Бо гузашти ҳар сол ихтироъкорон таҷҳизоти электронии муосир – соату даспонаҳои «оқил» – ро истеҳсол мекунанд, ки яке аз дигар бартарият дорад.

Барои ҷалби бештари ҳаводорони дастгоҳҳои замонавии электронӣ ширкати “Cicret” даспонаеро ихтироъ кардааст, ки бо ёрии «мини-проектор» ва чанд барномаи сенсорӣ экрани смартфонро болои пӯсти даст рӯнамо мекунад. Фаъолияти ин низоми корӣ ба алоқаи бесим монанд аст. Яъне, истифодабарандагон бо зер кардани ангушт болои нуқтаҳои рӯйи дасташон намоёншуда тамоми фармоишотро ба смартфон медиҳанд. Фармоишот бошанд, бе ягон мушкилот иҷро мешавад.
Дар ин даспона барномаи акселерометр низ ҷойгир шудааст, ки ҳар қадами соҳибашро сабт ва ҳисоб мекунад. Фаъолияти ин низоми корӣ дар дохили об низ кафолат дода мешавад. Даспона афканандаи 10 ранг буда, барномаи USB ҳам дорад.


