Сураи Фаҷр Ояти 30 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Фачр Ояти 30 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Фаҷр Ояти 30

وَادۡخُلِىۡ جَنَّتِى ٣٠

Вадхулӣ Ҷаннатӣ. 30.

30. Ва дар Ҷаннати Ман даро!».

Дар он ҳолат ба сӯйи нафси оромгиранда аз Раббулҷалил фармон даррасад, ки дохил шав ба зумраи бандагони азизи Ман ва боз нидо шавад, ки дохил шав дар биҳишти Ман, ки омодаи пазироии туст. Ин бахтест басо бузург!

Худовандо, нафси моро ба зикри худат итминонгиранда, ба ҳукмат розишаванда ва ба атоят қаноаткунанда гардон. Омин! Ё Раббал Оламин!

Поёни сураи “Фаҷр”. Ва лиллоҳил ҳамд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Фаҷр «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Фаҷр Ояти 29 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Балад – Тафсири Осонбаён (Қуръон)