Аломати тиббӣ (мори печида) аз куҷо пайдо шуд?

0

Аломати тиббӣ, ки дар расм мебинед, яъне мори печида чӣ тавр пайдо шуд? Калимаи “бемор” чӣ маъно дорад? Ҷавоб ба ин саволҳо дар ин мақола оварда мешавад. www.DONISH.su |Сӯи ДОНИШ >>

Нақл аст, ки бо ҳуҷуми мушҳо ба шаҳри Ҳамадон, ки муҷиби шуюъи бемории тоун шуда буд, табиби ҳози Абуали Сино ба мардум дастур дод, ки барои муқобила бо мушҳо, аз мор истифода кунанд.

Ва баъдҳо низ ба поси ин кор дар сари роҳи морҳо ҷоми шаробе аз ангури сиёҳ мегузоштанд, то мор аз он бинушад ва заҳраш кушандатар шавад.

Аз он баъд, мор рамзи беҳдошт ва дорухонаҳо шуд. Бархе нигаҳдорӣ ва доштани морро нишонаи саломатӣ медонистанд ва ба афроде, ки зиёд мариз мешуданд, “бемор” мегуфтанд. Калимае, ки то ба имрӯз побарҷост ва ба ҳамин унвон истифода мешавад.


Манбаъ: гурӯҳи телеграмии @tjmuallim.

Мақолаи қаблӣБаёни мафҳуми зан бо истифодаи алифбо – шухиҳои тоҷикона
Мақолаи баъдӣҲеҷ кори Худо бе ҳикмат нест (ҳикояи ҷолиб)