Калимаи Шаходат
1-Маънои луғавии вожаи шаҳодат: Шаҳодат калимаи арабӣ буда маънояш ба забони тоҷикӣ ба ҳақиқат доштани коре гувоҳӣ додан аст. Аз ҳамин ҷиҳат агар касе дар коре гувоҳӣ бидиҳад вайро шоҳид меноманд ва мегӯянд, ки бар ҳақиқат доштани он ҳодиса ё воқеа шаҳодат ё гувоҳӣ дод.
2-Мурод аз калимаи шаҳодат дар шариъат: Мурод аз калимаи шаҳодат дар шариъат шаҳодат ва гувоҳӣ додан бар ҳақиқати тавҳид ва ягонагии холиқу офаридагор ва ягона Худои барҳақи Одаму тамоми мавҷудоти олам Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло ва шаҳодат ва гувоҳӣ додан бар ҳақу рост будани пайғамбарии Муҳаммад (с) аст.
3-Алфози калимаи шаҳодат: Калимаи шаҳодат бо алфози дарозу кутоҳ, вале ба як маъно дар ривоятҳои саҳеҳ омадааст, ки чунин мебошанд:
1-“أَشْهَدُ أَنْ لاَ إِلَهَ إِلَّا اللَّهُ وَأَشْهَدُ أَنَّ مُحَمَّدًا عَبْدُهُ وَرَسُولُهُ “(صحيح البخاري -1/ 166/831)
1-Лафзи калимаи шаҳодат: “Ашҳаду ан ло илоҳа иллаллоҳ ва ашҳаду ан-на Муҳаммадан абдуҳу ва расулуҳ”.
2-Тарҷимаи калимаи шаҳодат:”Гувоҳӣ медиҳам, ки ҷуз Аллоҳ Худои дигаре нест ва гувоҳӣ медиҳам, ки ҳамоно Муҳаммад банда ва пайғамбари Ӯст”.
2- “أَشْهَدُ أَنْ لاَ إِلَهَ إِلَّا اللَّهُ وَأَنَّ مُحَمَّدًا رَسُولُ اللَّهِ”. (كذا في صحيح البخاري -1/ 100/462)
1-Лафзи калимаи шаҳодат: “Ашҳаду ан ло илоҳа иллаллоҳ ва ан-на Муҳам-мадан расулуллоҳ”.
2- Тарҷимаи калимаи шаҳодат:”Гувоҳӣ медиҳам, ки ҷуз Аллоҳ Худои дигаре нест ва ин, ки Муҳаммад пайғамбари Аллоҳ аст”.
3-“أَشْهَدُ أَنْ لَا إِلَهَ إِلَّا اللهُ وَحْدَهُ لَا شَرِيكَ لَهُ، وَأَنَّ مُحَمَّدًا عَبْدُهُ وَرَسُولُهُ”، (كذا في صحيح مسلم -1/ 57/46)
1-Лафзи калимаи шаҳодат: “Ашҳаду ан ло илоҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳ ва анна Муҳаммадан абдуҳу ва расулуҳ”.
2-Тарҷимаи калимаи шаҳодат: :”Гувоҳӣ медиҳам, ки ҷуз Аллоҳ Худои дигаре нест, танҳои бешарик аст ва ҳамоно Муҳаммад бандаи Ӯ ва пайғамбари Ӯст”.
Фазилати калимаи Шаҳодат
Дар фазилати калимаи шаҳодат ҳадисҳои саҳеҳи бисёре ривоят шудааст, ки мо ба зикри се ривоят аз онҳо иктифо мекунем:
1-Дар ривояти “Саҳеҳи Муслим” Пайғамбар (с) чунин гуфтааст:
“عن عُبَادَةَ بْنِ الصَّامِتِ رضي الله عنه قال: قال رسول الله صلى الله عليه وسلم:«مَنْ شَهِدَ أَنْ لَا إِلَهَ إِلَّا اللهُ، وَأَنَّ مُحَمَّدًا رَسُولُ اللهِ، حَرَّمَ اللهُ عَلَيْهِ النَّارَ» (كذا في صحيح مسلم -1/ 57/ 47 – 29)
“Ҳар касе гувоҳӣ диҳад, ки ба ҷуз Аллоҳ ҳеҷ худои дигаре нест ва ҳамоно Муҳаммад пайғамбари Аллоҳ аст, Аллоҳ оташи дӯзахро бар вай ҳаром мекунад”.
2-Дар ривояти “Саҳеҳи Бухорӣ” Пайғамбар (с) чунин гуфтааст:
عن عُبَادَةَ بْنِ الصَّامِتِ رضي الله عنه قال: قال رسول الله صلى الله عليه وسلم: «مَنْ شَهِدَ أَنْ لاَ إِلَهَ إِلَّا اللَّهُ وَحْدَهُ لاَ شَرِيكَ لَهُ، وَأَنَّ مُحَمَّدًا عَبْدُهُ وَرَسُولُهُ، وَأَنَّ عِيسَى عَبْدُ اللَّهِ وَرَسُولُهُ، وَكَلِمَتُهُ أَلْقَاهَا إِلَى مَرْيَمَ وَرُوحٌ مِنْهُ، وَالجَنَّةُ حَقٌّ، وَالنَّارُ حَقٌّ، أَدْخَلَهُ اللَّهُ الجَنَّةَ عَلَى مَا كَانَ مِنَ العَمَلِ» (كذا في صحيح البخاري -4/ 165/ 3435)
“Ҳар касе гувоҳи бидиҳад, ки ҳеҷ Худое ба ҷуз Аллоҳи ягона ва беҳамто вуҷуд надорад ва ҳамоно Муҳаммад банда ва пайғамбари Ӯст ва ҳамоно Исо бандаи Аллоҳ ва пайғамбари Ӯ ва калимаи Ӯ(калимаи “кун”- пайдо шав) ва рӯҳест аз ҷониби Аллоҳ, ки онро дар раҳми Марям афканд ва ин, ки биҳишту дӯзах ҳақанд, амалаш чигунае бошад, Аллоҳ ӯро ба биҳишт медарорад”.
3- Дар ривояти “Саҳеҳи Муслим” Пайғамбар (с) чунин гуфтааст:
“عن عمر رضي الله عنه قال: قال رسول الله صلى الله عليه وسلم: “مَا مِنْكُمْ مِنْ أَحَدٍ يَتَوَضَّأُ فَيُبْلِغُ – أَوْ فَيُسْبِغُ –الْوَضُوءَ ثُمَّ يَقُولُ: أَشْهَدُ أَنْ لَا إِلَهَ إِلَّا اللهُ وَأَنَّ مُحَمَّدًا عَبْدُ اللهِ وَرَسُولُهُ إِلَّا فُتِحَتْ لَهُ أَبْوَابُ الْجَنَّةِ الثَّمَانِيَةُ يَدْخُلُ مِنْ أَيِّهَا شَاءَ”. (كذا في صحيح مسلم -1/ 209)
“Касе аз шумо ба таври комил ва дуруст таҳорат бикунад ва сипас чунин бигӯяд: “Ашҳаду ан ло илоҳа иллаллоҳу ва анна Муҳам-мадан абдул-лоҳи ва расулиҳ”, ҳашт дарвозаи биҳишт ба рӯяш боз мешаванд, аз кадомаш бихоҳад медарояд”.
Муфассал >> Шаш калимаи динӣ


