Шеър дар бораи Зимистон ва шеър дар бораи Барф аз сомонаи www.DONISH.su барои шумо. Шеър дар васфи Зимистон ва шеърҳо дар бораи барф >>
Қасидаи зимистон ба сабки баҳор
Ҷомаи симин ба болои баланди кӯҳсор
Сим дар санг аст ин сон дилнишину устувор.
Барф бо боли фаришта менишинад рӯйи барф,
Сим тал-тал мекунад баҳри ҷиҳози навбаҳор.
Коҷҳои сабз зери барф истоданд рост,
Ростон дар ҳеч аҳволе наяфтанд аз виқор.
Рӯйи барфи ширгун рақсанда зоғи қиргун,
Масти сармо гаштаву туркона хонад «қор-қор».
Ғӯраҳои лаългуни хор ҷо-ҷо рӯйи барф
Қатраҳои хун бувад шорида аз пойи шикор.
Теғи алмосаш бисояд бар тани алмоссанг,
Мекунад хирман ба даври хеш алмос обшор.
Тифли худро медиҳад гӯё ки аз сармо паноҳ,
Арчаро бар синаи худ ҷафс карда кӯҳсор.
Шӯшае аз гӯшаи боми зимистон бар дилат
Гар бияфтад, бишканад чун шиша, андӯҳе мадор.
Ин ҷаҳон гаштаст яксар сафҳае поку сафед,
Ҳар сиёҳӣ мешавад дар партави он ошкор.
Одамӣ аз заҳри афъӣ нӯшдору мекунад,
Ҳеч беморӣ намонад, сол бошад соли мор.
Мешавад Хуршед ҳар соат ба мо наздиктар,
Инак, инак, мерасад поёни фасли интизор.
Оҳуи барф
Ба чанголи бод аст гесуи барф,
Ҷаҳонро гирифта ҳаёҳуи барф.
Чу шоҳони афсонаҳои қадим
Ман аз пушти оҳуи ҷодуи барф
Биронам саманд аз уфуқ то уфуқ,
Рабуда нигоҳам талолуи барф.
Ба гӯшам занад занг халхоли ӯ,
Ба чашмам ниҳад пой ҳиндуи барф.
Куҷо меравам? Аз зиё то зиё,
Зи шаш сӯй рӯ кардаам сӯи барф.
Кӣ дида чунин фавҷи занбӯри шаҳд?
Ҷаҳон гашта яксар чу кандуи барф.
Ба шириният, ангубини сапед,
Фазои дилам медиҳад бӯи барф.
Рустами Ваҳҳоб (Феврали 2015) – Канду – хонаи занбӯри асал.
Кобини барф
Шаҳр чун моҳи саҳар биншаста дар озини барф,
Мебарад аз худ маро мусиқии симини барф.
Мекашад дилро ба гардун, менишонад дар замин
Бар сари мижгони сабзи сарв хезу шини барф.
Осмон гӯё заминро дар шакар бигрифтааст,
Об месозад дилашро қиссаи ширини барф.
Ранги якрангӣ ҷаҳонро ҳамнишон гардондааст,
Нест фарқе дар миёни хору гул дар дини барф.
То ба рухсорат нишаста ногаҳон бо ҳукми бод,
Мечакад оби ҳаё аз гунаи шармини барф.
Бе баҳое нест ин наззораи базми сафо,
Лолаи сурхи диламро медиҳам кобини барф.
Рустами Ваҳҳоб
ДАР ОСТОНИ ЗИМИСТОН
Намонд гул ба гулистон дар остони зимистон,
На як ҳазору на дастон дар остони зимистон.
Ба зери пориса гунҷишкҳо чу аҳли дабистон
Кушода маҳфили чистон дар остони зимистон.
Фиканда ҷома зи тан чун набарда муштзанон аст
Чанори бонии бустон дар остони зимистон.
Ба поси мӯйи сафедаш, сапеду пок навидаш
Зада ба зону куҳистон дар остони зимистон.
Ба паҳлу афтаду хезад, ба бол барф бибезад
Ба боғ зоғ чу мастон дар остони зимистон.
Нишаста об зи фаввора ё ки Гови Заминро
Намонда шир ба пистон дар остони зимистон?!
Сапед ранги шакар бин шакарнами саҳариро
Чаман шуда сари Дастон дар остони зимистон.
Фитода ҷоми булӯрӣ магар миёнаи сангоб
Зи дасти бодапарастон дар остони зимистон?
Хазон бибурд ба ғорат ҳазор рангу аз он беш
Кунун зи оташ бистон дар остони зимистон.
Шерозаи Зимистон
Насими субҳ баозарму нарм меояд,
Дар остини ҳарираш чӣ ҳадя пинҳон аст?
Шитобу шарфаи рӯд ончунон фузун гашта,
Магар ки хос фиристодае зи Зарвон аст.
Зи ҳар канор шамими салом мешунавӣ,
Замон замони дуруду сипосу эҳсон аст.
Ба ҳар чӣ чашм бияфтад, чу ғунча во гардад,
Паёми кист, ки бар боли атри райҳон аст?
Кашида бар лаби офоқ хатти нуронӣ,
Табассумест, ки шерозаи зимистон аст.
Оҳуи барф
Ба чанголи бод аст гесуи барф,
Ҷаҳонро гирифта ҳаёҳуи барф.
Чу шоҳони афсонаҳои қадим
Ман аз пушти оҳуи ҷодуи барф
Биронам саманд аз уфуқ то уфуқ,
Рабуда нигоҳам талолуи барф.
Ба гӯшам занад занг халхоли ӯ,
Ба чашмам ниҳад пой ҳиндуи барф.
Куҷо меравам? Аз зиё то зиё,
Зи шаш сӯй рӯ кардаам сӯи барф.
Кӣ дида чунин фавҷи занбӯри шаҳд?
Ҷаҳон гашта яксар чу кандуи барф.
Ба шириният, ангубини сапед,
Фазои дилам медиҳад бӯи барф.
Ҳарфи барф
Таборакаллаҳ, эй рӯҳи биҳиштӣ,
Ба шири ҳур оламро сириштӣ.
Ҷаҳон монанди дарёе сафед аст,
Ба амвоҷаш дилам монанди киштӣ.
Намеёбам намое аз сиёҳӣ,
Намебинам нишоне аз палаштӣ.
Биҳиште инчунинат буд Инсон,
Чи осонаш, дареғ, аз даст ҳиштӣ.
Дарахтон суф бар тан карда яксар,
Ба тасбеҳанд чун Абдоли Чиштӣ.[4]
Зи ҳарфи барф бишнав нуктае жарф:
Дурустӣ нест ҳаргиз дар дуруштӣ.
Чӣ беҳтар аз сапедӣ метавон гуфт?
Бигардон сафҳа, бар он чи навиштӣ.
Зимистон
Дар ҷӯй обҳо,
Дар чашм хобҳо,
Дар раҳ шитобҳо,
Дар дил суолҳо
Дар лаб ҷавобҳо
Ях баст,
Истод.
Аммо, дареғ,
Умр
Чун нур
Аз булур
Аз шишаҳои ях
Озод, бедиранг,
Ҳаймекунад убур,
Ҳаймекунад убур.
Декабри 2013