Якчанд намуд саволҳое ҳастанд, ки на танҳо аз дустатон балки аз ягон шахс набояд пурсид. Чи гуна саволҳо? Марҳамат хонед >>

Ҷавоне аз рафиқаш пурсид:
— Куҷо кор мекунӣ?
Гуфт:
— Зери дасти фалон одам.
— Моҳона чи миқдор маош мегирӣ?
— 500
— Ҳамагӣ 500? Чи гуна бо ин маблағ зиндагӣ мекуни? Ин хеле кам аст. Корфармо қадри туро намедонад.
Он нафар баъди шунидани ин суханҳо кам-кам аз кораш дилсард шуд ва аз хуҷаинаш тақозо кард, ки маошашро боло барад. Хуҷаин қабул накард ва ҳатто ӯро аз кор ихроҷ намуд. Қаблан шуғле дошт, акнун бекор аст…
Зане кудак ба дунё овард. Дугонааш аз ӯ пурсид:
— Ба муносибати таваллуди кудак шавҳарат бароят чи ҳадя харид?
— Ҳеҷ.
— Чаро ҳеҷ? Магар ту барояш арзиш надорӣ? Инро гуфту дар дили зан тухми ноумедиро корид.
Бегоҳ, ки шавҳар ба хона омад, дид, ки ҳамсараш асабони аст ва кор ба даъвою хархаша кашид ва оқибат ҷудои овард.
Падаре дар ниҳояти хушбахти аст. Яке мерасад ва мегуяд:
— Писарат чаро ҳар руз хабаратро намегирад? Яъне он қадр машғул аст, ки вақт намеёбад? У бо ин ҳарфҳо сафои қалби падарро тираву тор карду рафт.
Ин аст сухан гуфтан бо забони шайтон. Дар тули руз хеле саволҳоро мумкин аст аз ҳамдигар бипурсем;
Чаро нахариди?
Чаро надори?
Чи тавр ин зиндагиро таҳаммул мекуни?
Мумкин аст аз пурсидани ин саволҳо ҳадафамон дарёфти итилоъ бошад, ё аз руи кунҷкови ё одат… Аммо намедонем бо ин пурсишҳо чи оташе ба дили шунаванда меандозем.
Ба зиндагии мардум шар ворид насозем. Хеле чизҳо ба мо рабте надорад.
Кур вориди хонаи дуст шавем ва кар аз он ҷо берун ойем ва низ вайронкор набошем…(?)


