Сураи Фотир Ояти 12 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Фотир Ояти 12 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Фотир Ояти 12

وَمَا يَسۡتَوِىۡ الۡبَحۡرٰنِ ‌ۖ هٰذَا عَذۡبٌ فُرَاتٌ سَآٮِٕغٌ شَرَابُهٗ وَ هٰذَا مِلۡحٌ اُجَاجٌ ؕ وَمِنۡ كُلٍّ تَاۡكُلُوۡنَ لَحۡمًا طَرِيًّا وَّتَسۡتَخۡرِجُوۡنَ حِلۡيَةً تَلۡبَسُوۡنَهَا ۚ وَتَرَى الۡـفُلۡكَ فِيۡهِ مَوَاخِرَ لِتَبۡـتَـغُوۡا مِنۡ فَضۡلِهٖ وَلَعَلَّـكُمۡ تَشۡكُرُوۡنَ ١٢

Ва ма ястави-л-баҳрони ҳаза ъазбун фуратун саиғун шаробуҳу ва ҳаза милҳун уҷаҷ. Ва мин куллин таъкулуна лаҳман тариййа-в ва тастахриҷуна ҳилятан талбасунаҳа. Ва тара-л фулка фӣҳи мавахира ли табтағу мин фаЗлиҳӣ ва лаъаллакум ташкурун. 12.

12. Ва ду дарё баробар нестанд: ин яке дар ниҳояти ширинӣ ва оби он хушгувору ташнашикан ва они дигар шӯри ба талхӣ моил ва аз ҳар яке гӯшти тозае мехӯред ва зеваре бармеоред, ки онро мепӯшед ва киштиҳоро дар дарё шикофандаи об мебинед, то аз фазли Ӯ рӯзӣ талаб кунед ва то бошад, ки шумо сипосгузор бошед.

Худованд дар ин оят ба нишонаҳои Қудрати бузурги худ, ки обҳоро шӯру ширин офаридааст, ишора карда гуфтааст, ки ҳеҷ вақт ду дарё (шӯру ширин) яксон нестанд. Ҳамеша оби наҳр ширину гуворо асту дар вақти нӯшидан ҳалқи инсонро намесӯзонад, аммо оби уқёнусҳо шӯрасту майл ба талхӣ доранд ва ногувор буда, ҳалқи нӯшандаро месӯзонанд. Ҳол он ки Худованд барои пайдо шудани онҳо аз осмон Қатраҳои борони ширинро резондааст. Албатта, ин яке аз ҳикматҳои Парвардигор аст, ки бояд оби уқёнусҳо шӯр бошанд, то ин ки бӯйнок нашаванд, болои онҳо шамолҳо вазаду онҳоро мисли оби равон ҷунбонаду мавҷу мола диҳанд. (Ҳамчунин шахси муъмин бо шахси кофир мисли ин ду дарё ва ҳамчунин шахси нек бо шахси бад, низ бо ҳам баробар нестанд). Аҷоиби сунъи Парвардигор дар он аст, ки дар баъзе минтақаҳои баҳрҳо оби ширин ва шӯр ҳарду паҳлӯи ҳамдигар истода гӯё байнашон парда бошад, бо ҳам омехта намешаванд. Агар инҳоро инсон созад чӣ? Албатта, онҳо бо ҳам омехта мешаванд. Аҷоиботи дигари сунъи Парвардигор дар он аст, ки аз ҳардуи онҳо инсон метавонад барои зебу зиннат як хелу як ранг дурру марворидҳои Қимматбаҳоро пайдо кунад. Дигар аҷоиботи сунъи Парвардигор он аст, ки барои рӯзӣ талаб кардан ва аз як ҷо ба ҷойи дигар бурдани борҳо, то ин ки мардум аз фазли Худованд баҳра гиранд ва то шояд, ки дар баробари неъматҳои Худованди субҳон шукргузор бошанд, киштиҳо ҳардуро (яъне, баҳри шурдору оби шириндор)-ро як хел мешикофанд ва дар ҳарду як хел ба пеш мераванд. (Барои маълумоти бештар ба ояти 164-уми сураи «Бақара», оёти 19-20-22-24-уми сураи «ар-Раҳмон» муроҷиъат шавад. Валлоҳу аълам.


Рӯйхати оятҳои Сураи Фотир «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Фотир Ояти 11 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Фотир Ояти 13 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)