10 хакер, ки дунё аз онҳо ҳарос дорад

4

Мо дар матлаби “Хакер кист?” маълумот дар бораи хакер ва гурӯҳҳои он нигоштем. Дар матлаби навбатӣ хостем 10 хакер, ки корҳои “бузург”-еро ба анҷом расонидаанд, маълумот оварда бошем.


Чанд маълумот оиди хакер

Хакер ва ё рахнагар – мутахассиси корозмуда ва маҳоратнокеро меноманд, ки таҷрибаи бойи корӣ дар соҳаи барномасозӣ, забонҳои барномасозӣ, таъминоти барномавии компютер ва тамоми чизҳое, ки бо барномаҳои компютерӣ рабт доранд, доро мебошад.

ХАКЕР КИСТ?


5 хакер аз гурӯҳи “Black Hat” (кулоҳи сиёҳ)

  1. Ҷонатан Ҷеймс

Ҷеймс аввалин хакери ноболиғ буд, ки барои рахнагарӣ зиндонӣ гашт. Ӯ дар 16 солагӣ таъқиб гардида, дастгир гашт.

Аслан Ҷеймс ташкилотҳои бузургро мавриди ҳуҷум қарор медод. Ӯ ба сервери Вазорати мудофиаи ИМА бэкдор насб намуд, ки ба DTRA – Оҷонсии мубориза бо хатарҳои силоҳи оддӣ ва махсуси ядроӣ, биологӣ ва кимиёвӣ, тааллуқ дошт. Бэкдор ба хакер имконият медод, то паёмҳои электрониро аз назар гузаронад ва номи истифодабару рамзҳои ҳамкоронро ба даст орад.

Инчунин Ҷеймс кодиронии компютерҳои НАСА-ро низ шикаста ва таъминоти барномавии онро, ки тақрибан 1,7 млн доллар меистод, дуздидааст. НАСА маҷбур шуд, системаи компютерии худро бо маблағи 41 ҳазор доллар ба системаи дигар иваз намояд.


  1. Адриан Ламо

Ламо рахнагари ташкилотҳои бузурге чун The New York Times ва Microsoft ба ҳисоб меравад. Инчунин Ламо мошинаи ҷустуҷӯии Yahoo!, Бонки Bank of America, Citigroup ва оператори алоқаи AT&T-ро мавриди киберҳуҷумҳо қарор додааст. Барои ҳуҷум ба шабака The New York Times аз Ламо 65 ҳазор доллар ҳамчун ҷуброн дархост намуд.

Айни ҳол Ламо ҳамчун журналист фаъолият мекунад.


  1. Кевин Митник

Дар бораи «қаҳрамонӣ»-ҳои Кевин Митник филмҳо рӯи навор омадаанд. Ӯ ғайр аз чандин ҷиноятҳои дигар барои рахнагарии шабакаи компютерии Digital Equipment Corporation ва дуздии таъминоти барномавӣ гунаҳкор дониста мешуд. Чӣ хеле ки CNN менависад, “ӯ компютерҳоро шикаст, ҳуҷҷатҳои махфиро ба даст овард, шабакаҳои телефониро мавриди ҳамла қарор дод ва системаи ҳарбии ИМА-ро рахна намуд.

Имрӯзҳо Митник аз гурӯҳи хакерҳои «black hat» халос шуда, барои ҷамъият шахси судмандест. Ӯ 5 сол зиндонӣ гашт, ки 8 моҳашро дар ҳуҷраи алоҳида танҳо гузаронидааст. Айни ҳол Кевин муаллифи якчанд китоб ва мушовир оиди амнияти компютерӣ мебошад.


  1. Кевин Полсан

Кевин Полсен ё Dark Dante (Дантеи торик) бо рахна намудани хати телефонии радиои KIIS FM дар Лос-Анҷелес машҳур аст.

Полсен пас аз рахна намудани пойгоҳи додаҳои ҷустуҷӯии ИМА мавриди таъқиб қарор гирифт. Кевин ғазаби ФБР-ро ба худ равона сохт, ҳангоме, ки ӯ системаи гушкунии гуфтугӯии телефонҳоро рахна сохт. Ӯ дар супермаркете ба даст афтод ва 5 сол аз озодӣ маҳрум гашт.

Пас аз зиндон ӯ ба фаолияти журналистӣ машғул гашт ва айни ҳол у муҳаррири  нашрияи Wired News аст.


  1. Роберт Таппан Морис

Моррис писари олим Роберт Моррис, коргари Оҷонсии байналмиллалии амниятӣ аст. Ӯ ҳамчун созандаи “кирми Моррис”  – аввалин вирусии кирмии компютерӣ ки дар интернет пайдо гашт, машҳур аст. Ин вируси сохтаи ӯ тақрибан 6000 компютери фардиро аз кор боз монд. Роберт ба 3 соли маҳрум аз озодӣ, 400 соат ҷалб ба кор ва ҷарима ба маблағи 10 500 доллар маҳкум шуда буд.

Айни ҳол Морис ҳамчун профессор дар соҳаи информатика ва тафаккури сунъӣ дар донишгоҳе  фаъолият мекунад.


5 хакер аз гурӯҳи “White Hat” (кулоҳи сафед)

  1. Стивен Возняк

Возняк ҳамчун Стиви дигаре аз Apple машҳур аст. Возняк ҳамроҳ бо Стив Ҷобс асосгузори ширкати Apple ба ҳисоб меравад. Ӯ бо медали давлатии ИМА дар соҳаи технология сарфароз гардидааст.

Возняк колеҷро тарк карда, компютереро фикр карда баромад, ки ӯро машҳур гардонид. Ӯ ҳамроҳ бо Стив Ҷобс компютерҳоро сохта, ба фурӯш гузоштанд. Возняк бештари таъминоти барномавии компютерҳоро сохта буд.


  1. Тим Бернерс-Ли

Бернерс-Ли ҳамчун созандаи World Wide Web (WWW) – системае, ки мо барои дастрасӣ пайдо намудан ба сомонаҳо, ҳуҷҷатҳо ва парвандаҳо дар интернет истифода мебарем, маълум аст. Ӯ ҳангоми кор дар CERN (созмони аврупоӣ оид ба тадқиқотҳои ядроӣ) прототипи системаи абарматниро сохт, ки ба таҳқиқотчиён кӯмак мерасонд, то байни ҳамдигар иттилоотро тақсим намоянд. Баъдтар ӯ пай бурд, ки абарматнро метавон бо технологияи “интернет” пайваст намуд. Ҳамин тавр, торнамои анкабути ҷаҳонӣ (www) пайдо гашт.


  1. Линус Торвалдс

Торвалдс падари системаи амалиётии Linux ба ҳисоб меравад. Ӯ худро “муҳандис” намуда, чунин мегӯяд: “Ман танҳо мехоҳам, барои пешрафти системаи амалиётӣ ҳама аз ман вобаста бошад.”

Торвалдс “ассемблер, таҳриргари матнӣ ва якчанд бозиро” рахна намудааст.

Имрӯзҳо системаи амалиётии Linux, ки Торвалдс сохта буд дар аксарият компютерҳо насб аст.


  1. Ричард Столлман

Столлман падари таъминоти барномавӣ бо кодҳои кушода ба ҳисоб меравад. Ӯ карераи  худро бо рахна намудани Донишгоҳи технологии Массачусетӣ оғоз намуд. Инчунин ӯ ҳамчун “хакер-хизматчӣ” дар Emacs ва дигар лоиҳаҳо фаъолият намуда буд.


  1. Сутому Шимомура

Ба таври ногаҳонӣ компютери Шимомура аз тарафи Кевин Митников рахна гардид.  Пас аз он Сутому ба ФБР кӯмак расонд, то ӯро дастгир намоянд.
Ӯ телефонҳои мобилии AT&T-ро “кушода”, аз онҳо муҳофизати электрониро бардошта, онро рахна месозад ва зангҳои телефониро зери назорати худ мегирад.

Шимомура хост ҷавобан Митникро рахна созад. Хакери сафед бо истифода аз телефони мобилии Митник маконашро муайян намуда, ин хакери сиёҳро равонаи зиндон намуд.

Пас аз ин воқеот ӯ вобаста ба ин ҳаводис китоб ҳам навиштааст.


Инҳо буданд 10 нафар ашхосе, ки дунёи технологияи иттилоотиро тағйир додаанд, тараққӣ додаанд, инчунин имрӯзҳо низ ин технологияро пеш бурда истодаанд.


Барномаҳои рамзшикан чӣ гуна кор мекунанд?

Манбаҳои истифодашуда:
www.star-force.ru
kurs-pc-dvd.ru

Мақолаи қаблӣЧанд донистанӣ дар бораи интернет
Мақолаи баъдӣСе роҳи осони азёд кардани шеър

4 ШАРҲ

    • Шумо боз худро хакер гумон карда, ба сомона ҳуҷум накунед))))

    • Холо сомона каме пеш равад бад фикр мекунам

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед