Оё фурӯхтани хун, гурда ва шири зан дар Ислом ҷоиз аст? Ҷавоб ба ин суол дар ҳамин мақола. То охир хонед ва ба дӯстонатон тавсия диҳед.
Ҳукми фурӯши хуни инсон ҳам ҳаром аст.
Дар Саҳеҳи Бухорӣ (ҳадиси 2238) низ аз нақли Абӯҷуҳайфа (р) омада аст, ки:
“Паёмбар (с) аз гирифтани пули хун наҳй (манъ) кардаанд.”
Имом Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ (р) дар шарҳи ҳадиси боло гуфта аст:
“Манзур ҳаром будани пули хун аст.Чуноне, ки фурӯши мурдор ва хук ҳам ҳаром аст. Оиди ҳаром будани фурӯши хун ва ба даст овардани пул аз ин роҳ, ҳама олимон иҷмоъ (иттифоқи назар)доранд.”
[Ниг: Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ; Фатҳ-ул-Борӣ; 7/ 276,279]
Дар китоби “Васоиқ-ун-навозил”, зери санади 486, нақли қарори “Ҳайати фиқҳи исломӣ”, қароргоҳаш дар Маккаи Мукаррама, хулосаи ҳамоиш (конфронс)-е, ки рӯзи 26-уми феврали соли 1989 баргузор гардида буд, омада аст, ки фақеҳони аъзои ҳайат(аз ҷумла) мавзӯи фурӯши хунро баррасӣ намуда, ба чунин хулоса расидаанд:
“Фурӯши хун аз амалҳои ҳаром буда, ҳайати фиқҳӣ онро амали ноҷоиз медонад. Зеро хун бо мурдор ва хук аз ҷумлаи чизҳоест, ки дар Қуръон ҳаром гуфта шудаанд. Бинобар ин, фурӯши он ҷоиз нест. Дар ҳадиси саҳеҳ (низ) омада аст, ки Паёмбар (с) фармудаанд: “Ҳамоно, Худованд (азза ва ҷалла) вақто чизеро ҳаром созад, пулеро, ки аз фурӯши он ба даст меояд низ ҳаром месозад.”
(Ривояти Дорақутнӣ, ҳадиси 2815).
[Ниг: Муҳаммад Ҷизонӣ; Васоиқ-ун-навозил; 3/ 1585,1586]
Муфтӣ Муҳаммадтақии Усмонӣ дар китоби “Фиқҳ-ул-буюъ” мегӯяд:
“Фуқаҳо иттифоқи назар доранд, ки хун палид ва фурӯхтани он манъ аст. Дар асри имрӯз муолиҷаи бемор аз роҳи интиқоли хуни касе ба ҷисми ӯ мунташир гардида аст. Уламои муосир оиди дурустии ин кор агар дигар роҳи табобат набошад, фатво додаанд. Лекин онҳо фурӯхтани хунро манъ кардаанд. Зеро инсон махлуқи соҳибкаромат аст.”
[Ниг: Муфтӣ Муҳаммадтақии Усмонӣ; Фиқҳ-ул-буюъ; 1/297]
Имомони мазоҳиб танҳо дар масъалаи фурӯхтани шири зан ихтилоф доранд. Дар мазҳаби имом Абӯҳанифа (р) фурӯхтани шири зан мисли фурӯхтани дигар аъзои ҷисми инсон ҷоиз нест. Имом Молик (р) низ ба ҳамин назар аст. Аз имом Аҳмад (р) дар ин масъала ду ривоят омада аст. Дар ривояти ба қавли Ибни Қудомаи Мақдисӣ (р) саҳеҳтар, фурӯхтани шири зан назди имом Аҳмад (р) мисли назари имом Шофеӣ (р) дуруст аст. [Ҳамон манбаъ]
Пеш омадани ҳолати зарурат ва наёфтани хуни ройгон:
Муфтӣ Муҳаммадтақии Усмонӣ мегӯяд, ки агар зарурати тиббӣ пеш ояд ва касе пайдо нашавад, ки хунашро ба мариз ройгон диҳад, дар чунин ҳолат додани маблағ ба соҳиби хун ҷоиз аст. Валекин соҳиби хун набояд онро (ҳамчун маблағи фурӯхтани хунаш) қабул кунад. [Ҳамон манбаъ]
Ваҳбаи Зуҳайлӣ (р) дар китобаш “Мавсуъат-ул-фиқҳи-л-исломӣ ва адиллатуҳ” масъалаи ҳукми интиқол додани узви инсонеро, мисли қалб, чашм, гурда ва ғайра ба инсони дигар зикр мекунад ва дар ин бора назари ҷумҳури фуқаҳоро меорад, ки ин амал дуруст аст, агар табиби мусалмони боэътимоди одил марги соҳиби он узвро яқин кунад. Вале бо таъкид мегӯяд, ки фурӯхтани ин аъзо ба ҳеҷ ваҷҳ раво нест. Чунончи фурӯхтани хун низ манъ аст. Лекин агар аз ҷониби бемор ё наздиконаш ивази молие чун ҳадя ё мукофот ба ҷониби соҳиби узв ё шахси хундода бахшида шавад, ин кор ҷоиз аст. Аммо агар ҳеҷ кас ба сурати ройгон ба додани узв ё хунаш розӣ нашавад ва маблағ талаб кунад, дар ин ҳолат бо қасди дур сохтани зиён додани он ивази молӣ раво аст.
[Ниг: Аллома Ваҳбаи Зуҳайлӣ; Мавсуъат-ул-фиқҳи-л-исломӣ ва адиллатуҳ; 3/518]
ХУЛОСА
Хулоса, фурӯхтани ҳеҷ узв ё ҷузъи бадани инсон ҷоиз нест. Магар дар ҳолатҳои истисноӣ, ки онро зикр намудем.