Чи тавр вақтро сарфа кунем?

0

Чизҳои муҳимтарин, ки барои сарфаи вақт кӯмак мерасонанд:

1. Чизҳоро ба тартиб оваред.

2. Аз бекорӣ ва нишастҳои беҳуда канораҷӯӣ намоед.

3. Дар ҳама ҳолатҳо аз корҳои зиёдатӣ даст кашед.

4. Бо одамони оқил, доно ва меҳнатдӯст, ки вақту дақиқаро қадр мекунанд, дӯст шавед.

5. Хондани хабарҳо дар бораи олимони бузург, тарҷумаи ҳоли онҳо ба кас илҳом мебахшад.

6. Аз мутолиа лаззат баред.

7. Пайваста барои баланд бардоштани маърифат ва огоҳӣ кӯшиш кунед. Ҳамаи ин барои қадр кардани вақт ва ҳифз намудани он хизмат мекунад. Шуморо тарбия мекунад, то ки ҳимоятгари вақт бошед, на онро беҳуда сарф намоед.

Мақолаи қаблӣЗани хуби фармонбари порсо (ҳикояи ҷолиб)
Мақолаи баъдӣЗиракӣ ва макри зан (ҳикоя)