Сураи Иншиқоқ Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Иншикок Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Иншиқоқ Ояти 6

يٰۤاَيُّهَا الۡاِنۡسَانُ اِنَّكَ كَادِحٌ اِلٰى رَبِّكَ كَدۡحًا فَمُلٰقِيۡهِ‌ۚ ٦

Йа айюҳа-л-инсану иннака кадиҳун ила Раббика кадҳан фа мулақӣҳ. 6.

6. «Эй инсон, ҳаройина, то расидан ба Парвардигори худ бо кӯшиши тамом заҳматкашандаӣ. Пас, ту Ӯро рӯбарӯ мешавӣ».

Валлоҳу аълам, таҳти хитоби ин ояти карима оммаи мардум дохиланд. Яъне Аллоҳтаъоло фармудааст,ки эй одамӣ, ту дар тӯли умри кӯтоҳи худ ҳар лаҳза барои иҷрои амалҳои гуногун дар ҷустуҷӯю сарсонӣ будӣ. Бо ҷаҳду талоши бисёр заҳмати зиёд кашида, бошитоб ба анҷоми зиндагият, ба охири умрат расидӣ, ки он лаҳзаи марг аст. Акнун рӯзе, ки бароят мерасад ту бо тамоми амалҳои иҷро намудаат, хоҳ хайр (нек) бошанд, хоҳ шарр (бад), бо Парвардигори худ рӯбарӯ мешавӣ. Ба ивази заҳматҳои кашидаи худ подоши арзанда мегирӣ. Яъне агар гунаҳкор бошӣ, ҷазо ва накӯкор бошӣ, мукофоти амалҳоятро мебинӣ!


Рӯйхати оятҳои Сураи Иншиқоқ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Иншиқоқ Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Иншиқоқ Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)