Фарк дар байни манхачи уламои салафи солех ва уламои калом – Шарҳи Чоркитоб.
Тарзу Баёни ду манҳаҷи мазкур дар аксари масъалаҳо чандон фарқе намекунанд, вале бо вуҷуди ин ихтилофҳое дар байнашон ҳаст, ки мо асоси онро дар ду мисол баён мекунем:
1-Мисоли аввал. Аллоҳ субҳонаҳу ва таоло дар ояти ёздаҳуми сураи “Шуро” чунин фармудааст:
{لَيْسَ كَمِثْلِهِ شَيْءٌ} (الشورى: 11)
“Ҳеҷ чизе мисли Ӯ (Аллоҳ таъоло) нест”.
Уламои манҳаҷи салафи солеҳ дар тафсири ин оят мегӯянд, ки Аллоҳ таоло ба ҳеҷ махлуқе аз махлуқоташ монанд нест ва ҳеҷ махлуқе ба Аллоҳ таоло монанд намебошад ва ба ҳамин иктифо мекунанд ва бештар аз ин амиқ рафтан дар ин мавзӯъро ҷоиз намедонанд. . Ба таври мисол Имом Абуҳанифа дар “Фиқҳи акбар” ин масъаларо чунин баён кардааст:
“لَا يشبه شَيْئا من الْأَشْيَاء من خلقه وَلَا يُشبههُ شَيْء من خلقه”. (كذا في الفقه الأكبر – ص: 14)
“Аллоҳ ба ҳеҷ чизе аз махлуқоташ монанд нест ва ҳеҷ чизе аз махлуқоташ ба Аллоҳ таоло монанд намебошад”.
Аммо уламои калом дар ин масъала амиқ мераванд ва мегӯянд, ки мавҷудот ҷисм, ҷавҳар ва араз мешаванд ва Аллоҳ таоло ҷисм нест, ҷавҳар нест араз нест. Ҷисмҳо ҳаракат мекунанд ва интиқоли аз як макон ба макони дигар мекунанд, вале Аллоҳ ҳаракат намекунад, интиқоли макон намекунад ва ғайра.
2-Мисоли дуввум. Дар ояти 75 сураи “Сод” Аллоҳ таоло чунин гуфтааст:
{ قَالَ يَا إِبْلِيسُ مَا مَنَعَكَ أَنْ تَسْجُدَ لِمَا خَلَقْتُ بِيَدَيَّ أَسْتَكْبَرْتَ أَمْ كُنْتَ مِنَ الْعَالِينَ} )ص: 75(
“(Аллоҳ таоло ) Гуфт: Эй Иблис! Чӣ чиз туро боздошт аз ин, ки барои ончи бо ду дасти худ офаридаам саҷда кунӣ? Такаббурӣ кардӣ ё аз мутакаббирон ҳастӣ!?”
Дар ин оят калимаи “Халақту биядайя” омадааст ва маънои луғавияш “бо ду дастам офаридам” мешавад ва уламои калом маънояшро таъвил, яъне ба ғайри маънои зоҳирияш тафсир ва эътиқод мекунанд ва мегӯянд, ки мурод аз бо ду дастам офаридам” яъне бо қудратам ва ё бидуни воситаи падару модар офаридаам аст.
Аммо уламои манҳаҷи салафи солеҳ мегӯянд, ки таъвил кардани сифат ботил кардани он аст ва дасти билокайфро барои Аллоҳ таоло исбот карда ояти “бо ду дастам офаридам”-ро бо ду дасти билокайфам офаридам мегӯянд.
Дар ин мавзӯъ дар “Фиқҳи акбар” Имом Абуҳанифа чунин гуфтааст:
“فَمَا ذكره الله تَعَالَى فِي الْقُرْآن من ذكر الْوَجْه وَالْيَد وَالنَّفس فَهُوَ لَهُ صِفَات بِلَا كَيفَ وَلَا يُقَال إِن يَده قدرته اَوْ نعْمَته لِأَن فِيهِ إبِطَال الصّفة وَهُوَ قَول أهل الْقدر والاعتزال”. (كذا في الفقه الأكبر -ص: 14)
“Ончиро Аллоҳ таъоло дар Қуръон аз рӯй ва даст ва зот зикр кардааст, сифатҳои билокайф, яъне аслашон маълум ва кайфияташон номаълум мебошанд. Дуруст нест, ки гуфта шавад мурод аз дасти билокайфи Аллоҳ қудрат ё неъмати Аллоҳ аст. Зеро таъвил кардани сифат ботил кардани сифат аст ва ботил кардани сифатҳои Аллоҳ таоло мазҳаби қадариҳо ва муътазилиҳост”.
Ботил кардан ба ин маъност, ки соҳиби дасти билокайф будан як сифати Аллоҳ таолост ва соҳиби қудрат буданаш сифати дигараш. Пас агар дасти билокайф ба маънои қудрат бошад аз ду сифат яктояш, яъне қудрат собит мемонад ва дигараш, яъне соҳиби дасти билокайф буданаш ботил мешавад.
Имом Абулайси Самарқандӣ дар тафсири ояти зикршуда чунин гуфтааст:
“قالَ يَا إِبْلِيسُ ما منعك يعني: يا خبيث مَا مَنَعَكَ أَنْ تَسْجُدَ لِما خَلَقْتُ بِيَدَيَّ يعني: الذي خلقته بيدي قال بعضهم نؤمن بهذه الآية ونقرؤها، ولا نعرف تفسيرها. يعني:قوله: بِيَدَيَّ يعني:الذي خلقت بيدي.وقال بعضهم:تفسيرها كما قال الله تعالى:خَلَقْتُ بِيَدَيَّ.ولا نفسر اليد. ونقول:يد لا كالأيدي. وهذا قول أهل السنة والجماعة.وقال بعضهم:نفسرها بما يليق من صفات الله تعالى.يعني:خلقه بقدرته،وقوته،وإرادته”.(كذا في تفسير السمرقندي –” بحر العلوم” -3/ 174)
“(Аллоҳ таоло ) гуфт: Эй Иблис! Чӣ чиз туро боздошт аз ин, ки барои ончи бо ду дасти худ офаридаам саҷда кунӣ? Такаббурӣ кардӣ ё аз мутакаббирон ҳастӣ!?”
- Баъзеҳо гуфтаанд, ки ба ин оят имон меорем ва онро тиловат мекунем, вале тафсирашро намедонем.
- Баъзе дигар уламо гуфтаанд, ки тафсираш ҳамчуноне мебошад, ки Аллоҳ таъоло хабар додааст, вале калимаи “ядайро” тафсир намекунем ва мегӯем, ки халқ кардааст бо дастоне, ки мисли дастони дигарон намебошанд, яъне дастоне, ки мислу монанд надоранд. Ин назари дуввум назари Аҳли Суннат мебошад.
3-Баъзе дигар уламо гуфтаанд, ки оятро ба он сифате, ки барои Аллоҳ таъоло лоиқ мебошад таъвил мекунем. Яъне мурод аз бо ду дасташ бо қудраташ, бо қувваташ ва бо иродааш офаридааст”.
Ин назари саввуме, ки Имом Абӯлайс зикр карданд назари уламои каломи Аҳли Суннат, яъне назари ашъариҳо ва Мотуридиҳо аст.


