Рузи Ошуро чи гуна руз аст?

0

Ҷавоб ба ин суолҳо дар ин мақола: Рузи Ошуро чи гуна руз аст? Рузи Ошуро ба кадом руз рост меояд? Чи амалхо дар рузи Ошуро савоб аст? ….

рузи ошуро oshuro

“Рузи Ошуро” – рӯзи даҳуми моҳи муҳаррам буда, аз руи таълимоти динӣ эҳтироми ин рӯз аз амалҳои суннат маҳсуб мешавад. Ҳурмати ин рӯзро ҳатто фариштагоне, ки аршро мебардоранд, медоштаанд.

Воқеаҳои муҳиме, ки дар ин рӯз ба амал омадаанд ва амалҳои неке, ки иҷрояш арҷи бузург дорад:

✔️ Дар ин рӯз Ҳазрати Иброҳим ба дунё омадаанд ва ҳамчунин аз оташи Намруд халос ёфтаанд;

✔️ Дар рӯзи Ошуро Аллох таъоло Мусо (а)-ро наҷот дод ва ҳам дар ин рӯз душмани ӯ Фиръавнро дар дарёи Нил ғарқ ва ҳалок кард;

✔️ Дар ин рӯз Идрис (а) ба макони олӣ сарафроз гардонда шуд;

✔️ Аллоҳ таъоло дар ин рӯз Айюб (а)-ро аз дард фориғ кард;

✔️ Воқеаи бар осмон рафтани Исо алайҳиссалом ҳам дар Рӯзи Ошуро ба амал омад;

✔️ Худованд тавбаи Одам алайҳиссаломро дар ин рӯз қабул кардааст;

✔️ Киштии Нуҳ алайҳиссалом дар кӯҳи Ҷудӣ (ё Ҷидда) айнан дар ҳамин рӯз қарор гирифт (баъди туфон);

✔️ Ҳотами Ҳазрати Сулаймон (а) низ дар ин рӯзи муборак баргардонда шуд;

✔️ Худованд ҳазрати Юнус алайҳиссаломро дар рӯзи Ошуро аз шиками моҳӣ саломат берун овард;

✔️ Ҳамчунин, баъди ҳиҷрони дуру дароз, Ҳазрати Юсуф алайҳиссалом ба оғуши падараш Ҳазрати Яъқуб алайҳиссалом дар Рӯзи мубораки Ошуро бозгашт;

✔️ Ба ғайр аз инхо, Худованд фариштаҳо – Ҷабраил, Микоил, Исрофил ва Аршу Курсӣ, замину осмон, ҷаннату қаламро ҳам дар рӯзи мубораки Ошуро офаридааст.


Дар ин рӯз рӯзаи нафл доштан мустаҳаб гардонда шудааст.

Паёмбарамон Расули Акрам (с.а.в) дар ин руз кудаконро тахният ва некихо мекарданд.

Паёмбар (с.а.в) фармудаанд: Барои ёфтани фазилати он бикӯшед, чаро ки Худованд аз миёни ин ҳама рӯзҳо, ин рӯзро ихтиёр кардаву муборак гардондааст.

Ҳар кӣ дар ин рӯз рӯза дорад, Аллоҳ таъоло аз ҷамъи тоату ибодатҳои фариштагону паёмбарону расулон, шаҳидону солеҳон, ба он банда насиба мерасонад.

Дар ин рӯз ба аёдати беморон рафтан, бо хешу ақрабо риштаи меҳру дӯстиро мустаҳкам намудан ва муносибатҳои гусастаро бо онҳо пайвастан аз амалхои савобу фазилати нек ба шумор меравад ва Паёмбар (с.а.в) мефармояд: дар ҷаннат онҳоро ҳамроҳ мегардонанд, мисли ду ангушти як даст.

Дар рӯзи Ошуро ба мардуми фақиру муҳтоҷ хайр кардану садақа додан аз амалхои нек буда, Паёмбар (а) чунин мефармояд:

“Касе, ки дар рӯзи Ошуро ба қадри заррае садақа кунад, Аллоҳ таъоло ба ӯ ба андозаи кӯҳи Уҳуд савоб менависад ва тарозуи аъмоли некашро вазнин месозад.”

Рӯзи Ошуро бисёр пурфайзу баракат буда, барои ба даст овардани савоб аз ҳар роҳ бояд бикӯшем, то ба ризои Худованд мушарраф гардем.

Мақолаи қаблӣЧи қадари умрамонро ба хоб, хурок, сухан … мегузаронем?
Мақолаи баъдӣСе дарахти дарозумртарин

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед