Маърифати намоз

0

1– Намозро ба забони арабӣ салот мегӯянд ва маънои салот ба забони тоҷикӣ дуруд ва дуъост.

2- Намоз дар шариъат бузургтарин аркони амалии ислом аст, ки гузориданашро Аллоҳ таоло дар Қуръони карим амр кардааст ва Пайғамбар (с) дар суннат кайфияти гузоридани онро таълим додааст ва баён кардааст. Яке аз далелҳои амру дастури Аллоҳ таоло ояти 43 сураи “Бақара” аст:

{وَأَقِيمُوا الصَّلَاةَ وَآتُوا الزَّكَاةَ وَارْكَعُوا مَعَ الرَّاكِعِينَ} )البقرة: 43(

“Ва намозро барпо доред ва закотро бипардозед ва бо намозгузорон намоз бигузоред”.

Яке аз далелҳои таълим додани Пайғамбар (с) кайфияти гузоридани намозро, ривояти “Саҳеҳи Бухорӣ” аст, ки дар он Расули акрам (с) чунин гуфтааст:

” …وَصَلُّوا كَمَا رَأَيْتُمُونِي أُصَلِّي…” . (كذا في صحيح البخاري -9/ 87/ 7246 )

“Ва намоз бигузоред, ҳамчуноне ки манро дидаед намоз гузоридам”.

Намози таълимдодаи Пайғамбар (с) дарбаргирандаи фарзу воҷиб ва суннату мустаҳаб буда аслу асоси он аз қиём, қироъат, рукуъ, саҷда ва қаъда иборат аст ва  бо такбир, яъне “Аллоҳу акбар” оғоз мешавад ва бо салом додан, яъне бо “Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ” гуфтан ба итмом мерасад.

Мақолаи қаблӣИмони муҷмал ва Имони муфассал
Мақолаи баъдӣМарҳилаҳои фарз шудани намоз