Ғайбат кардан дар Ислом

Ғайбат кардани бародари мусулмон аз нигоҳи шариат гуноҳи кабира ва амали ҳаром аст, зеро Худованд дар Қуръон мефармояд:
“Эй мӯъминон, аз гумони бисёр иҷтиноб кунед, ҳар оина баъзе аз гумонҳо гуноҳ аст; ва ҷосусӣ макунед ва якдигарро ғайбат макунед. Оё касе аз шумо дӯст медорад, ки гӯшти бародари мурдаи худро бихӯрад? Балки аз вай нафрат хоҳед кард. Ва аз Худо битарсед, ба дурустӣ ки Худо Тавбапазирандаи Меҳрубон аст”. (Сураи “Ҳуҷурот”, ояти 12)
Инчунин Расули акрам (с) фармудаанд: “Оё медонед, ки ғайбат чист?” Гуфтанд: Аллоҳ ва Расулаш донотар аст. Фармуданд: “Бародаратро бо сухане ёдовар шавӣ, ки бадаш меояд”. (Ривояти Муслим)
Уламо мегӯянд, ки дар ҳар гуноҳе як тавба лозим аст, аммо дар ғайбат ду тавба мебояд, як тавба барои берун омадан аз ҳаққи Худованд ва дигар биҳилӣ хостан аз касе, ки мавриди ғайбат қарор гирифтааст.


