Худ Саноӣ чи бас накӯ гуфтааст (шархи Чахор китоб)

0

Худ Саноӣ чи бас накӯ гуфтааст,
Дурри маъно нигар, ки ӯ суфтааст.

Ғами дин хур, ки ғам ғами дин аст,
Ҳама ғамҳо фурӯтар аз ин аст.

Ғами дунё махур, ки беҳудааст,
Ҳеҷ кас дар ҷаҳон наёсудааст.


БАЁНИ МАЪНО

Саноӣ суҳани зебое гуфтааст ва он ин ҳаст, ки бандаи мусулмон дар андешаи ҳифзи дини имони худ бошад ва андешаи дигар умур зиндагӣ бо вуҷуди муҳим ва зарур буданашон аз андешаи ҳифзи дину имон поинтар аст.

Ҷаҳон барои мусулмон мисли зиндон тангу душвор аст ва ғами молу мулки аз даст рафта ё ба даст наомада гузаранда мебошад ва дар биҳишт бадалу ивази ҳазорон маротиб бештар аз худро доранд. Аммо ончи гузаранда нест ва бадалу иваз надорад ин дину имон аст, агар аз даст дода шаванд.


БАЁНИ ДАЛЕЛҲО

Агар пурсанд, ки чигуна ғами дунё беҳуда аст, ки мо шабу рӯз ба он гирифторем ва ҳатто як нафареро ҳам дида намешавад, ки аз он фориғбол бошад?

Ҷавоб мегӯем, ки дар ояти 77 сураи “Қасас” Аллоҳ субҳонаҳу ва таоло дастур додааст, ки ончиро аз илму қудрат, молу сарват, мансабу обурӯ ва дигар умури манфиатовари дунявӣ барои мо додааст, онро барои манфиати охирати худ сарф намоем ва дар баробари ин насиби худро аз манфиатҳои дунявӣ, мисли хонаи зебо, мошини хӯб, либосу таъоми муносиб фаромуш накунем. Чуноне мефармояд:

{وَابْتَغِ فِيمَا آتَاكَ اللَّهُ الدَّارَ الْآخِرَةَ وَلَا تَنْسَ نَصِيبَكَ مِنَ الدُّنْيَا وَأَحْسِنْ كَمَا أَحْسَنَ اللَّهُ إِلَيْكَ وَلَا تَبْغِ الْفَسَادَ فِي الْأَرْضِ إِنَّ اللَّهَ لَا يُحِبُّ الْمُفْسِدِينَ } (القصص: 77)

“Дар ончи Аллоҳ барои ту додааст, сарои охиратро талаб кун ва баҳраи худро аз дунё фаромуш макун. Чуноне Аллоҳ барои ту некӣ кардааст, ту низ барои дигарон некӣ бикун ва дар рӯи замин дар пайи фасодкорӣ мабош! Ҳамоно Аллоҳ фасодкоронро дӯст намедорад”.

Аз оят дониста мешавад, ки он сарвату қудрати дунявие, ки дар нафси худ ва барои охирати худ сарф карда мешавад матлуб буда ба манфиати мусулмон аст, вале он сарвату қудрате, ки дар роҳи фасодкорӣ, мисли рибо, зино, шаробнушӣ, пора додан ва ғайра сарф карда мешавад, бар зарари мусулмон буда ҳаром аст. Пас мурод аз беҳуда ва бар зарар будани ғами дунё, танҳо ғами он сарвату қудрати дунявӣ ҳаст, ки дар  роҳи фасод ва ҳаром сарф карда мешаванд.

Мулку сарварие, ки барои манфиати дунё ва охират бошад, чунин мулкро ҳазрати Сулаймон аз Аллоҳ таоло дар ояти 35 сураи “Сод” талаб кардааст:

{قَالَ رَبِّ اغْفِرْ لِي وَهَبْ لِي مُلْكًا لَا يَنْبَغِي لِأَحَدٍ مِنْ بَعْدِي إِنَّكَ أَنْتَ الْوَهَّابُ} )ص: 35(

“Гуфт (Сулаймон):Парвардигоро! Маро биёмурз ва ба ман мулкеро ато намо, ки баъд аз ман касеро насазад, ҳамоно Ту бахшандаӣ”.

Аллоҳ субҳонаҳу ва таоло дар китобаш моро таълим медиҳад, ки аз Зоти покаш ҳасанаи дар дунё ва охиратро талаб бикунем ва чуноне медонем молу мулки ҳалол аз ҷумлаи некиҳои карда ва ҳасанаҳои додаи Аллоҳ таоло ба бандагонаш аст. Чуноне мефармояд:

{وَمِنْهُمْ مَنْ يَقُولُ رَبَّنَا آتِنَا فِي الدُّنْيَا حَسَنَةً وَفِي الْآخِرَةِ حَسَنَةً وَقِنَا عَذَابَ النَّارِ} )البقرة: 201. وَقَالَ السّديّ فِي الدُّنْيَا المَال وَفِي الْآخِرَة الْجنَّة).

“Ва баъзеи онон мегӯянд: Парвардигори мо! Бароямон дар дунё ҳасана ва дар охират ҳасана ато кун ва моро аз азоби дӯзах нигаҳ дор”.

Амну офият, сарвату авлод, илму қудрат ва тамоми дигар неъматҳои волои Аллоҳ таоло ба бандагонаш аз ҷумлаи ҳасаноташ ба мо мебошад.

Аз ҳамин ҷиҳат дар ривояти “Саҳеҳи Бухорӣ” чунин омадааст:

  ” عَنْ أَنَسٍ، قَالَ: كَانَ أَكْثَرُ دُعَاءِ النَّبِيِّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ: «اللَّهُمَّ رَبَّنَا آتِنَا فِي الدُّنْيَا حَسَنَةً، وَفِي الآخِرَةِ حَسَنَةً، وَقِنَا عَذَابَ النَّارِ» (صحيح البخاري -8/ 83/ 6389)

“Бештарин дуои Пайғамбар (с) ин буд:Аллоҳумма, Раббано! Отино фиддунё ҳасанатан ва фил охирати ҳасанатан ва қино азобаннор”.

 “Ё Аллоҳ, Парвардигори мо! Бароямон дар дунё ҳасана ва дар охират ҳасана ато кун ва моро аз азоби дӯзах нигаҳ дор”.

Пас мулку сарварӣ ва сарвату моли ҳалолро барои истифодаи ба манфиати дунё ва охирати худ дар дунё пайғамбарон низ талаб кардаанд ва талаби он ва дар ғами он будан ҳаргиз беҳуда нест.


Рӯйхати мавзӯҳои Шарҳи Чоркитоб <<

Мақолаи қаблӣЭй мусалли биё тахорат кун (шархи Чор китоб)
Мақолаи баъдӣОн таҳорат, ки қисму ҷисм омад