Матни муқаддима
Ҳамди беҳад ҳазрати Маъбудро,
К-з адам овард ҳар мавҷудро.
Шарҳи матн
1- Ҳамди беҳад, яъне сипосу ситоиши беандоза ва беинтиҳо.
2-Ҳазрати Маъбудро, яъне Худои ҳақиқӣ ва барҳақро, ки Аллоҳ субҳонаҳу ва таъолост ва ягона маъбуд, яъне парастишшудаи ҳақиқӣ аст.
3-Аз адам, яъне аз нестӣ ва нобудӣ тамоми мавҷудотро ба олами вуҷуд ва ҳастӣ Ӯ таъоло ба танҳоияш овардааст.
Далелҳои матн
1- Шайх Аттор дар ибтидо кардани китоби “Панднома” бо ҳамду сипос, Қуръон ва Суннатро далел қарор додааст ва аз ду ҷиҳат чунин кардааст:
1-Аз ҷиҳати пайрави аз китоби Аллоҳ таоло, ки бо ояти “Алҳамду лиллоҳи раббилоламин” оғоз шудааст:
{ الْحَمْدُ لِلَّهِ رَبِّ الْعَالَمِينَ} )الفاتحة: 2(
“Ситоиш махсуси Аллоҳ аст, ки Парвардигори оламиён аст”.
2-Аз ҷиҳати пайравӣ аз суннати Пайғамбар (с), ки хутбаҳояшро бо ҳамду санои Аллоҳ таоло оғоз мекард. Дар ин мавзӯъ дар ривояти “Саҳеҳи Бухорӣ” модари муъминон Оиша разияллоҳу анҳо чунин ривоят кардааст:
{أَنَّ رَسُولَ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ خَطَبَ النَّاسَ فَحَمِدَ اللَّهَ وَأَثْنَى عَلَيْهِ} (كذا في صحيح البخاري -9/ 113/ 7370 -عَنْ عَائِشَةَ)
“Пайғамбар (с) ба мардум хутба хонд ва дар хутбаи худ Аллоҳ таолоро сипосу ситоиш кард”.
2-Далели Шайх Аттор дар қавлаш:” Каз адам овард…” ояти 117 сураи “Бақара” аст, ки дар он Аллоҳ таъоло чунин гуфтааст:
{بَدِيعُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَإِذَا قَضَى أَمْرًا فَإِنَّمَا يَقُولُ لَهُ كُنْ فَيَكُونُ} )البقرة: 117(
“Падидорандаи осмонҳо ва замин аст”.
Яъне Аллоҳ таоло осмонҳо ва замин ва тамоми ончиро дар онҳо вуҷуд доранд аз адам ва нобудӣ падид овардааст. Инсонҳо метавонанд аз як чизи мавҷуд мисли аз оҳан мошин бисозанд ва аз хишт хона ва аз ҷуб табақ ва ғайра ва созанда ва эҷодкунандаи чизи дигаре бошанд, вале ҳаргиз аз адам ва нобудӣ падидоварандаи мошин ё хона ё табақ ё чизи дигаре намебошанд.
3- Далели Шайх Аттор дар қавлаш ” …ҳар мавҷудро”, яъне ҳамаи махлуқотро Аллоҳ таоло ба танҳоияш аз адам ва нобудӣ падид овардааст, ояти 62 сураи “Зумар”аст, ки дар он чунин омадааст:
{اللَّهُ خَالِقُ كُلِّ شَيْءٍ وَهُوَ عَلَى كُلِّ شَيْءٍ وَكِيلٌ} (الزمر: 62)
“Аллоҳ офарандаи ҳама чиз аст ва Ӯ бар ҳама чиз нигаҳбон аст”.
Тамоми махлуқоти фоидаовар ва зараровар, хубӯ бад, зишту зебо, бузургу кучак, ҷолибу ваҳшатнок, дидашаванда ва диданашванда ва тамоми умури хӯбу бад, зишту зебо, ҳалолу ҳаром, роҳату азоб ва ҳатто куфру имон, ихлосу нифоқ ва тоъату маъсиятро, ки феъли бандагон аст, Аллоҳ таъоло холиқ ва офарандаи онҳост.


