Аз гӯсфанде пурсиданд, ки агар ту гург будӣ, чӣ коре мекардӣ?
Гӯсфанд гуфт: – Ман гургҳоро ба алаф хӯрдан одат медодам, ки дигар ба гӯсфандони бегуноҳ ҳамла накунанд.
Аз гург низ пурсиданд, ки агар гӯсфанд будӣ, чӣ мекардӣ?
Гуфт: – Ман ба гӯсфандон меомӯхтам, ки чӣ тавр бо ду пои қафо ба сари гургҳо бизананд ва онҳоро ҳалок созанд.
Ҳадаф аз ҳикмат: Зоти ҳеҷ ҳайвонеро наметавон иваз кард ва одамони бадкору каҷрафторро низ ҳамчунон.
Манбаъ: Рангинкамон, Замимаи “Ворисони Сомониён”.
Одами бадрафторро иваз карда мешавад. Фақат методи лозимаро ёфтан даркор…
Дуруст, аммо айни замон аз ашхоси методи лозимаро медонистагӣ танҳо шумораи ангуштшумор мондааст.