Сураи Фотиҳа – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Фотиха – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Фотиҳа

Сураи 1-уми Қуръон буда, дар Маккаи мукаррама нозил шуда, аз 7 оят иборат аст.

Ин сура бо чанд ном зикр мешавад. Яке аз онҳо «Фотиҳа» аст. Маънои «Фотиҳа» – кушоиш аст. «Фотиҳа» барои он гӯянд, ки Қуръони маҷид бо он оғоз гардидааст. Номи дигари ин сура «Сабъатулмасонӣ» аст. Ба ин хотир, ки он аз ҳафт оят иборат буда, ҳеҷ намозе нест, ки ҳадди ақал он ду бор хонда нашавад. Бо ривояте он ҳафт оят буда, ду бор ба Расули Худо (с) нозил шудааст. Ҳамчунин онро «Уммул китоб» (модари китоб) ҳам мегӯянд, зеро ки Расулуллоҳ (с) гуфтаанд: “Ал-ҳамду лиллоҳи Рабби-л-ъоламон” – афзали оятҳои Қуръон аст.

Чуноне ки дар ҳадис аз Имом Аҳмад ибни Ҳанбал омадааст, Убай ибни Каъб дар ҳузури Пайғамбарамон сураи «Фотиҳа»-ро хонданд. Он ҳазрат (с) гуфтанд: “Қасам ба Зоте, ки ҷони ман дар яду қудрати ӯст, Аллоҳтаъоло на дар «Таврот», на дар «Инҷил», на дар «Забур» ва на дар «Фурқон» (Қуръон) мисли ин сураеро фуруд наовардааст”. Ин сухани Расулуллоҳ (с) бар афзалияти сураи «Фотиҳа» далолат мекунад.

Инчунин дар ҳадиси ривояткардаи Имом Тирмизӣ аз Убай ибни Каъб Пайғамбарамон (с) гуфтанд: “Тамоми Қуръонро дар ин як сура, яъне дар сураи «Фотиҳа» маънидод метавон кард”. Шояд аз ҳамин ҷиҳат ӯро “Уммул китоб” гӯянд.

Ривоят аст, ки саҳобагони Расул (с) назди қавме рафтанд. Он қавм иззати саҳобагонро дар муомилот ба ҷо наоварданд ва нисбати онҳо беэътиноӣ зоҳир намуданд. Дар ҳамин ҳолат сардори он қавмро газандае неш зад, сарвари қавм захми заҳролуд бардошт. Барои наҷоти ӯ ба саҳобагони Расул (с) муроҷиат намуданд. Саҳобагон шарт ба миён гузоштанд, ки дар ивази “Руқия”-(табобат ба воситаи тиловати оятҳои Қуръон) иддае чаҳорпо подош бояд бигиранд. Мурод аз шарти асҳоб ин буд, ки шояд он қавм аз раъйи худ бозгарданд, чунки аз Расулуллоҳ (с) шунида буданд: “Қуръонро хонеду аз музди он махӯред!”.

Аммо чун захмхӯрда баргузидаи қавм ва ҳам сарватманд буд, онҳо шарти гузоштаи саҳобагонро қабул карданд. Пас асҳоби гиромӣ бо сураи «Фотиҳа» саркардаи он қавмро “Руқия” намуданд ва Худованд ба сабаби ин сураи муборак ба ӯ шифо бахшид. Чун ин хабар ба Расули Худо (с) расид, ӯ руқияро рад накард ва иҷозати аз он ҳақ гирифтанро дод. Валлоҳу аълам.

Хулоса, дар фазилати сураи мазкур ҳадисҳо ва ривоятҳои зиёде ворид шудааст. Аммо имконнопазир аст, ки ҳамаи он дар ин шарҳи мухтасар ҷой карда шавад.

Умед аз Худо дорем, ки дар оянда дар ин боб чун садақаи ҷория ба хонандагони азиз боз ҳам маълумоти бештаре ҷамъ карда бинависем.

Акнун бо изни Худованд шурӯъ мекунем ба тарҷума ва шарҳу тафсири сураи «Фотиҳа».


Рӯйхати оятҳои Сураи Фотиҳа «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣБисмиллаҳи-р-Раҳмани-р-Раҳим – Тафсири Осонбаён
Мақолаи баъдӣСураи Фотиҳа Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)