Фурухтан ё ба шахсоне ки ба ивази ягон чиз муи сар мегиранд, муи сарро додан аз нигоҳи Ислом ҷоиз аст ва ё не дар ин мақола хоҳед фаҳмид!

Инсон аз нигоҳи таълимоти дини Ислом махлуқи соҳибкаромат ва хор сохтанаш қатъиян манъ аст. Азбаски фурӯхтани чизе ба маънои як навъ беарзишии он аст, фуқаҳои мазоҳиби исломӣ ба ин назаранд, ки, фурӯхтани аъзо ё аҷзои бадани инсон, ҷоиз нест.
Имом Бурҳониддини Марғинонӣ (р) дар китоби “Ҳидоя”-и худ гуфта аст:
“Фурӯхтани мӯйҳои инсон ва истифода аз он манъ аст. Зеро инсон соҳибкаромат буда, махлуқибеқадр нест. Аз ин сабаб, набояд ҳеҷ чизе аз аҷзои баданаш хор карда шавад.”
[Ниг: Имом Бурҳониддин Марғинонӣ; Ҳидоя; 3/81,82]
Аллома Ибни Обидини шомӣ (р) дар ин бобат мегӯяд:
“Инсон ҳатто агар кофир ҳам бошад, шаръан мавҷуди мукаррам аст. Аз ин рӯ, мавриди додугирифт қарор додани инсон маънои хору залил ва мисли ашёи дигар (беқадр) карданашро дорад…”
[Ниг: Ибни Обидини шомӣ; Радд-ул-муҳтор; 7/245]
Дар “Доират-ул-маорифи фиқҳии кувейтӣ” чунин омада аст:
“Ҳамаи фуқаҳои мазоҳиб иттифоқ доранд, ки аз роҳи фурӯхтан ё истифодабарӣ фоида гирифтан аз мӯи одамӣ манъ аст. Зеро инсон махлуқи мукаррам аст. Чунончи Худои Таъоло мегӯяд: “Ва бешак, Мо ба инсон каромат бахшидаем.” [Исроъ: 70]
Аз ин рӯ, набояд ҳеҷ чизе аз аҷзои баданаш хор шавад.”
[Ниг: Доират-ул-маорифи фиқҳии кувейтӣ; 26/102]


