Дар умум ҳама чиз қонунҳои худро дорад. Ҳаёт низ аз чунин қонунҳо холӣ нест. Якчанд қонуни маъмулии ҳаётро барои шумо гирдоварӣ намудем, дӯстони азиз. Амал намоед, ҳаётро дарк хоҳед кард.

- Агар шумо аз пайи чизе, ки мехоҳед наравед, ҳеҷ гоҳ аз шумо нахоҳад буд.
- Агар шумо ҳеҷ гоҳ напурсед, ҷавоб ҳамеша “не” хоҳад буд.
- Агар қадам ба пеш нагузоред, ҳамеша дар як ҷой хоҳед монд.
- Ба гузаштаатон танҳо табассум намоед, на чизи дигар, чунки наметавонад ҳозираи шуморо вайрон кунад.
- Чизе ки дигарон дар бораи шумо фикр мекунанд, ба шумо вобаста нест.
- Вақт қариб ҳама чизро табобат мекунад, вақташон деҳ.
- Ғайри худатон касе масъул ва ғамхори хушбахтии шумо нест.
- Табассум намоед. Ҳама мисли Шумо мушкилӣ доранд! Шояд аз Шумо ҳам зиёдтар!
Дар ҳаёт боз чи чизҳо метавонанд қонун бошанд, назаратонро нависед…



Дар ҳақиқат дуруст