Ҳеҷ кори Худо бе ҳикмат нест (ҳикояи ҷолиб)

0

Марде ду духтар дошт, якеро ба як кишоварз ва дигареро ба як кӯзагар шавҳар дод.

Чанде баъд ҳамсараш ба ӯ гуфт: эй мард саре ба духтаронат бизан ва аҳволи онҳоро ҷӯё шав!

Мард низ аввал ба хонаи кишоварз рафт ва ҷӯёи аҳвол шуд. Духтарак гуфт, ки заминро шудгор кардаву дон пошидаем агар борон биборад хеле хуб аст ва агар наборад бадбахтем.

Мард ба хонаи кӯзагар рафт. Духтарак гуфт кӯзаҳоро сохтаем дар офтоб чидаем. Агар борон биборад бадбахтем ва агар наборад хуб аст.

Мард ба хонаи худ баргашт занаш аз авзо пурсид мард гуфт:

Чи борон биборад ва чи наборад мо бадбахтем…!

Ҳоли ҳикоят имрӯзи мост. Борон биборад хелеҳо бехонумон мешаванд ва хоб надорад ва агар наборад бисёриҳо обу ғизо надоранд…

…. ва ҳеҷ кори Худо бе ҳикмат нест…

Мақолаи қаблӣАломати тиббӣ (мори печида) аз куҷо пайдо шуд?
Мақолаи баъдӣТарзи хондани намози ТАХАЧУД (Таҳаҷҷуд)