ХОБ | давомнокӣ, арзиш, далелҳои ҷолиб

0

Хоб – ҳолати физиологию табиӣ буда, ҳамчун пасткунандаи таассур ва беҳолии олами атроф – одамон, ширхӯрон, парандаҳо, моҳиҳо, ҳашарот ва дигар ҳайвонот  тавсиф мешавад.


Ҳар шахс вобаста ба сину сол барои барқарор кардани қувва ва энергияи худ бояд дар як шабонарӯз ба миқдори муайян хоб равад. Ҷадвали муайяни давомнокии хобро вобаста ба синну сол меорем:

Синну сол Давомнокии хоб, соат/шабонарӯз
Тавсия Ба қадри имкон
0 – 3 моҳа 14…17 11…19
4 – 11 моҳа 12…15 10…18
1 – 2 сола 11…14 9…16
3 – 5 сола 10…13 8…14
6 – 13 сола 9…11 7…12
14 – 17 сола 8…10 7…11
18 – 25 сола 7…9 6…11
26 – 64 сола 7…9 6…10
64 сола ва калонсолтар 7..8 5…9


Инчунин дар вақти муайян хоб намудан низ барои хастагиро бартараф намудан ва барқарор намудани қуввату тавоноӣ кӯмак мекунад. Дар 1 шабонарӯз замони муайяне ҳаст, ки як соат хоб арзиши 7 соат хобро дорад ва инчунин вақти муайяне ҳаст, ки як соат хоб арзиши як дақиқа хобро дорад. Ҷадвали арзиши хобро вобаста ба вақт меорем:

Вақти шабонарӯзӣ Арзиши 1 соат хоб
Аз 19 то 20 7 соат
Аз 20 то 21 6 соат
Аз 21 то 22 5 соат
Аз 22 то 23 4 соат
Аз 23 то 24 3 соат
Аз 00 то 1 2 соат
Аз 1 то 2 1 соат
Аз 2 то 3 30 дақ.
Аз 3 то 4 15 дақ.
Аз 4 то 5 7 дақ.
Аз 5 то 6 1 дақ.


Чанд далели ҷолиб оиди хоб:


Бо ташаббуси Ассотсиатсияи байналмиллалии тиббӣ (World Association of Sleep Medicine) аз соли 2008 инҷониб ҳамасола ҷумъаи ҳафтаи дуюми моҳи март “Рӯзи хоб” қайд карда мешавад.


Соли 2015 олимон муайян карданд, ки хоб эҳтимолияти ба ёд овардани иттилооти наонқадар дур фаромӯшшудаи одамро зиёд мекунад.


Август Кекуле ҳангоми хоб формулаи бензолро кашф кард. Д. И Менделеев бошад, системаи даврии элементҳои химиявиро кашф кард.


Розҳои доштани умри тӯлонӣ

Манбаҳои истифодашуда:
Postila.ru
Ya-zdorov24.ru
wikipedia.org

Мақолаи қаблӣАмалҳои оддие, ки хушбахтатон мегардонад
Мақолаи баъдӣМинбари ҷавонон

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед