Коғаз аз чи тайёр мешавад?

0

Когаз чи тавр сохта мешавад? Ихтирои когаз, Когаз аз чи сохта мешавад? Ҷавоб ба ҳамаи ин саволҳо ва маълумот дар бораи когаз аз сомонаи мо Donish.su – Суи ДОНИШ.

Аз дарахт (чӯб)  ба коғаз

Коғаз аз нахҳои селюлоза, ки асосашро дарахт ташкил  мекунад, ҳосил карда мешавад.

Аз кундаҳои арракардаи танаи дарахт – аррамайда (гарди арра) тайёр мекунанд ва бо об меомезанд. Маҳлули ҳосилшударо бо кислотаи хлорид ва ё воситаҳои дигар шустагарӣ мекунанд.

Баъд онро коркард менамоянд, яъне бо об омехта карда, аз он нах ҷудо мекунанд. Маҳсулоти тайёршударо барои он ки рангро ба худ накашад бо ширеш омехта мекунанд ва ба воситаи пластинаҳои махсуси металлӣ пресс (фишор) мекунанд.

Баъд онро ҳамвор карда мехушконанд. Маҳсулоти тайёршуда коғаз мебошад.

Оё ҳаво вазн дорад?

Мақолаи қаблӣРезин чаро меёзад (дароз мешавад)?
Мақолаи баъдӣЗану шавхар – Фарқ байни ЗАНИ ДОНО ва ЗАНИ БОАҚЛ