Манҳаҷҳои эътиқодӣ / Манхачхои эътикоди. Шарҳи Чоркитоб.
Пайравони аҳли суннат ва ҷамоъат масоили эътиқодии Қуръон ва суннатро мутобиқи ду манҳаҷ ва тарзи баён шарҳу тафсир мекунанд:
1- Манҳаҷ ва тариқаи уламои салафи солеҳ. Ин тарзи баёни масъалаҳои эътиқодӣ аз даврони асҳоби киром ва тобеъини изом то замони мо идома дорад.
2-Манҳаҷи уламои калом. Ин тарзи баҳсу баёни масъалаҳои эътиқодӣ аз асри дуввум ва савуми ҳиҷрӣ дар натиҷаи муборизаи шадиди уламои аҳли суннат бар муқобили баҳсҳои фалсафии муътазилиҳо таъсис шудааст ва дар замонаш монеъи интишори бидъатҳои эътиқодии онҳо гардидааст.
Дар замони мо уламои калом ба ду равия тақсим шудаанд, ки якеро ашъариҳо ва дигарашро Мотуридиҳо мегӯянд. Уламои ҳанафиёни пайравикунанда аз манҳаҷи уламои калом аз пайравони Имом Абумансури Мотуридӣ мебошанд.


