Имони муҷмал ва Имони муфассал

0

Имони мучмал ва Имони муфассал.


Мурод аз имони муҷмал ба таври мухтасар ва фишурда иқрору тасдиқ кардани аркон ва аҳкоми имон аст.

Мурод аз имони муфассал ба таври васеътар ва муфассалтар иқрору тасдиқ кардани аркон ва аҳкоми имон аст.

Алфози имони муҷмал дар ҳадисҳои саҳеҳ чунин омадааст:

1- ” فَلْيَقُلْ:آمَنْتُ بِاللهِ”.(كذا في صحيح مسلم -1/ 119  134-عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ،).

“….Оманту биллоҳ”.

 “Имон овардаам ба Аллоҳ”.

2- آمَنْتُ بِاللهِ وَبِرُسُلِهِ» (كذا في صحيح مسلم -4/ 2244- عن ابن عمر)

“Оманту биллоҳи ва бирусулиҳ”.

 “Имон овардаам ба Аллоҳ ва ба пайғамбаронаш”.

Лафзи ихтиёркардаи уламои ҳанафӣ барои имони муҷмал:

“اّمَنتُ بِاللهِ كَمَا هُوَ بِاَسمَائِه وَ صِفَاتِه وَ قَبِلتُ جَمِيعَ اَحكَامِهِ”.

“Оманту биллоҳи камо ҳува биасмоиҳи ва сифотиҳи ва қабилту ҷамиъа аҳкомиҳ”.

 “Имон овардаам ба Аллоҳ, ҳамчуноне Ӯ бо исмҳо ва сифатҳояш аст ва тамоми ҳукмҳояшро қабул кардаам”.

Алфози имони муфассал дар ҳадисҳои саҳеҳ чунин омадааст:

1-“أَنْ تُؤْمِنَ بِاللهِ،وَمَلَائِكَتِهِ وَكِتَابِهِ وَلِقَائِهِ  وَرُسُلِهِ،وَتُؤْمِنَ بِالْبَعْثِ الْآخِر»(كذا في صحيح مسلم -1/ 39- 5)

“Ин, ки имон биорӣ ба Аллоҳ ва фариштагонаш ва китобҳояш ва мулоқот карданаш ва пайғамбаронаш ва ба дубора зинда шудани баъди мурдан”.

2- “أَنْ تُؤْمِنَ بِاللهِ،وَمَلَائِكَتِهِ، وَكُتُبِهِ، وَرُسُلِهِ، وَالْيَوْمِ الْآخِرِ،وَتُؤْمِنَ بِالْقَدَرِ خَيْرِهِ وَشَرِّهِ» (كذا في صحيح مسلم -1/ 37)

“Ин, ки имон биорӣ ба Аллоҳ ва фариштагонаш ва китобҳояш ва пайғамбаронаш ва ба рӯзи қиёмат ва имон биори бар ин, ки тамоми умури хайру шарри олам аз ҷониби Аллоҳ таоло тақдир ва сарнавишт шудаанд ”.

3- «اَنْ تُؤْمِنَ بِاللهِ، وَمَلائِكَتِهِ،وَالْجَنَّةِ وَالنَّارِ،وَالْبَعْثِ بَعْدَ الْمَوْتِ،وَالْقَدَرِكُلِّهِ”. (كذا في مسند أحمد ط الرسالة -1/ 315: عن عمر.و إسناده صحيح ).

“Ин, ки имон биорӣ ба Аллоҳ ва фариштагонаш ва ба биҳишту дӯзах ва ба дубора зинда шудани баъди мурдан ва бар ин, ки тамоми умури олам аз ҷониби Аллоҳ тақдир ва сарнавишт шудаанд”.

4- “أَنْ تُؤْمِنَ بِاللَّهِ وَمَلَائِكَتِهِ وَكُتُبِهِ وَرُسُلِهِ وَتُؤْمِنَ بِالْجَنَّةِ وَالنَّارِ وَالْمِيزَانِ وَتُؤْمِنَ بِالْبَعْثِ بَعْدَ الْمَوْتِ وَتُؤْمِنَ بِالْقَدَرِ خَيْرِهِ وَشَرِّهِ” ( كذا في وفي صحيح ابن حبان – محققا -1/ 398- عن عمر و إسناده صحيح)

“Ин, ки имон биорӣ ба Аллоҳ ва фариштагонаш ва китобҳояш ва пайғамбаронаш ва ба биҳишту дӯзах ва ба ҳақ будани тарозӯи амалҳо ва ба рӯзи қиёмат ва ба дубора зинда шудани баъди мурдан ва имон биори бар ин, ки тамоми умури хайру шарри олам аз ҷониби Аллоҳ таоло тақдир ва сарнавишт шудаанд ”.

Лафзи ихтиёркардаи уламои ҳанафӣ барои имони муфассал:

“آمَنت بِاللَّه وَمَلَائِكَته وَكتبه وَرُسُله وَالْيَوْم الآخر وَالْقدر خَيره وشره من الله تَعَالَى والبعث بعد الْمَوْت”.

“Оманту биллоҳи ва малоикатиҳи ва кутубиҳи ва русулиҳи валявмил охир валқадари хайриҳи ва шарриҳи миналлоҳи таоло валбаъси баъдалмавт”.

“Имон овардам ба Аллоҳ ва фариштагонаш ва китобҳояш ва пайғамбаронаш ва ба рӯзи қиёмат ва бар ин, ки тамоми умури хайру шарри олам аз ҷониби Аллоҳ таоло тақдир ва сарнавишт шудаанд ва ба дубора зинда шудани баъди мурдан”.

Мақолаи қаблӣШаш калимаи динӣ (арабӣ ва тоҷикӣ)
Мақолаи баъдӣМаърифати намоз