Он, ки дар Одам дамид Ӯ рӯҳро … – шарҳи Чоркитоб

0

Он, ки дар Одам дамид У рухро,
Дод аз туфон начот У Нухро.


Матни муқаддима

Он, ки дар Одам дамид Ӯ рӯҳро,
Дод аз туфон наҷот Ӯ Нуҳро.


Шарҳи матн

1- Аллоҳ субҳонаҳу ва таоло замоне дар ҳазрати Одам рӯҳ дамонд, ки колбади[1] хокии мисли сафол буд ва дар асари дохил шудани рӯҳ дар он колбад дар узвҳо ва рагу пайвандаш хӯн дамид ва зинда шуд.

2-Замоне қавми саркашӣ Нӯҳ (а) ба ғазаби Аллоҳ таоло гирифтор шуданд туфони бузургеро Аллоҳ таоло барои нобуд карданашон фиристод ва ҳамаи онҳоро дар оби баҳр ғарқ кард ва ҳазрати Нӯҳ ва ашхоси ба ӯ имон овардаро аз фазлу карамаш бо киштӣ наҷот дод.


Далелҳои матн

1-Далели ин, ки қабл аз дамидани рӯҳ ҷасади ҳазрати Одам (а) мисли сафол буд, ояти 14 сураи “Арраҳмон” аст:

{خَلَقَ الإِنسَانَ مِن صَلْصَالٍ كَالْفَخَّارِ} (الرحمن:14)

“Инсонро аз гили ҳушки сафолмонанд офарид”.

2-Далели ин, ки Аллоҳ таоло дар колбади Одам (а) рӯҳашро дамонидааст, оятҳои 7, 8, 9 сураи “Саҷда” аст:

{الَّذِي أَحْسَنَ كُلَّ شَيْءٍ خَلَقَهُ وَبَدَأَ خَلْقَ الْإِنْسَانِ مِنْ طِينٍ . ثُمَّ جَعَلَ نَسْلَهُ مِنْ سُلَالَةٍ مِنْ مَاءٍ مَهِينٍ . ثُمَّ سَوَّاهُ وَنَفَخَ فِيهِ مِنْ رُوحِهِ وَجَعَلَ لَكُمُ السَّمْعَ وَالْأَبْصَارَ وَالْأَفْئِدَةَ قَلِيلًا مَا تَشْكُرُونَ} (السجدة: 7 – 9)

“Зоте, ки бар некутарин ваҷҳ ҳама чизро офаридааст ва офариниши инсонро аз гил оғоз кардааст  ва баъд аз он насли ӯро аз нутфаи оби заъиф офарид. Баъд аз сомон ёфтан ва комил шудани андомаш аз рӯҳи худаш дар он дамид ва барои шумо гӯшҳо, чашмҳо ва дилҳо офарид, вале шумо бисёр кам шукургузорӣ мекунед”.

3-Дар бораи ҳазрати Нӯҳ (а-с) бояд чанд нуктаро дониста шавад:

1-Насаби ҳазрати Нӯҳ. Нӯҳ ибни Ломак ибни Мутавашлиҳ ибни Хунух (ҳазрати Идрис) ибни Муҳлайл ибни Қанаъон ибни Шис ибни Одам алайҳимуссалом аст.

2-Мақому мартабаи ҳазрати Нӯҳ алайҳиссалом. Аввалин набӣ ҳазрати Одам ва аввалин расӯл ҳазрати Нӯҳ алайҳимуссалом аст, ки дар чиҳилу се мавзеъи Қуръон қиссаи вай зикр шудааст ва номаш чиҳил маротиб такрор шудааст. Аз ҷумлаи панҷ нафар бузургтарин пайғамбарони Аллоҳ таоъоло, ки ба пайғамбарони “Улулъазм”, яъне соҳиби азму ирода ва тасмими қавӣ маъруфанд мебошад. Номҳои он панҷ пайғамбар  қарори зайл аст:

1-Нуҳ алайҳиссалом.

2- Иброҳим алайҳиссалом.

3- Мусо алйаҳиссалом.

4- Исо алайҳиссалом.

5- Муҳаммад (с).

Далели вуҷуди пайғамбарони “улулъазм” ояти 35 сураи “Аҳқоф” аст:

{فَاصْبِرْ كَمَا صَبَرَ أُولُو الْعَزْمِ مِنَ الرُّسُلِ} (الأحقاف: 35-{فاصبر} يَا مُحَمَّد على أَذَى الْكفَّار {كَمَا صَبَرَ أُوْلُواْ الْعَزْم} ذَوُو الْيَقِين والحزم {مِنَ الرُّسُل} مثل نوح وَإِبْرَاهِيم ومُوسَى وَعِيسَى كذا في تفسير ابن عباس -ص: 426)

 “Пас сабру шикебоӣ кун, ҳамчуноне пайғамбарони улулъазм (соҳибони  ъазму тасмими қаввӣ) сабру шикебоӣ кардаанд”.

Дар ояти 13 сураи “Шуро” зикри номи онҳо ишоратан ва сароҳатан чунин омадааст:

{شَرَعَ لَكُمْ مِنَ الدِّينِ مَا وَصَّى بِهِ نُوحًا وَالَّذِي أَوْحَيْنَا إِلَيْكَ وَمَا وَصَّيْنَا بِهِ إِبْرَاهِيمَ وَمُوسَى وَعِيسَى أَنْ أَقِيمُوا الدِّينَ وَلَا تَتَفَرَّقُوا فِيهِ } (الشورى: 13)

“Аз дин ончи ки Нуҳро ба он фармон дода буд ва ончи ба ту (эй Муҳаммад) ваҳӣ кардаем ва ончи ба он Иброҳим ва Мусо ва Исоро дастур дода будем ин ҳаст, ки динро барпо доред ва дар он ихтилоф наварзед”.

Далели аввалин расул будани ҳазрати Нӯҳ (а) ҳадиси шафоъати куброи рӯзи қиёмат аст, ки он дар “Саҳеҳи Бухорӣ” бо ин лафз аст:

“..فَيَقُولُونَ: يَا نُوحُ، أَنْتَ أَوَّلُ الرُّسُلِ إِلَى أَهْلِ الأَرْضِ، وَسَمَّاكَ اللَّهُ عَبْدًا شَكُورًا”، (صحيح البخاري -4/ 135- عن ابي هريرة).

“Аҳли маҳшар мегӯянд: Эй Нӯҳ! Ту аввалин расули барои аҳли замин фиристодашуда мебошӣ ва Аллоҳ таоло туро бандаи бисёр шукургузор гуфтааст…”.

3-Иллати ба ғазаби Аллоҳ таоло гирифтор шудани қавми ҳазрати Нӯҳ.

1- Инсонҳои то даврони ҳазрати Нӯҳ (а) гузашта ҳамагӣ муваҳҳид буданд ва бутпарастӣ аз байни қавми ҳазрати Нӯҳ  оғоз шудааст ва бунёди бутпарастиро дар олам ин қавм асос гузоштааст ва баъд аз онҳо дар гушаву канори олам ба анвоъи мухталиф интишор ёфтааст, ки асоси онро ду навъаш ташкил медиҳад:

1-Бутро Худо гуфтан ва ҳамчун Худо парастиш кардан ва барояш тоъату ибодат ва назру ниёз кардан аз ғазабаш тарсидан ва аз раҳматаш умедвор будан ва аз ӯ мададу ёрӣ хостан аст, ҳамчуноне аксари бутпарастони олам чунин ақида доранд.

2-Бутро Худо нею балки шафоъаткунандаи назди Худо эътиқод кардан ва ибодати онро ягона василаи дарёфти ризои Худо ва ноил шудани раҳматаш донистан ва ғазаби бутро ғазаби Худо ва ризояшро ризои Худо гуфтан ва ба нусрату мадад карданаш ва ба ҷазову подош доданаш эътиқод карданд, ки бутпарастони қурайши даврони Пайғамбар (с) чунин бутпарастӣ мекарданд.

3- Ҳазрати Нӯҳ дар байни қавмаш 950 сол ҳаёт ба сар бурдааст ва дар ин муддати тулонӣ ҳамеша мардумро ба яктопарастӣ даъват мекардааст, вале қавмаш ба ҷои пазируфтани даъвати ӯ бештару бештар рӯ ба бутпарастӣ меоварданд ва ҳолаш то ба ҷое бад шудааст, ки ҳатто ҳамсару баъзе фарзандони худаш низ бутпараст шудаанд ва ҳамроҳи ӯ шумораи андаки яктопарастон боқӣ мондаанд. Дар чунин ҳол ҳазрати Нӯҳ (а) дуои ҳалокат барои бутпарастон кардааст ва Аллоҳ таоло дуояшро иҷобат карда ба ҷуз ҳазрати Нӯҳ ва афроди ҳамроҳаш дар киштӣ буда бақияи башарро ҳалок кардааст.

4-Иллати бутпараст шудани қавми Нӯҳ (а) дар муҳаббати авлиё ва солеҳони қавм ифрот ва зиёдарав будани онҳо буд. Замоне ин қавм рӯ ба фисқу фуҷур оварданд, ки афроди солеҳашон  кам боқӣ монданд ва ба тадриҷ аз байн рафтанд ва роҳ барои интишори фисқу фуҷури фосиқону фоҷирон боз гардид ва саранҷом ба пайдоиши бутпарастӣ анҷомид.

Онҳо ҳамеша  рӯзҳои хӯб ва бобаракати замони солеҳонашонро ёдоварӣ мекарданд ва он баракати он замонро аз вуҷуди онҳо медиданд ва барои поси хотирашон дар ибтидо сурати солеҳонро дар деворҳои масҷидҳояш кашиданд ва ба мурури замон бо васвасаи шайтон барои абадӣ кардани хотираи солеҳонашон барояшон муҷассамаҳо тарошиданд.

Замоне ҳолати он қавм бисёр бад мешуд ё ба мушкилоти сахте рӯ ба рӯ мешуданд , шайтон аз фурсат истифода бурда барои гумроҳ карданашон барояшон чунин мегуфт: Шумо куҷову Худо куҷо! Шумо аз Худо дӯр шудаед дуоятонро иҷобат намекунад ва ҳолати шуморо хӯб намесозад ва соҳиби ин муҷассамаҳо ба Худо наздик буданд ва дуъояшонро иҷобат мекард. Пас шумо аз соҳибони ин муҷассамаҳо талаби мадад намоед то ба васила ва хотири ин дӯстонаш Аллоҳ таоло дуои шуморо бипазирад.

Он ҷоҳилон аз пазируфтани ҳушдори ҳазрати Нӯҳ аз оқибати ҳалокатовари бутпарастӣ сар печиданд ва рӯ ба талаби мадад ва назру ниёз аз муҷассамаҳо оварданд ва онҳоро ба бут мубаддал карданд ва бутпараст шуданд.

1- Дар мавриди нофармонӣ кардани қавм ҳазрати Нӯҳ (а)-ро ва бутпараст шуданашон дар оятҳо 21,22,23 сураи “Нӯҳ” чунин омадааст:

{قَالَ نُوحٌ رَبِّ إِنَّهُمْ عَصَوْنِي وَاتَّبَعُوا مَنْ لَمْ يَزِدْهُ مَالُهُ وَوَلَدُهُ إِلَّا خَسَارًا . وَمَكَرُوا مَكْرًا كُبَّارًا . وَقَالُوا لَا تَذَرُنَّ آلِهَتَكُمْ وَلَا تَذَرُنَّ وَدًّا وَلَا سُوَاعًا وَلَا يَغُوثَ وَيَعُوقَ وَنَسْرًا } (نوح: 21 – 23)

“Нӯҳ гуфт: Парвардигоро! Ҳамоно аз ман нофармонӣ карданд ва аз касе пайравӣ карданд, ки молу фарзандонаш ба ҷуз зиён бар вай наяфзуд. Ва онҳо даст ба макри бисёр бузург заданд ва гуфтанд: Маъбудонатонро раҳо макунед? Ва Вад ва Сувоъ ва Яғӯс ва Яъӯқ ва Насрро тарк макунед”?

2-Далели ин, ки Вад ва Сувоъ ва Яғӯс ва Яъӯқ ва Наср дар асл номҳои солеҳони қавми Нӯҳ (а) мебошанд, ки ҷоҳилони ин қавм дар ибтидо барояшон муҷассамаҳо сохтаанд ва ба тадриҷ ба буташон табдил додаанд, ривояти “Саҳеҳи Бухорӣ” аст, ки дар он саҳобии бузургвор Абдуллоҳ ибни Аббос (р.з) чунин гуфтааст:

«صَارَتِ الأَوْثَانُ الَّتِي كَانَتْ فِي قَوْمِ نُوحٍ فِي العَرَبِ بَعْدُ أَمَّا وَدٌّ كَانَتْ لِكَلْبٍ بِدَوْمَةِ الجَنْدَلِ، وَأَمَّا سُوَاعٌ كَانَتْ لِهُذَيْلٍ، وَأَمَّا يَغُوثُ فَكَانَتْ لِمُرَادٍ، ثُمَّ لِبَنِي غُطَيْفٍ بِالْجَوْفِ، عِنْدَ سَبَإٍ، وَأَمَّا يَعُوقُ فَكَانَتْ لِهَمْدَانَ، وَأَمَّا نَسْرٌ فَكَانَتْ لِحِمْيَرَ لِآلِ ذِي الكَلاَعِ، أَسْمَاءُ رِجَالٍ صَالِحِينَ مِنْ قَوْمِ نُوحٍ، فَلَمَّا هَلَكُوا أَوْحَى الشَّيْطَانُ إِلَى قَوْمِهِمْ، أَنِ انْصِبُوا إِلَى مَجَالِسِهِمُ الَّتِي كَانُوا يَجْلِسُونَ أَنْصَابًا وَسَمُّوهَا بِأَسْمَائِهِمْ، فَفَعَلُوا، فَلَمْ تُعْبَدْ، حَتَّى إِذَا هَلَكَ أُولَئِكَ وَتَنَسَّخَ العِلْمُ عُبِدَتْ»(كذا في صحيح البخاري -6/ 160/ 4920 – عَنِ ابْنِ عَبَّاسٍ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُمَا)،

“Бутҳои қавми Нӯҳро баъдан арабҳо бут гирифтаанд. Аммо бути бо номи Вад бути қабилаи Калб дар минтақаи Давмаи Ҷандал буд. Аммо Сувоъ бути қабилаи Ҳузайл  ва Яғӯс аввалан бути қабилаи Мурод буд ва баъдан бути Бани Ғутайф дар минтақаи Ҷавфи Сабаъ қарор гирифт. Аммо бути Яъуқ бути қабилаи Ҳамадон ва Наср бути Ҳимяриҳои Оли Зукилоъ буд.

Ин номҳо, яъне Вад ва Сувоъ ва Яғӯс ва Яъӯқ ва Наср дар асли худ номҳои мардони солеҳи қавми Нӯҳ мебошанд. Ҳангоме онҳо вафот карданд шайтон васваса кард барояшон то барои ҳар кадомашон бо номҳояшон муҷассама бисозанд ва дар маҷлисгоҳояшон бигузоранд. Онҳо чунин карданд ва дар ибтидо муҷассамаҳо парастиш намешуданд, то ки замоне сипари шуд ва касоне, ки онҳоро дида буданд вафот карданд ва илм аз байни ин қавм бардошта шуд ва ҷаҳл ҳоким гардид ва кор ба ҷое анҷомид, ки муҷассамаҳои солиҳон мавриди парастиш қарор гирифтанд”.

3- Ҳангоме Аллоҳ таоло ҳазрати Нӯҳро хабар кард, ки ба ҷуз касони ҳамроҳаш буда ва имон оварда дигар ҳеҷ каси дигаре аз қавмаш имон намеорад, он ҳазрат барои кофирони қавмаш дуои ҳалокат кард. Чуноне дар ояти 25 ва 26 сураи Нӯҳ омадааст:

{وَقَالَ نُوحٌ رَبِّ لَا تَذَرْ عَلَى الْأَرْضِ مِنَ الْكَافِرِينَ دَيَّارًا إِنَّكَ إِنْ تَذَرْهُمْ يُضِلُّوا عِبَادَكَ وَلَا يَلِدُوا إِلَّا فَاجِرًا كَفَّارًا}(نوح : 26 ، 27)   

“Нӯҳ гуфт: Парвардигоро бар рӯи замин аз кофирон ҳеҷ касеро боқӣ магузор! Чаро, ки агар ту ононро боқӣ гузорӣ бандагонатро гумроҳ мекунанд ва ба ҷуз фарзандони бадкору носипос ба бор наҳоҳанд овард”.

4-Аллоҳ таоло дуъои пайғамбарашро иҷобат кард ва кофирони қавмашро ҳалок сохт. Чуноне дар ояти 14 сураи “Анкабут” омадааст:

{ وَلَقَدْ أَرْسَلْنَا نُوحًا إِلَى قَوْمِهِ فَلَبِثَ فِيهِمْ أَلْفَ سَنَةٍ إِلَّا خَمْسِينَ عَامًا فَأَخَذَهُمُ الطُّوفَانُ وَهُمْ ظَالِمُونَ} )العنكبوت: 14(

“Ҳамоно Нӯҳро ба сӯи қавмаш фиристодем ва нуҳсаду панҷоҳ сол дар байни онҳо боқӣ монд, пас он қавмро, ки ситамгор буданд туфон фаро гирифт”.

5-Аллоҳ таоло ҳазрати Нӯҳро дастур ва таълим дод ва ӯ киштии бузурге сохт ва ҳамроҳи пайравонаш бар киштӣ савор шуд ва касоне вайро итоъат накарданд ҳамагӣ бо он туфони бузург даст ба гиребон шуда ҳалок гардиданд. Дар ин мавзӯъ дар ояти 15 сураи “Анкабут” чунин омадааст:

{فَأَنْجَيْنَاهُ وَأَصْحَابَ السَّفِينَةِ وَجَعَلْنَاهَا آيَةً لِلْعَالَمِينَ} )العنكبوت: 15(

“Онгоҳ ӯ ва киштинишинонро наҷот додем ва киштиро панду ибрате барои ҷаҳониён гардонидем”.

Ибрат дар инҷо дар ду чиз аст:

1-Дар зоти киштӣ ки асрҳо боқӣ монда буд ва мардум онро медиданд, ҳамчуноне дар баъзе тафсирҳо зикр шудааст ва ё дар оянда онро пайдо мекунанд ва мебинанд  .

2-Дар қиссаи киштӣ, ки ҳар касе даъвати Аллоҳ ва Расулро бипазирад, ҳамчуноне ҳамроҳони ҳазрати Нӯҳ аз бузургтарин туфон ва ҳалокат наҷот ёфтаанд, Аллоҳ таоло вайро аз бузургтарин ҳалокатҳо наҷот медиҳад.

6-Писари ҳазрати Нӯҳ, ки номашро Ибни Аббос дар тафсираш Канъон гуфтааст ва инчунин ҳамсараш мусулмон набуданд ва ҳамроҳи ҳазрати Нӯҳ дар киштӣ савор нашуданд ва дар он туфон ғарқ шудаву ҳалок шуданд.  Дар мавзуи писараш дар оятҳои 46-47 сураи “Ҳӯд” чунин омадааст:

{وَنَادَى نُوحٌ رَبَّهُ فَقَالَ رَبِّ إِنَّ ابْنِي مِنْ أَهْلِي وَإِنَّ وَعْدَكَ الْحَقُّ وَأَنْتَ أَحْكَمُ الْحَاكِمِينَ .قَالَ يَا نُوحُ إِنَّهُ لَيْسَ مِنْ أَهْلِكَ إِنَّهُ عَمَلٌ غَيْرُ صَالِحٍ فَلَا تَسْأَلْنِ مَا لَيْسَ لَكَ بِهِ عِلْمٌ إِنِّي أَعِظُكَ أَنْ تَكُونَ مِنَ الْجَاهِلِينَ}(هود: 46-47)

 “Ва Нӯҳ парвардигорашро садо кард ва гуфт: Парвардигоро” Ҳамоно писари ман аз хонаводаи ман аст ва ваъдаи Ту (барои наҷот додани ман) ҳақ аст ва Ту додгартарини додгарони! Аллоҳ гуфт: Эй Нӯҳ! Ӯ аз хонадони ту нест, ба рости, ки амали ношоиста аст. Бинобар ин ончиро, ки огоҳ нестӣ аз он мапурс! Ва ман ба ту панд медиҳам, ки аз нодонон набошӣ!”.

Аммо дар мавриди кофир будани ҳамсараш дар ояти 10 сураи “Таҳрим” чунин омадааст:

{ضَرَبَ اللَّهُ مَثَلًا لِلَّذِينَ كَفَرُوا امْرَأَتَ نُوحٍ وَامْرَأَتَ لُوطٍ كَانَتَا تَحْتَ عَبْدَيْنِ مِنْ عِبَادِنَا صَالِحَيْنِ فَخَانَتَاهُمَا فَلَمْ يُغْنِيَا عَنْهُمَا مِنَ اللَّهِ شَيْئًا وَقِيلَ ادْخُلَا النَّارَ مَعَ الدَّاخِلِينَ} )التحريم: 10(

 “Аллоҳ дар мавриди оқибати кофирон масали ду зан, зани Нӯҳ ва зани Лӯтро меорад, ки  дар никоҳи ду бандаи неке аз ҷумлаи бандагони некукори мо буданд ва ба Нӯҳ ва Лӯт хиёнат карданд. Нӯҳ ва Лӯт азоби Аллоҳро аз ҳамсарони худ дӯр карда натавонистанд ва ба он ду зан гуфта шуд: Ҳамроҳи ба дӯзах равандагон дар оташи дӯзах дароед”.


[1]. Колбад: қолиб, тан, бадан, ҷасад.


Ҳамди беҳад ҳазрати Маъбудро … – шарҳи Чоркитоб

Ҳамди беҳад он Худои покро … (шархи Чахор китоб)

Мақолаи қаблӣҲамди беҳад он Худои покро … (шархи Чахор китоб)
Мақолаи баъдӣОн, ки фармон кард қаҳраш бодро … – шарҳи Чоркитоб