Шарҳи муқаддимаи савум китоби “Чаҳор китоб”. Маърифати мазҳаби Аҳли Суннат ва ҷамоат (мазхаби ахли суннат ва чамоат, сунни).
1- Маънои луғавии мазҳаб
Маънои луғавии мазҳаб ба забони тоҷикӣ роҳу равиш аст.
2-Мурод аз мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоъат
Мурод аз мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоъат роҳу равиши аҳли суннат ва ҷамоъат дар амал кардан мутобиқи Қуръон ва Суннат ва дар тақлиду пайравӣ аз “Сироти мустақим”, яъне аз роҳи касоне, ки Аллоҳ таоло ба онҳо роҳи ростро инъом ва насиб кардааст, мебошад. Касони барои қадам задан дар роҳи рост мушарафшуда пайғамбарон, саҳобагони пайғамбарон, сиддиқон ва тамоми авлиёуллоҳи ҳақиқии гузашта аст.
2-Таъсиси мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоъат.
Мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоъат дар асари муборизаҳои шадиди уламои маъруфи уммат бар муқобили мазҳабҳои бидъатӣ ва хурофотии шиъа, муътазила, хавориҷ ва ғайра ташаккул ёфтааст ва дар олами асбоб Аллоҳ субҳонаҳу ва таоло тавассути уламо ва пайравони ин мазҳаб дини мубини исломро аз бидъату хуруфоти фирқаҳо ва мазҳабҳои гумроҳ ҳифз кардааст.
Дар ҳақиқат фирқаҳо ва мазҳабҳои гумроҳ бо бидъату хурофоти худ бисёр аҳкоми эътиқодӣ ва амалии динро мансух ё таҳриф карда буданд ва умматро ба вартаи ҳалокат мекашониданд.
Дар чунин ҳолат Аллоҳ субҳонаҳу ва таоло аз фазлу карамаш уламои мухлисро ҳидоят ва мадад кард ва онҳо барои дифоъ ва ҳифзи дини мубини ислом мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоъатро асос гузоштаанд. Дар ояти 251 сураи “Бақара” суннати илоҳӣ дар дафъ кардани шару фасод чунин зикр шудааст:
{وَلَوْلَا دَفْعُ اللَّهِ النَّاسَ بَعْضَهُمْ بِبَعْضٍ لَفَسَدَتِ الْأَرْضُ وَلَكِنَّ اللَّهَ ذُو فَضْلٍ عَلَى الْعَالَمِينَ} )البقرة: 251(
“Ва агар Аллоҳ баъзе мардумро ба воситаи баъзи дигар дафъ намекард, бидуни шак замин табоҳ мешуд. Аммо Аллоҳ бар ҷаҳониён фазлу карам дорад”.
Заҳмати ҳазорон уламои аҳли суннат ва ҷамъомат ва ҳушёрии пайравони воқеъии ин мазҳаб аст, ки то кунун фирқаҳои аҳли бидъат ва залолат дар ақалият қарор доранд ва аксари мусулмонони олам, яъне 90% аз тариқи мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоъат пайравони ҳақиқии сироти мустақиманд.
3- Зарурати тақлид ва пайравӣ
Пайравӣ аз сироти мустақим, яъне аз роҳи рости Аллоҳ таоло барои пайғамбарон, саҳобагон, сиддиқон насиб карда, ки ягона баёнгари ҳақиқии он роҳ мазҳаби аҳли суннат аст, бисёр муҳим аст. Зеро Аллоҳ таоло бузургтарин фарзанди башар, пешвои пайғамбарон Муҳаммамад (с)-ро амр кардааст, ки ба пайғамбарони қабл аз худаш гузашта иқтидо ва пайравӣ бикунад. Чуноне дар ояти 90 сураи “Анъом” мефармояд:
{أُولَئِكَ الَّذِينَ هَدَى اللَّهُ فَبِهُدَاهُمُ اقْتَدِهْ} (الأنعام: 90)
“Онон касоне мебошанд, ки Аллоҳ ҳидояташон кардааст, пас ба ҳидояти онҳо иқтидо бикун”.
Дар ривояти “Саҳеҳи Бухорӣ” дар тафсири ояти мазкур Абдуллоҳ ибни Аббос (р) чунин гуфтааст:
“نَبِيُّكُمْ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ مِمَّنْ أُمِرَأَنْ يَقْتَدِيَ بِهِمْ”. (في صحيح البخاري-11 / 263/3421 فَقَالَ ابْنُ عَبَّاسٍ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُمَا….)
“Пайғамбари шумо аз ҷумлаи касонест, ки дастур дода шудааст то ба онон (пайғамбарони қабл аз ӯ гузашта) иқтидо бикунад”.
Дар ояти 35 сураи “Аҳқоф” Аллоҳ таоло ба Пайғамбар (с) дастур додааст то дар сабру шикебоӣ ба пайғамбарони улулъазм пайравӣ намояд:
{فَاصْبِرْ كَمَا صَبَرَ أُولُو الْعَزْمِ مِنَ الرُّسُلِ… } (الأحقاف: 35)
“Пас шикебоӣ кун, чуноне ки пайғамбарони улулъазм шикебоӣ варзидаанд”. Дар инҷо мурод аз пайғамбарони улулъазм ҳазрати Нуҳ, Иброҳим, Мусо ва Исо алайҳимуссалом аст.
Муҳаммад (с) дар иқтидо ва пайравӣ аз пайғамбарони пешин тамоми камолоти онҳоро аз худ кард ва бар ҳамаи онҳо бартарӣ ҳосил кард ва имоми пайғамбарон ва пешвои оламиён гардид.
Дар ин олам барои қадам задан ва собит мондан дар сироти мустақим агар касе аз иқтидо бениёз шуда метавонист, он Муҳаммад (с) мебуд. Пас ҳамаи мо барои ёфтани роҳи рост ва собит мондан дар сироти мустақим ба тақлиду пайравӣ аз “Аллазина анъамта ъалайҳим” , яъне аз касоне, ки он роҳро Аллоҳ таоло барояшон инъому насиб кардааст, муҳтоҷем ва зарурат дорем.
4-Манфиатҳои тақлид ва пайравӣ.
Баъзе манфиатҳои пайравӣ аз мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоъат:
1-Мо аз тақлиду пайравӣ аз мазҳаби аҳли суннат роҳи бузургонеро, ки Аллоҳ таоло роҳи ростро барояшон насиб кардааст, меомузем. Тақвои онҳоро меомузем ва бо тақво мешавем, ихлосу яқинашонро меомузем ва мусулмони мухлису содиқ мешавем, бад дидани куфру ширк ва бидъату хурофотро меомузем ва чигуна дину имони худро аз ширку куфр ва бидъату хурофот пок нигоҳ доштанро ёд мегирем ва ғайра. Мо яқин дорем, ки барои маҳбуби Аллоҳ таоло шудан, то Парвардигорамон моро дӯст бидорад, тақлиду иқтидо ва иттибоъ аз Пайғамбар (с) шарт аст. Чуноне Аллоҳ таоло дар ояти 31 сураи “Оли Имрон” ба Пайғамбар (с) мефармояд:
{قُلْ إِنْ كُنْتُمْ تُحِبُّونَ اللَّهَ فَاتَّبِعُونِي يُحْبِبْكُمُ اللَّهُ وَيَغْفِرْ لَكُمْ ذُنُوبَكُمْ وَاللَّهُ غَفُورٌ رَحِيمٌ} (آل عمران: 31)
“Бигӯ: Агар Аллоҳро дӯст медоред, пас аз ман пайравӣ бикунед, то Аллоҳ шуморо дӯст бидорад ва гуноҳонатонро биёмурзад, ва Аллоҳ бахшандаи меҳрубон аст”.
2- Тақлиду пайравӣ аз мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоъат моро водор мекунад, ки Қуръонро бо таҷвид бихонем, ки чунин хондани Қуръон дар назди Аллоҳ таъоло писандида аст.
3-Тақлиду пайравӣ аз мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоъат моро водор мекунад, ки тафсири як ояти Қуръонро аз ояти дигараш ва ё дар суннати Пайғамбар (с) ва ё дар қавли асҳоби киром ва тобеъини изом ҷустуҷӯ намоем, ки чунин кор ягона сабаби дуруст дарк кардани тафсири Қуръон аст.
4-Тақлиду пайравӣ аз мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоъат моро водор мекунад, ки ҳадисҳои саҳеҳи ривоятшуда аз Пайғамбар (с)-ро бо риъояи усули ҳадис бипазирем, ки чунин кор моро аз ривоят кардану амал кардан бо ҳадисҳои дуруғин ҳифз мекунад.
5-Тақлиду пайравӣ аз мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоъат моро водор мекунад, ки аз Қуръон ва Суннат мутобиқи усули фиқҳ ҳукм барорем, ки чунин кор моро аз баровардани ҳукми хато ҳифз мекунад.
6-Пайравӣ аз мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоъат моро водор мекунад, ки ҳукми фаҳмидаву баровардаи худамонро аз Қуръон ва Суннат ва фатовои худро бо ҳукми бароварда ва фатовои имомони чаҳор мазҳаб муқоиса бикунем, ки чунин кор мо ва фатовои моро аз воқеъ шудан дар хато ва такфирӣ шудану мусулмононро ҳукми куфр кардан ва сабаби фитнаҳо ва тафриқаҳо гардидан ҳифз мекунад.