Хамди бехад он Худои покро,
Он, ки чон бахшид мушти хокро.
Матни муқаддима
Ҳамди беҳад он Худои покро,
Он, ки ҷон бахшид мушти хокро.
Шарҳи матн
1-Ҳамди беҳад, яъне сипосу ситоиши бениҳоят ва беинтиҳо. Ин байтро барои таъкиди байти аввал ва баёни азамати Аллоҳ таоло, ки сипосу ситоишаш бар ҳамагон фарзу айн аст, таъкидан такрор кардааст.
2- Худои пок, яъне Худо аз ҳама чиз поку муназзаҳ аст ва мурод аз покии Аллоҳ таоло тоҳирию покӣ ва беайбию бенуқсонии Зоташ аст.
Покии Аллоҳ таоло аз хурдану нушидан, ки ҳаргиз ташнаву гурусна намешавад…..
Покии Аллоҳ таоло аз пинаку хоб рафтан, ки ҳаргиз ҳаставу афсурда намешавад.
Покии Аллоҳ таоло аз зану фарзанд, ки ҳаргиз фано намеёбад ва барои идомаи бақояш муҳтоҷи зану фарзанд ва наслу насаб нест….
Покии Аллоҳ таоло аз саҳву хато ва зулму ҷафо, ки ҳаргиз саҳву хато намекунад, ки кори бад ё бандаи бадеро хӯб бигӯяд ё зулму ҷафо намекунад, ки касеро лоиқи биҳишт рафтан бошад барояш дӯзах рафтанро тақдир ва сарнавишт бикунад ва ба дӯзахаш бибарад.
Покии Аллоҳ таоло аз шарику ҳамто доштан, ки ҳаргиз ба мададу кумаки касе ниёз надорад ва ҳеҷ касе барояш дар зоту сифатҳо ва исмҳову феълҳояш шарику ҳамто ва мислу монанд буда наметавонад ва ғайра.
3-Ҷон бахшид мушти хокро, яъне ҳазрати Одамро аз хок ва ҳамсараш ҳазрати Ҳаворо аз ҳазрати Одам офарид ва рӯҳашро дар вай дамид.
Дар ин қавлаш “Ҷон бахшид мушти хокро” Шайх Аттор ба чанд нукта ишора кардааст:
1- Аллоҳ субҳонаҳу ва таоло ҳазрати Одамро аз як мушт хоки аз тамоми атрофу акнофи олам гирифташуда офаридааст. Дар ин мавзӯъ дар ривояти “Сунани Тирмизӣ” бо санади саҳеҳ Пайғамбар (с) чунин гуфтааст:
«إِنَّ اللَّهَ تَعَالَى خَلَقَ آدَمَ مِنْ قَبْضَةٍ قَبَضَهَا مِنْ جَمِيعِ الأَرْضِ، فَجَاءَ بَنُو آدَمَ عَلَى قَدْرِالأَرْضِ،فَجَاءَ مِنْهُمُ الأَحْمَرُوَالأَبْيَضُ وَالأَسْوَدُ وَبَيْنَ ذَلِكَ،وَالسَّهْلُ وَالحَزْنُ وَالخَبِيثُ وَالطَّيِّبُ»: (كذا في سنن الترمذي -5/ 204 2955 عَنْ أَبِي مُوسَى الأَشْعَرِيِّ. “هَذَا حَدِيثٌ حَسَنٌ صَحِيحٌ”. وحكم المحقق: صحيح)
“Аллоҳ таоло Одамро аз як мушти хоке офаридааст, ки онро аз рӯи тамоми замин ҷамъ кардааст. Пас аз ҳамин ҷиҳат фарзандони Одам бинобар мухталиф будани анвоъи хок мухталиф офарида шуда баъзеи онҳо сиёҳ ва баъзе сафед ва баъзе нарм ва баъзе хашан, яъне дурушту тунд ва баъзе пок ва баъзе нопок омадаанд”.
2-Аллоҳ таоло ҳазрати Одамро бидуни падару модар аз хок ба амраш”Падид ой!” офаридааст, ҳамчуноне баъди вай ҳазрати Исоро бо ин амраш ”Падид ой! аз модари танҳо ва бидуни падар офаридааст.
Дар ин мавзӯъ Аллоҳ таоло дар сураи “Оли Имрон” чунин гуфтааст:
{إِنَّ مَثَلَ عِيسَى عِنْدَ اللَّهِ كَمَثَلِ آدَمَ خَلَقَهُ مِنْ تُرَابٍ ثُمَّ قَالَ لَهُ كُنْ فَيَكُونُ} )آل عمران: 59(
“Ҳамоно масали Исо дар назди Аллоҳ таоло монанди мисоли Одам аст, ки ӯро аз хок офарид ва сипас ба вай гуфт: Падид ой, пас падид омад”.
3- Аллоҳ таоло ҳазрати Одамро асоси офариниши инсон қарор додааст, зеро ҳамсараш ҳазрати Ҳаворо аз устухони (қабурғаи) паҳлӯи чапи ҳазрати Одам офаридааст ва бақияи башариятро аз ин ду нафар офаридаву интишор додааст. Дар ин мавзӯъ дар ояти аввали сураи “Нисо” чунин омадааст:
{يَا أَيُّهَا النَّاسُ اتَّقُوا رَبَّكُمُ الَّذِي خَلَقَكُمْ مِنْ نَفْسٍ وَاحِدَةٍ وَخَلَقَ مِنْهَا زَوْجَهَا وَبَثَّ مِنْهُمَا رِجَالًا كَثِيرًا وَنِسَاءً} (النساء: 1)
“Эй мардум! Аз (гирифтор шудан ба хашму азоби) Парвардигоратон, ки шуморо аз як нафси танҳо офарид ва ҳамсарашро низ аз вай офарид ва аз он ду мардону занони бисёреро интишор додааст, битарсед!”.
Ба ин ҳақиқат, ки модари башарият ҳазрати Ҳаворо Аллоҳ таоло аз қабурғаи падари башарият, яъне ҳазрати Одам офаридааст, Пайғамбар (с) дар ривояти “Саҳеҳи Муслим” чунин ишорат кардааст:
«إِنَّ الْمَرْأَةَ خُلِقَتْ مِنْ ضِلَعٍ لَنْ تَسْتَقِيمَ لَكَ عَلَى طَرِيقَةٍ، فَإِنِ اسْتَمْتَعْتَ بِهَا اسْتَمْتَعْتَ بِهَا وَبِهَا عِوَجٌ، وَإِنْ ذَهَبْتَ تُقِيمُهَا، كَسَرْتَهَا وَكَسْرُهَا طَلَاقُهَا .”(كذا في صحيح مسلم -2/ 1091- 59 – 1468/عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ(،
“Ҳамоно зан аз қабурға офарида шудааст ва ҳаргиз ҳамчуноне ту мехоҳи рост намешавад. Пас агар бо ин ҳоли каҷ буданаш аз вай манфиат бурда тавони манфиат мебарӣ, вале агар бихоҳи росташ бикунӣ вайро мешиканӣ ва шикастани зан талоқ кардани вай аст”.
Аммо фарзандони ҳазрати Одаму ҳаворо Аллоҳ таоло аз нутфаи манӣ офаридааст ва ба ин ҳақиқат дар ояти 11 сураи “Фотир” чунин хабар додааст:
{وَاللَّهُ خَلَقَكُمْ مِنْ تُرَابٍ ثُمَّ مِنْ نُطْفَةٍ ثُمَّ جَعَلَكُمْ أَزْوَاجًا…} )فاطر: 11(
“Ва Аллоҳ шуморо аз хок сипас аз нутфа офарид ва онгоҳ шуморо ба сурати ҷуфтҳои (нару мода) даровард…”.


