Далелхои ачоиб дар бораи саг аз сайти DONISH.SU – Суи Дониш >>>
Сагро бори аввал 40 ҳазор сол пеш шикорчиёни соҳили дарёи Янсизии Чин ром кардаанд.
Дар Англия қонун буридани гӯшу думи сагро манъ кардааст.
Сагҳои чанаккаш чунон боқувватанд, ки то ду шабонарӯз дам нагирифта, ҳаракат мекунанд.
Агар чашмони саг баста ва ё нобино шуда бошад ҳам, соҳибашро бехато аз байни ҳазорон нафар мешиносаду меёбад.
Дар ҷабҳаҳои Ҷанги дувуми ҷаҳон 70 ҳазор саг иштирок кардааст.
Инсон метавонад, ки дар як вақт ду намуди бӯйро эҳсос кунад, аммо сагҳо бошанд, дар як вақт 20 намуди бӯйро фарқ мекунанд.



