияту хушнудияшро бар ҳама чиз муқаддам дониста, ҳатто, дар ҷое, ки байни хостаҳои падару модар ва хостаҳои ҳамсар ихтилоф пайдо шавад, салоҳ дар ин аст, ки назар ба ҳамсар карда, асбоби ризоияти ӯро фароҳам созем. Зеро бо ҷалби ризоияти ҳамсар, риштаи унсу муҳаббат, ки беҳтарин кафолати бақои зиндагии заношӯӣ аст, мустаҳкам мегардад.
Зану шавҳар ҳамеша ба меҳрварзӣ ва изҳори муҳаббати якдигар эҳтиёҷ доранд, лекин эҳтиёҷ дар баъзе ҳолатҳо шадидтар мешавад. Инсон дар мавқеи мушкилиҳову гирифторӣ ва беморӣ бештар аз дигар вақтҳо эҳтиёҷ ба дилҷӯӣ ва парасторӣ дорад. Бемор ба андозае, ки ба духтуру даво ниёз дорад, ба ҳамон миқдор, балки зиёдтар ба лутфу меҳрубонӣ ва нигаҳбонӣ эҳтиёҷ дорад.
Парастори хуб бо меҳрубониву дилҷӯӣ ва навозиш асабҳои хастаи беморро оромиш медиҳад ва ба зиндагӣ умедвораш мегардонад. Агар дар чунин ҳолатҳо, ҳамсаратро нигаҳбонӣ ва дилҷӯйӣ намудӣ, ба зиндагӣ дилгарм мегардад, ба вафодорию самимияти ту боварии бештаре пайдо мекунад, меҳру муҳаббаташ зиёдтар мешавад. Вақте аз бистари беморӣ бархост, бештар аз гузашта заҳмат мекашад. Муҳаббатҳо ва навозишҳои туро фаромӯш намекунад ва агар Худое накарда, бемор шудӣ, ҳаматарафа аз ту нигаҳдорӣ ва дилҷӯйӣ хоҳад кард.
Бояд бидонем дунё дар роҳу равиши муайян ва тибқи нақшаи муназзаме мечархад. Ҳодисаҳои рӯзгор бо назму тартиб яке паси дигар худнамоӣ мекунанд. Вуҷуди ночизи мо дар ин ҷаҳони паҳновар ба манзалаи зарраи кӯчакест, ки ҳар лаҳза дар ҳаракат ва бо зарраҳои дигар дар ҳоли бархӯрдан аст. Идораи ҷаҳон дар дасти мо нест ва ҳодисаҳои гетӣ бар тибқи майлу хостаҳои мо воқеъ намешавад. Масалан, фарде, ки саҳар аз манзил берун меравад, то вақти дубора баргаштанаш, мумкин аст, бо даҳҳо мушкилоти хурд ё бузург рӯбарӯ гардад.
Дар майдони зиндагӣ ва саҳнаи касбу кор, ки ба майдони набард монанд аст, бо мушкилоти фаровоне дучор мешавад. Чун ба мардум ва чархи гардуни ҷафокор зӯраш нарасид, вақте ба хона ворид мешавад, мехоҳад қудратнамоӣ кунад ва интиқоми чархи фалаку мардуми каҷрафторро аз ҳамсару фарзандони бегуноҳаш гирифта, ба ин восита буғзи дилашро холӣ кунад. Гӯё балое вориди хона шудааст. Бачаҳо монанди муш фирор мекунанд. Худо накунад, кӯчактарин баҳонае биёбад, хӯрок шӯр ё бенамак бошад, чой омодаву ҳозир набошад, ё яке аз бачаҳо овозе барорад, ё хона мураттабу тоза набошад, ё ҳарфи аз бинӣ баланде аз даҳони ҳамсараш берун биёяд, ана бадбахтӣ! Ӯ мисли бомба метаркад. Ба сари ин дод мезанад, он якеро дашном медиҳад, дигариро мезанад, табъи хуши дигариро аз байн мебарад.
Бо ҳамин муҳити босафои хонаро, ки ба нияти истироҳату фароғат ба ин ҷо паноҳ оварда буд, ба дӯзахи сӯзоне табдил мекунад. Дар он ҷаҳаннами худсохта, ҳам худаш хоҳад сӯхт, ҳам ҳамсару фарзандони бегуноҳаш. Агар бачаҳо битавонанд, аз он муҳити тарсноку ваҳшатнок фирор намоянд, дар кӯчаву хиёбон сарсону саргардон гашта, интизор мешаванд, ки кай аз манзил берун мешавад, то аз шарраш халос шаванд. Ваъияти мушкилу риққатбор ва сарнавишти шуми чунин оилаҳо бе гуфтугӯ равшан аст. Ҳамеша даъво ва ҷангу ҷанҷолашон дар осмон аст. Ҳар луқмаи хӯрдаашон бо заҳр олудааст. Вазъияти хона қаноатбахш набуда, ҳамсар аз дидани чеҳраи гирифтаи ҳамсафари ҳаёташ безор хоҳад шуд.
Фаромӯш набояд кард, ки идораи ҷаҳон дар дасти мо нест. Ҳар касе дар тӯли зиндагӣ бо мушкилот ва пастиву баландиҳои рӯзгор, хоҳ нохоҳ рӯбарӯ хоҳад шуд. Бояд барои қабули онҳо тайёр бошем, зеро доимо тақдир зарбаҳои ногаҳонӣ ба мо мезанад. Инсон мавҷуди боқуввату тавоноест, ки бо бурдбориву сабурӣ ва кӯшишу тадбир метавонад, дар муқобили бадбахтиҳо ё мушкилоти бузург ғалаба ба даст биёрад.
Оё ҳайф нест, ки дар баробари ҳодисаҳои кӯчак худро аз даст дода, бо фарёду нолаву фиғон табъи хушамонро вайрон кунем? Бе ин ҳам ҳодисаҳову мушкилоти рӯзгор ва рафтори нописанди мардуми атрофамон, ба торҳои асабамон нохун мезананд. Ҳамсару фарзандон чӣ гуноҳе доранд? Ҳамсару фарзандон бо садҳо умеду орзу дар интизори мо ва меҳрубониямон чашм ба роҳ буданд. Оё сазовор аст, бо чеҳраи гирифтаву ахлоқи бад ва бо лабу лунҷи овезони мо рӯбарӯ шаванд?! Оё хубтар нест, вақте мехоҳем, барои истироҳату фароғат ва гирифтани нерӯи тоза ба осоишгоҳи хона пой гузорем, пеши худ фикр кунем, ки тундхӯӣ ва бадахлоқӣ мушкилоти моро ҳал намекунад, балки асабҳои харобамонро боз ҳам хастатару вайронтар сохта, мушкилоту бадбахтиҳои тозаву нав ба нав ба вуҷуд меоварад.
Дар ҳоли ҳозир беҳтар аст, истироҳату фароғат намуда, нерӯи тоза бигирем, то битавонем бо асабҳои орому фикрҳои ҷолиби нав дар муқобили монеаҳои рӯзгор чорасозӣ намоем. Ин лаҳза ҳодисаҳо ва гирифториҳои зиндагиро муваққатан бояд ба гӯшаи фаромӯшӣ бисупорем ва бо чеҳраи беғубору лаби хандон вориди хона шавем. Бо суханони гарму муҳаббати бепоён дили аҳли хонаводаро шодмону хурсанд гардонем. Бигӯему бихандем. Ба сайругашту тамошо ва гардиш рафта, истироҳат кунем. Бо хушию хурсандӣ хӯрок хӯрда, бо асабҳои орому осӯда хобу истироҳат намоем. Ба ин восита ҳам ҳамсару фарзандамон ба хонаву зиндагӣ дилгарм шуда, барои кору кӯшиш омода мегарданд ва ҳам худамон метавонем, бо асабҳои солим ба касбу кор идома дода, бар мушкилоти рӯзгор ғолиб гардем.
Зану шавҳар бояд бо номҳои зебову дилнишин якдигарро садо карда, каломи ҳамдигарро набуранд. Вақте аз хона берун мераванд, якдигарро ба Худо супорида, бо ҳам хайру хуш кунанд. Зодрӯз ва дигар ҷашнҳои оилавии вобаста ба якдигарро гиромӣ дошта, гулдаста ё туҳфаи дигаре ба ҳам ҳадя намоянд. Дар меҳмониву ҳузури дигарон якдигарро эҳтиром намуда, аз таҳқиру тамасхур ба таври ҷиддӣ худро нигаҳ доранд. Аз дашному ҳақорат гуфтан бипарҳезанд. Аз масхара кардани ҳамдигар, ҳатто, ба таври шӯхӣ ҷиддан худдорӣ кунанд, то меҳрашон дар дили ҳамдигар бештар шуда, аз зиндагии муштарак лаззати бештар бибаранд.
Аз китоби “Розҳои оиладорӣ”-и Дилафрӯзи Қурбонӣ


