Шояд дар зиндагиатон мушкили зиёд дошта бошед. Ҳаёт хеле бад мегузарад ва ҳатто баъзан фикр мекунед, ки ҳеҷ кас дар дунё мисли Шумо дар дарёи мушкилӣ ғарқ нашуда бошад. Бовар кунед, ин гуна нест. Ҳар нафари рӯйи олам дар зиндагӣ сарбориҳои зиёд дорад ва ҳар яки онҳо низ мисли Шумо фикр мекунанд. Аммо барои ҳалли ҳар мушкил роҳе вуҷуд дорад. Пас қарори қатъӣ қабул намоеду дар муддатзамони 1 ҲАФТА ҳаётатонро ба беҳтарин сурат тағйир диҳед. Танҳо 1 ҳафта кифоя аст, ки ба зиндагии ҷадид одат намоед. Дар ин роҳ ба Шумо тавсияҳои зерин кумак хоҳанд кард:
1. Тарзи фикррониатонро куллан дигар намоед. Ҳар як коре ки Шумо анҷом медиҳед, сараввал аз мафкураатон вобаста аст. Ба худатон ваъда диҳед, ки давоми як ҳафта ҳеҷ фикри манфиеро дар шууратон ҷой намедиҳед. Ин мисолро ҳеҷ гоҳ аз хотир набароред: Ду нафар гулеро диданд. Яке гуфт: “Чӣ дунёи баде, ҳатто гул ҳам хор дорад!” Дигар ҷавоб дод: “На, чӣ дунёи зебое, ҳатто хор ҳам гул дорад!”
2. Шукргузорӣ намуда, имкониятҳоро пурра истифода кунед. Зиндагии ҳар инсон ҷонибҳои хуби зиёдро ба таркиб дорад. Ҳамаи он тарафҳои неки зиндагиатонро ҷӯед, ёбед ва давоми ҳафта ҳар субҳ ба хотир биёред ва шукргузорӣ намоед, ки чунин имкониятҳоро доред. Аз надоштаҳоятон нанолед, ин ба Шумо чизе намедиҳад. Беҳтараш аз доштаҳоятон биболеду имкониятҳоятонро пурра истифода намоед. Бовар кунед, ин ба шумо қувваи тоза мебахшад.
3. Ба корҳое даст занед, ки ба боваратон аз уҳдааш намебароед. Ба фикратон чӣ корро карда наметавонед? Масалан интернетро сарфаҳм намеравед, дар байни издиҳом сухан гуфта наметавонед, велосипед ронда наметавонед. Ҳар кореро, ки ба фикратон аз уҳдааш намебароед, анҷом диҳед. Ба худатон имконият диҳед, то давоми ҳафта ҷанбаҳои гуногуни зиндагиро мавриди санҷиш қарор диҳед. Ҳар рӯз ба ин кор даст занед.
4. Давоми ҳафта руҳияатонро дар ҳолати беҳтарин нигоҳ доред. Кӯшиш намоед, ки тули ҳафта филмҳо ва саҳначаҳои ҳаҷвӣ тамошо кунед, матлабҳое мутолиа намоед, ки табъатонро хуш нигоҳ доранд.
5. Ҳар субҳ ба варзиш машғул шавед. Шарт нест, варзиши сангин иҷро кунед. Аз содатарин машқҳо оғоз намоед. Ҳадаққал 5-10 дақиқа машқҳои осони субҳгоҳӣ анҷом диҳед. Ин гардиши хунро дар бадан хуб намуда, кайфиятатонро баланд мебардорад ва давоми рӯз қувваи Шуморо дучанд мегардонад. Агар ин корро давоми ҳафта бе танаффус анҷом диҳед, бадани Шумо ба он одат хоҳад кард. Метавонед аз ин машқҳо истифода баред:
6. Ба дигарон хубӣ намуда, бар ивазаш чизе интизор нашавед. Ба дигарон некӣ кардан ба инсон ҳиссиёти хеле хуб мебахшад. Инро ҳатман таҷриба кунед. Давоми ҳафта ин корро ҳар рӯз ба хотир биёред ва анҷом диҳед. Он назари Шуморо ба зиндагӣ дигар хоҳад кард.
7. Рафта барнамегардад ва оянда шояд вуҷуд надошта бошад. Он чи ки ҳаст, худи ҳозир аст. Гузашта мисли хобе буд, онро фаромуш кунед. Сахт аст, вале воқеият дорад, ки бо гузаштаро пеши рӯ овардан он аз нав намеояд. Оянда низ як чизи норӯшан асту вуҷуд доштанаш ҳам зери суол. Пас, барои гузаштае, ки алакай рафтаасту ҳеҷ гоҳ намеояд ва барои ояндае ки ҳануз наомадааст, имрӯзатонро, ҳамин лаҳзаи доштаатонро барбод надиҳед.
8. Фаромӯш накунед, ки тағйирот дар зиндагии Шумо зуд аён намешавад. Шумо агар ҳар рӯз ба гул чашм андозед, чӣ гуна шукуфтани онро пай намебаред, вале агар гулеро баъд аз 1 ҳафта бубинед, зуд тағйиротро дар он хоҳед дид. Шумо низ натиҷаи зудро интизор нашавед. Тули як ҳафта ҳамаи ин корҳоро анҷом диҳед, дар зиндагиатон тағйири аҷиб рух хоҳад дод.
10 дарси аҷиби зиндагӣ аз Алберт Эйнштейн
Шумо низ тавсияҳо барои беҳтар намудани зиндагӣ медонед? Пас, бинависед, то дигарон омӯзанд.