
بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
Бисмиллаҳи-р-Раҳмани-р-Раҳим.
1. Оғоз мекунам ба номи Худованде ки беандоза меҳрубону бениҳоят бораҳм аст.
Ба номи Худо сар кардани китоб аз сӯйи Аллоҳтаъоло барои мо таълим аст. Ба ин хотир ҳама корро бо “Бисмиллоҳ” бояд шурӯъ кунем, албатта, агар кори шариф бошад.
Аз Пайғамбари Худо (с) чунин омадааст, ки “ҳар кори муҳиму соҳибэътибор бе зикри “Бисмиллоҳ” оғоз шавад, бебақост.” Яъне кори бе “Бисмиллоҳ” камбаракат аст. Бинобар ин Қуръони карим дорои 114 сура буда, ба ғайри сураи Тавба дигар ҳама 113 сураи он бо “Бисмиллоҳ” оғоз шудааст.
Аммо аломате, ки ба ҷои ҳамзаи сокина дар баъзе калимаҳо ихтёр карда шудааст ин аст (ъ). Махраҷи ӯ аз ҳама ҳарфҳо поёнтар буда, баъди аломати сакта (ъ) бояд аз қафаси сина бо такон барояд.