Тафсири Сураи Исро Ояти 102 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Исро Ояти 102
قَالَ لَقَدْ عَلِمْتَ مَا أَنْزَلَ هَٰؤُلَاءِ إِلَّا رَبُّ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ بَصَائِرَ وَإِنِّي لَأَظُنُّكَ يَا فِرْعَوْنُ مَثْبُورًا ١٠٢
Қола лақад ъалимта ма анзала ҳаулаи илла Раббу-с-самавати ва-л-арЗи басаира ва иннӣ ла азуннука йа Фиръавну масбуро. 102.
102. Гуфт: «Дар ҳақиқат, ту донистаӣ, ки ин нишонаҳоеро, боиси биниш ҳаст ба ҷуз Парвардигори осмонҳо ва Замин (касе) нафиристодааст. Ва ҳаройина, эй Фиръавн, туро ҳалокшуда мепиндорам».
Вале Мӯсо (а) дар баробари туҳматҳои Фиръавн сукутро ихтиёр накард, балки қотеъона ба Фиръавн гуфт, ки ту хуб медонӣ, ки ин муъҷизаҳоеро, ки туро ва монандони туро аз хоби ғафлат бедор мекунанд, ба ғайр аз Парвардигори осмонҳо ва Замин, зоти дигар офарида наметавонад.
Дида истодаӣ, ки ҳамаи онҳо далелҳои равшан барои тасдиқи пайғамбарии мананд. Бо воситаи онҳо метавон Қудрату Бузургии Парвардигорро шинохту фаҳмид, чаро ҳақро дидаву дониста инкор мекунӣ? Акнун эй Фиръавн дар ояндаи наздик ҳалок шудани ту яқин хоҳад буд. Чун Фиръавн устувории суханҳо ва далелҳои Мӯсо (а)-ро мушоҳида кард, ба ҷои он, ки назди каломи ҳақ таслим шавад, чун дигар золимҳо алайҳи Мӯсо (а) қувваро ба кор андохт.
Рӯйхати оятҳои Сураи Исро «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «