Тафсири Сураи Хумаза Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ҳумаза Ояти 6
نَارُ اللّٰهِ الۡمُوۡقَدَةُ ٦
Наруллоҳи-л-муқадаҳ. 6.
6. (Он) оташи афрӯхтаи илоҳӣ аст,
“Ҳутамаҳ” оташест (дар Ҷаҳаннам), ки онро Аллоҳтаъоло афрӯхтааст. Дараҷаи ҳарорати он оташ хеле баланд буда, доимо шӯъла мезанад. Гармӣ ва ҳарорати он бо гармии оташи Замин қобили муқоиса нест.
Дар шарҳи маънои “Ҳутамаҳ” Расулуллоҳ (с) гуфтаанд: “Оташи онро ҳазор сол афрӯхтанд, сурх шуд, ҳазор соли дигар афрӯхтанд, сафед шуд, боз ҳазор сол афрӯхтанд, ҳатто сиёҳ шуд ва ҳоло сиёҳу торик аст.”
Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳумаза «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «