Баёни мафҳуми зан бо истифодаи алифбо – шухиҳои тоҷикона

0

Мақола ҳаҷвист. Баёни мафҳуми зан бо истифодаи алифбо, шухиҳои тоҷикона, ҳаҷву ханда, ин ҳама аз сомонаи www.DONISH.su – Суи ДОНИШ.

Ашк – яроқи зан дар ҳама маврид; бо он ҳатто мардро куштан ҳам мумкин аст!

Бинӣ—он барои ҷанҷол нашудани ду чашми аз якдигар зеботар меистад.

Вазн – чизе ки зан хаёл мекунад, ки барои мардҳо он шавқовар аст. Вале шумо медонед, ку муҳимтар вазни ҳамён аст.

Гапзанӣ – мошин ва бензин, чароғу руған, обу моҳӣ ва ҳоказову ҳоказо.

Дил – узви хурдакакест, ки як масҷиди калон барин масоҳат дорад.

Ёд – ёд  дар занҳо ҳам ҳасту ҳам нест, гоҳ ҳасту гоҳ набуд ва нест, ва гоҳ аз куҷое пайдо мешавад.

Занҷира – узви бадани зан, ки табибон намедонанд.

Ишқ – вай коғазҳову металҳои рангаро дуст медорад.

Кутоқӣ – он ба кокул ва муйҳо ягон робита надорад, мақбултарини кутоҳҳо барои мард, домани кутоҳ (мини-юбка) аст.

Қушапир – ин ҳолат миёни зану мард метавонад аз дуои касе бошад ва метавонад, ки онро фолбину ҷодугаре маҷбурӣ ташкил кунад.

Лабҳо – дар баъзе занҳо онҳо, яъне лабҳо орзу мекунанд, ки чанд дақиқа бо ҳам биоянд.

Муйи сар – нақши асосӣ надорад, вале нақши андак ҳам надорад.

Ноз – эҳсосе, ки фақат ба зан хос буда, фақат аз руи он миёни марду зан фарқ гузоштан мумкин аст.

Овоз – садое, ки баъди сигоркашиатон дар хона ва баъди носкашӣ боло кардани лаби палос фазои хонаро пур мекунад.

Пойҳо – он узве, ки  онро мардҳо ҳам доранд, вале барои он мардҳоро васф намекунанд ва шароби бепул намедиҳанд.

Рашк – бе он ҳаёт ширин нест ва маҳз он аст, ки ҳаётро талх мекунад.

Сардард – бемориест, ки вақти комилан сиҳату хурсанд будани мард дар зан пайдо мешавад ва руҳи болидаи мардро барбод медиҳад.

Танхоӣ – ҳолати стресс ва даҳшатбор барои зан. Духтурон тавсия медиҳанд, ки ҳамон вақт зан бояд ба дасташ ойина бигирад. Ду кас аз як кас албатта беҳтар аст.

Умр – вай ба гумонаст, ки зиёд шавад, вале ҳар қадар, ки хостед шумо онро кутоҳ карда метавонед. Бачаҳое, ки акнун оиладор шудани ҳастед шумо инро ба худатон вобаста накунед.

Фарбеҳӣ – ҳолате, ки зан ба будани он бовар намекунад, дар он бора аз мард мепурсад.

Харобӣ – ҳолате, ки зан онро камоли зебоӣ ҳисоб карда, мардро фиреб медиҳад, ки ҳоло ман сину очам рафтам, баъди кудакдор шудан фарбеҳ мешавам.

Ҳиссиёт – маҳз бо ёрии он зан дарк мекунад, ки мардҳо ҳамагӣ як хеланду «одам намешаванд».

Чеҳра – узви зан, ки аслан барои расмкашӣ нест.

Ҷанҷол – чизи ҷудонашаванда барои занҳое, ки ҳамсаронашон дӯстдошта ва ё ҳамсари дигар доранд.

Шашу беш – бозии дӯстдоштаи мардҳои рӯи ҳавлӣ, ки аксари занҳо онро намехоҳанд ва чанд бор ҳам вобаста ба он ба нозири минтақавӣ шикоят кардаанд.

Э – бо ин ягон калимаи хуб наёфтам! Э бояд бошад!

Юсуф – баъди дидани он филм 89% занҳо шавҳарҳои худро бад диданд.

Яхдон – нуқтаи беҳтарини хонаи зан, ки мард барои роҳ ёфтан ба он ҷо ҳатто омодааст, ки занро дӯст дорад.


Аз блоги Субҳон Ҷалилов (subhonjalilov.wordpress.com)

ҲАМИН ГУНА ШУХИҲО ДАР ДИГАР МАҚОЛАҲОИ МО >>>

Мақолаи қаблӣЧанд ҷумлаи зан, ки мард мехоҳад якбора ҳам хандаду ҳам гиря кунад…ва хомӯш меистад
Мақолаи баъдӣАломати тиббӣ (мори печида) аз куҷо пайдо шуд?