Қиссаи модари Томас Эдисон, ки дили ҳамагонро тасхир кард

0

Дар вақти хонандаи мактаб будан Эдисон хатчае оварда ба модараш дод ва гуфт: “Инро аз мактаб доданду гуфтанд, ки танҳо модарат хонад.”

Модар ба чашмони пуроб хатчаро ба Эдисон хонд: “Писари шумо нобиға аст. Ин мактаб барои ӯ кифоят намекунад. Аз ин рӯ хоҳишмандем, ӯро ба тарбияи худ гиред.”

Солҳо гузаштанду Эдисон ба нобиғаи аср табдил ёфт. Модараш аз олам гузашт. Рӯзе Эдисон аз хона хатчаеро ёфт, ки дар кӯдакияш аз мактаб ба модараш фиристода шуда буд. Бале, ин ҳамон хатчае буд, ки худи Эдисон оварда ба модараш дода буд. Ӯ он варақро кушода, хонду гиряи бисёр кард, чунки он ҷо чунин навишта шуда буд:
“Писари шумо аҳмақ аст. Мо ба ӯ дигар иҷозаи таҳсил дар ин мактабро намедиҳем.”

Эдисон баъд аз гиряи зиёд дар дафтари хотироташ навишт:
“Томас Алва Эдисон аҳмақе буд, ки тавассути як модари қаҳрамон ба нобиғаи қарн табдил ёфт!”

Ана ҳамин аст қудрати МОДАР!

Томас Алва Эдисон ихтироъкори машҳури  амрикоӣ мебошад. Фурузонак (лампочка) аз зумраи ихтирооти ӯст.

Мақолаи қаблӣМуҳкамот ва муташобиҳот (навъҳои оёти Қуръон)
Мақолаи баъдӣСуманакпазӣ (Сумалак, Навруз)

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед