Эй мусаллӣ биё таҳорат кун,
Хонаи дини худ иморат кун.
Чун биёрӣ таҳорати зоҳир,
Ботинат низ ҳақ кунад тоҳир.
БАЁНИ МАЪНО
Эй касе, ки бар ту намоз фарз аст, бирав таҳорат кун ва биё намоз бигузор. Зеро таҳорат шарти дуруст шудани намоз аст ва намоз сутуне аз сутунҳо ва деворе аз деворҳои бинои дин аст. Намоз хондан ин дини худро иморати бо шукуҳ ва қалъаи мустаҳкам кардан аст.
Ҳангоми таҳорат кардан зоҳири узвҳои дар таҳорат шусташаванда пок мешаванд ва гуноҳонат бо қатраҳои оби таҳорат мерезанд ва дар натиҷа торикиҳои дар дилат, ки дар асари гуноҳон пайдо шуда буданд маҳв мешаванд.
БАЁНИ ДАЛЕЛҲО
Агар пурсанд бо кадом далел мегӯед, ки намоз фарз ва қалъаи дин аст?
Ҷавоб мегӯем, ки аз чанд ҷиҳат чунин аст:
1-Аммо фарз будан аз он ҷиҳат аст, ки Аллоҳ таоло дар чандин оятҳои китобаш ба хондани намоз дастур додааст ва тарккунандагонашро аз гирифтор шудан ба азоби сахт хабардор кардааст.
Аз ҷумлаи оятҳои дастури хондани намоз дар он омада, ояти 103 сураи “Нисо” аст:
{فَأَقِيمُوا الصَّلَاةَ إِنَّ الصَّلَاةَ كَانَتْ عَلَى الْمُؤْمِنِينَ كِتَابًا مَوْقُوتًا } (النساء: 103)
“Пас намозро барпо доред! Ҳамоно гузоридани намоз бар муъминон дар вақти муъайян фарз аст”.
Аз ҷумлаи оятҳои аз гирифтор ба азоб шудани коҳилнамозон оятҳои 4-5 сураи “Моъун” аст:
{فَوَيْلٌ لِلْمُصَلِّينَ . الَّذِينَ هُمْ عَنْ صَلَاتِهِمْ سَاهُونَ} (الماعون: 4، 5)
“Пас вой бар он намозгузорон! Ҳамон касоне, ки аз намози худ ғофиланд”. Ғафлати аз намоз побанд ба гузориданаш набудан, онро қазо кардан ва аҳкомашро риоя накардан ва ғайра мурод аст.
2- Аммо қалъаи дин будани намоз аз он ҷиҳат аст, ки касе бо ихлос намоз бихонад ва бар хондани намоз дар вақташ побанд бошад, он намозаш вайро аз корҳои беҳаёӣ ва зишту гуноҳ, ки барои банда боиси ҳалокат мебошанд, нигаҳ медорад, ҳамчуноне қалъа мардумро аз ҳамлаи душман нигаҳ медорад. Дар ояти 45 сураи “Анкабут” Аллоҳ таоло чунин фармудааст:
{وَأَقِمِ الصَّلَاةَ إِنَّ الصَّلَاةَ تَنْهَى عَنِ الْفَحْشَاءِ وَالْمُنْكَرِ} (العنكبوت: 45)
“Ва намозро барпой дор! Ҳамоно намоз аз корҳои зишту беҳаёӣ ва кирдорҳои нописанд манъ мекунад”.
Намози бо ихлос ва мақбул баъзеҳоро зуд ва баъзе дигарро оҳиста – оҳиста аз корҳои беҳаёӣ амсоли зино ва ливота ва дигар амалҳои гуноҳу ҳаром манъ мекунад. Дар ин мавзӯъ дар ривояти “Муснади Имом Аҳмад” бо санади саҳеҳ чунин омадааст:
“عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ، قَالَ: جَاءَ رَجُلٌ إِلَى النَّبِيِّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ، فَقَالَ: إِنَّ فُلَانًا يُصَلِّي بِاللَّيْلِ، فَإِذَا أَصْبَحَ سَرَقَ قَالَ: ” إِنَّهُ سَيَنْهَاهُ مَا تَقُولُ “. (اسناده صحيح)
“Шахсе назди Пайғамбар (с) омад ва гуфт: Ҳамоно фалонӣ намози шаб, яъне таҳаҷҷуд мехонад, валекин чун рӯз шавад дуздӣ мекунад? Пайғамбар (с) гуфт: Он намозе, ки мехонад анқариб ӯро аз ончи мегӯи манъ мекунад”.
Аз ҳамин ҷиҳат дар мавриди намозе, ки дар ҳаёти инсон ҳеҷ таъсире надорад ва ӯро аз ҳеҷ кори баде манъ намекунад, саҳобии бузургвор Абдуллоҳ ибни Масъуд разияллоҳу анҳу чунин гуфтааст:
“وَعَنْ عَبْدِ اللَّهِ بْنِ مَسْعُودٍ قَالَ: مَنْ لَمْ تَأْمُرْهُ صَلَاتُهُ بِالْمَعْرُوفِ وَتَنْهَهُ عَنِ الْمُنْكَرِ لَمْ يَزْدَدْ مِنَ اللَّهِ إِلَّا بُعْدًا”. (وفي مجمع الزوائد ومنبع الفوائد -2/ 258/ 3558 – رَوَاهُ الطَّبَرَانِيُّ فِي الْكَبِيرِ، وَرِجَالُهُ رِجَالُ الصَّحِيحِ. وفي تخريج أحاديث الإحياء” المغني عن حمل الأسفار -ص: 178- أخرجه عَلّي بن معبد فِي كتاب الطَّاعَة وَالْمَعْصِيَة من حَدِيث الْحسن مُرْسلا بِإِسْنَاد صَحِيح وَرَوَاهُ الطَّبَرَانِيّ وأسنده ابْن مرْدَوَيْه فِي تَفْسِيره من حَدِيث ابْن عَبَّاس بِإِسْنَاد لين وَ الطَّبَرَانِيّ من قَول ابْن مَسْعُود «من لم تَأمره ….» وَإِسْنَاده صَحِيح. وفي سلسلة الأحاديث الضعيفة -1/ 55-وسنده صحيح كما قال الحافظ العراقي، فرجع الحديث إلى أنه موقوف)،
“Касеро намозаш амри ба маъруф намекунад, яъне вай дастур ба анҷом додани корҳои савоб намекунад ва наҳӣ аз мункар намекунад, яъне вайро аз анҷом додани корҳои гуноҳ манъ намекунад, чунин намоз вайро аз Аллоҳ таоло дӯр месозад”.
Албатта намози мунофиқон ва риёкорон, ки бидуни ихлос аст ва намози аҳли бидъат ва залолат, ки намозро мутобиқи суннат намехонанд ва ё дар дохили намозашон зикрҳо ва дуоҳои сохтаву бофтаи худро мехонанд, ки дар суннат наомадааст ва аз каломи мардум мебошанд ва ғайра сабаби ғазаби Аллоҳ таоло мешаванд ва мақбул намебошанд.
Агар пурсанд бо кадом далел мегӯед, ки таҳорату намоз зоҳиру ботин, яъне ҷисму қалби мусулмонро аз гуноҳ пок месозанд?
Ҷавоб мегӯем, ки дар асари таҳорат тоҳир шудани мавзеъи пешоб ва наҷосат ва инчунин аз наҷосату чирки бадан он мавзеъҳои бадан, ки ҳангоми таҳорат шуста мешаванд ошкор аст ва зарурат ба ҳуҷҷату далел надорад.
Аммо тоҳир шудани ботини инсон, яъне қалбу замири вай аз шаку шубҳа ва васвасаҳои шайтонӣ, ки дар асари ғофилӣ аз тоъату ибодат ва дӯст доштани гуноҳ ва анҷом додани он, пайдо мешаванд, бо маҳв шудани гуноҳон аз байн мераванд. Оре! Гуноҳ дар қалбу замири инсон таъсири манфӣ дорад ва дар асари маҳв шудани гуноҳ қалбу замири инсонҳо пок мешаванд.
Дар ин мавзӯъ чанд мисоле меорем, ки чунинанд:
1-Дар ояти 283 сураи “Бақара” Аллоҳ таоло касонеро, ки шаҳодат доданро бар ончиро дидаанд пинҳон мекунанд, дилҳояшон гунаҳгор аст, гуфтааст:
{وَلَا تَكْتُمُوا الشَّهَادَةَ وَمَنْ يَكْتُمْهَا فَإِنَّهُ آثِمٌ قَلْبُهُ وَاللَّهُ بِمَا تَعْمَلُونَ عَلِيمٌ} (البقرة: 283)
“Ва шаҳодатро пинҳон накунед, ва ҳар кас ки онро пинҳон кунад, дилаш гунаҳгор аст. Ва Аллоҳ ба он чи мекунед доност”.
2- Дар ривояти “Сунани Ибни Моҷа” бо санади ҳасани саҳеҳ Пайғамбар (с) чунин гуфтааст:
“عَنْ أَبِي الْجَعْدِ الضَّمْرِيِّ وَكَانَ لَهُ صُحْبَةٌ قَالَ: قَالَ النَّبِيُّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ: «مَنْ تَرَكَ الْجُمُعَةَ ثَلَاثَ مَرَّاتٍ تَهَاوُنًا بِهَا طُبِعَ عَلَى قَلْبِهِ”. (كذا في سنن ابن ماجه -1/ 357 1125 – وحكم المحقق: حسن صحيح. و قال العراقي: المراد بالتهاون الترك بلا عذر وبالطبع أن يصير قلبه قلب منافق. كذا في شرح محمد فؤاد عبد الباقي ).
“Касе аз ҷиҳати саҳлангорӣ , яъне бидуни узр се намози ҷумъаро тарк бисозад, бар дилаш муҳр зада мешавад”.
Ҳофиз Зайнуддини Ироқӣ гуфтааст, ки мурод аз муҳр зада шудан бар дилаш, мисли дили мунофиқ шудани дили ӯст”.
3- Дар масъалаи шарик будани қалбу ҷасад дар содир кардани амали хайр ё шар ҳеҷ шаке нест ва инчунин дар масъалаи шарик будани ҳарду дар гуноҳ ва гунаҳгор будани ҳар ду низ ҳеҷ шаке намебошад. Дар ин мавзӯъ дар ривояти “Саҳеҳ Бухорӣ” Пайғамбар (с) чунин гуфтааст:
“عن النُّعْمَانَ بْنَ بَشِيرٍ، يَقُولُ: سَمِعْتُ رَسُولَ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ يَقُولُ: … أَلاَ وَإِنَّ فِي الجَسَدِ مُضْغَةً: إِذَا صَلَحَتْ صَلَحَ الجَسَدُ كُلُّهُ، وَإِذَا فَسَدَتْ فَسَدَ الجَسَدُ كُلُّهُ، أَلاَ وَهِيَ القَلْبُ”. (صحيح البخاري -1/ 20 52 – )
“Огоҳ бошед ва бидонед! Ҳамоно дар ҷасад гӯшпорае мебошад, ки ҳар замоне хӯб бошад, ҷасад низ хӯб аст. Аммо ҳар замоне фосид бошад тамоми ҷасад низ фосид мебошад. Огоҳ бошед, ки он гуштпора дил аст!”
Аммо дар мавриди поккунандаи гуноҳ будани таҳорату намоз ду мисол меорем, ки чунин мебошанд:
1-Дар мавзӯи поккунандаи гуноҳ будани таҳорат дар ривояти “Саҳеҳи Муслим” Пайғамбар (с) чунин гуфтааст:
“عن ابي هريرة:«إِذَا تَوَضَّأَ الْعَبْدُ الْمُسْلِمُ – أَوِ الْمُؤْمِنُ – فَغَسَلَ وَجْهَهُ خَرَجَ مِنْ وَجْهِهِ كُلُّ خَطِيئَةٍ نَظَرَإِلَيْهَا بِعَيْنَيْهِ مَعَ الْمَاءِ- أَوْ مَعَ آخِرِ قَطْرِ الْمَاءِ -،فَإِذَا غَسَلَ يَدَيْهِ خَرَجَ مِنْ يَدَيْهِ كُلُّ خَطِيئَةٍ كَانَ بَطَشَتْهَا يَدَاهُ مَعَ الْمَاءِ أَوْ مَعَ آخِرِ قَطْرِ الْمَاءِ -،فَإِذَا غَسَلَ رِجْلَيْهِ خَرَجَتْ كُلُّ خَطِيئَةٍ مَشَتْهَا رِجْلَاهُ مَعَ الْمَاءِ – أَوْ مَعَ آخِرِ قَطْرِ الْمَاءِ – حَتَّى يَخْرُجَ نَقِيًّا مِنَ الذُّنُوبِ» (كذا في صحيح مسلم-1/ 215/ 32 – 244)
“Ҳар замоне бандаи мусулмоне таҳорат бикунад ва ҳангоми таҳорат рӯяшро бишуяд, ҳамроҳи ҳар қатраи оби аз рӯяш рехта, гуноҳони ба сӯи номаҳраме бо чашмонаш нигаристааст мерезанд. Ҳангоме дастонашро бишӯяд ҳамроҳи ҳар қатраи оби рехта гуноҳони бо дастонаш анҷом дода мерезанд. Ҳангоме пойҳояшро бишӯяд ҳамроҳи ҳар қатраи оби рехта гуноҳони бо пойҳояш ба сӯи он қадамзада мерезанд. Ба ҳамин тартиб бо таҳорати кардааш поку покиза аз гуноҳ хориҷ мешавад”.
2-Аммо дар мавриди поккунандаи гуноҳ будани намоз дар ривояти “Саҳеҳи Бухорӣ” саҳобии бузургвор Абдуллоҳ ибни Масъуд чунин ривоят кардааст:
“عَنِ ابْنِ مَسْعُودٍ، أَنَّ رَجُلًا أَصَابَ مِنَ امْرَأَةٍ قُبْلَةً، فَأَتَى النَّبِيَّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ، فَأَخْبَرَهُ فَأَنْزَلَ اللَّهُ عَزَّ وَجَلَّ:{أَقِمِ الصَّلاَةَ طَرَفَيِ النَّهَارِ وَزُلَفًا مِنَ اللَّيْلِ، إِنَّ الحَسَنَاتِ يُذْهِبْنَ السَّيِّئَاتِ}(هود: 114) فَقَالَ الرَّجُلُ: يَا رَسُولَ اللَّهِ أَلِي هَذَا؟ قَالَ: «لِجَمِيعِ أُمَّتِي كُلِّهِمْ» (كذا في صحيح البخاري -1/ 111/ 526 )
“Марде зани бегонаеро бӯса кард ва назди Пайғамбар (с) омаду моҷароро ба вай хабар кард. Дар асари ин ояти 114 сураи “Ҳуд” “Дар ду тарафи рӯз ва дар аввалҳои шаб намоз бигузор! Ҳамоно некиҳо бадиҳоро аз байн мебаранд”, нозил гардид. Он мард гуфт: Эй Пайғамбари Аллоҳ! Чунин аз байн рафтани гуноҳ хос барои ман аст ё барои ҳама? Пайғамбар (с) гуфт: Барои ҳамаи умматам”.
Таҳорат кардан ва намоз хондани ба танҳоӣ гуноҳони сағираро маҳв мекунанд, валекин барои маҳв шудани гуноҳони кабира, мисли зино ва шаробнушӣ ғайр аз таҳорату намоз тавбаву истиғфор ва тарки ин гуноҳон шарт мебошад.


