Дар ин мақола, тарзи хондани намози Тахачуд, тарзи хондани намози шаб – тахаччуд, намози тахачуд чи тавр хонда мешавад бо забони точики маълумот оварда мешавад.
Намози ТАҲАҶҶУД чи гуна намоз аст??!
Ин намоз, намози ниёиш, намози талаб аз Парвардигор, намози раҳои аз дарду ғам, намози ҳоҷат ва намози хушбахтии зиндагист. Пас дустони азиз! Намози таҳаҷҷудро метавонед, ки дар дили шаб, яъне аз соатҳои 12 то соатҳои 4-и саҳар барпо кунед. Дар ин намоз, аз парвардигор ҳар чизеро, ки мехоҳед, талаб кунед, ин шо Аллоҳ хоҳишатон амалӣ мегардад, зеро ин намоз, намози талаби ҳоҷат ва намози ошиқӣ бо Худост. Намози таҳаҷҷуд, то даҳ ракаат хонда мешавад. Мисли намози таровеҳ ду ракаат ду ракаат хонда мешавад, то даҳ ракаат шуданд.
Нияти намози тахачуд
Нияти намози таҳаҷҷуд: Ният кардам бигузорам, ду ракаат намози таҳаҷҷуд, вақте ки бар ман аст, рӯй овардам ба қибла қибла ба ҷиҳати хонаи Каъба, Аллоҳу акбар.
Дар ин намоз кадом сураеро, ки хонед, албатта дуруст аст. Намози таҳаҷҷуд, намози нофила аст, яъне фарз нест. Пайғамбар (с.а.в) ин намозро худ мехондан ва беҳтарин намозаш арзёбӣ карданд. Дуо кунед, ин шо Аллоҳ ҳатто пулдору имондор мешавед.
Худованд дар Қуръон дар сураи Муззаммил ояти 2-юм, ба Пайғамбар (с) муроҷиат карда мефармояд: Шабро зинда бидор магар андакеро. Яъне як ҳиссае аз шабро шабзиндадорӣ карда, бо ёди Аллоҳ сипарӣ кунед. Худованд дар дигар ҷои Қуръон мефармояд: “Удъуни астаҷиблакум”, яъне ба сӯи ман дуъо кунед, пас ман қабул месозам.
Пас бародарон ва хоҳарони меҳрубонам! Ҳамеша дар ними шаб бо Худои худ ишқварзӣ кунед ва дуо кунед, пас ҳама мушкилотат бартараф мешавад. Пайғамбар (с.а.в) мефармояд: дуо ин силоҳи муъмин аст. Яъне ба воситаи дуо мо худро аз тамоми балоҳо раҳо мекунем.
Намози Тахаччуд тахачуд тарзи хондани намохи тахачуд, нияти намози тахаччуд
Дигар маводҳо: |