Apple – сердаромадтарин ширкати ҷаҳон

0

Apple – ягона ширкати телефонбарориест, ки дар бозори ҷаҳонӣ рақиби асосии ширкати “Samsung” ба ҳисоб меравад. Рақобат хуб аст.  Он боис мегардад, ки  яке аз дигаре беҳтарин маҳсулотро пешниҳоди бозори ҷаҳонӣ  кунаду дар рушди соҳаи технология саҳмгузор бошад.  Ширкати “Apple”-ро касе нест, ки нашиносад. Ҳама дар бораи телефонҳову копютерҳои замонавиву хуби истеҳсолнамудаи ин ширкат медонаду аз телефонҳояш бисёриҳо истифода мебаранд. Дар ин ҷо мо хостем Шуморо бо чанд факти аҷиб аз ин ширкат ошно созем.


Ширкати Apple- ро Стив Ҷопс, Стив Возняк ва Роналд Уейн 1-апрели соли 1976 ташкил кардаанд.


Барои ташкил намудани ин ширкат маблағи калоне лозим буд.  Аммо ташкилкунандагон  чунин маблағро надоштанд. Мувофиқи баъзе сарчашмаҳо Ҷопс микроавтобус ва Возняк бошад, ҳисобкунак (калькулятор)- и худро мефурӯшанду барои сохтани аввалин компютери  ин ширкат шуруъ мекунанд.  Дар он замон хариди микроавтобус маблағи зиёде меистод. Ҳисобкунаки Возняк бошад,  500 долларро,  ки  ба 2000 доллари ҳозира баробар аст,  ташкил медод.


Аввалин компютери ин ширкат бо номи Apple – 1 бо маблағи 666,66доллар фурӯхта шудааст.


Аввалин нишона (логотип)-и ширкати Apple дорои хусусиятҳои хос буд. Дар он физики машҳур – Исаак Нютон  тасвир ёфта буд, дар таги тарахти себ менишаст.  Компютери ин ширкат  ҳам  бо номи Apple Newton бо ин нишона сохта ба истифода дода шуда буд.

Чаро себи логотипи Apple “газида” шудааст?


Дар тамоми ҷаҳон кормандони ширкати Apple  115 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд.


Ҳамарӯзаву ҳамасола ширкат кӯшиши ҳарчи бештар ба фурӯш монданди телефонҳояшро мекард. Аз ҳама шумораи баландтарин дар соли 2012 ба қайд гирифта шудааст, ки дар ин сол ширкат дар як рӯз то 340 ҳазор адад телефони худро фурӯхтааст.


Ширкат дар баробари  истеҳсоли тенлефону планшету компютерҳо,  инчунин яке аз ширкатҳои сердаромади сайёра ба ҳисоб меравад. Дар соли 2013 даромади солонааш 171 млрд долларро ташкил медод, ки ин дар як сония боиси ба даст овардани 5400ҳазор доллар мегардид. Айни ҳол бошад ширкат дар як дақиқа наздики 300ҳазор доллар  даромад ба даст меорад.    Аз ин ҷост, ки мувофиқи аксарияти манбаъҳо буҷаи ширкат аз тамоми хазинаҳои ИМА зиёд мебошад.


Дар 17 мамлакатҳои гуногуни олам, ширкат 475 нуқтаҳои фурӯши телефонҳои мобилии худро дорад.


Дар тамоми видеороликҳои рекламавии ширкат вақти соат 9:41 дақиқа нишон дода шудааст. Ин чунин маъно дорад, ки аввалин телефони айфонро   Стив Ҷопс  29- июни соли 2007 соати 09:41 пешниҳоди бозори ҷаҳони намуда буд.


Дар соли 2014 вақте ки сердаромадтарин ширкатҳои ҷаҳонро дида баромаданд,  дар ҷойи аввал ширкати Apple меистод, ки дар он вақт даромади ӯ 479 млрд долларро ташкил медод. Мавқеи дуюмро ширкати Exxon Mobil, ки дороиаш 422 млрд доллар аст, ишғол мекард ва дар   мавқеи сеюм бошад,  ширкати Microsoft бо доштани 340 млрд доллар меистод.


Дар замони ҳозира ин ширкат ният дорад, ки вобаста ба завқи мардум телефонҳои замонавии худро истеҳсол намояд ва мавқеи худро аз имрӯза дида дар байни дигар рақибони худ мустаҳкамтар созад.

Стив Ҷобс ва сирри муваффақиятҳои ӯ


Маълумот дар бораи ширкати Apple, айфон.

Мақолаи қаблӣ5 қадбаландтарин баскетболбозон дар таърих
Мақолаи баъдӣФутболи 7х7

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед