Сураи Исро Ояти 62 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Исро Ояти 62 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Исро Ояти 62

قَالَ أَرَأَيْتَكَ هَٰذَا الَّذِي كَرَّمْتَ عَلَيَّ لَئِنْ أَخَّرْتَنِ إِلَىٰ يَوْمِ الْقِيَامَةِ لَأَحْتَنِكَنَّ ذُرِّيَّتَهُ إِلَّا قَلِيلًا ٦٢

Қола а-раайтака ҳаза-л-лазӣ каррамта ъалайя ла ин аххартани ила явми-л-қийамати ла аҳтаниканна зуррийятаҳу илла қалӣла. 62.

62. Бори дигар Иблис гуфт: «Оё Ту ин шахсро дидӣ, ки ӯро бар ман гиромӣ кардӣ? Агар маро то рӯзи қиёмат муҳлат диҳӣ, албатта, авлоди ӯро ба ҷуз андаке аз бех барканам».

Чун Худованд Одам (а)-ро мукаррам гардонид, даруни шайтон аз ҳуқду ҳасад пур шуд, дигар ӯ тоқат карда натавонист, боз ҳам худро баланд ва Одам (а)-ро паст шуморида, назди Худованд беадабӣ карда, бо ҷуръат гуфт, ки Парвардигоро! Ту маро аз оташ офаридӣ ва ӯро аз гил. Чаро Одамро бар ман бартарӣ додӣ? Баъдан бо чашми ҳақорат ба Одам (а) ишора карда, ба Худованд гуфт, ки ба ман хабар деҳ, ки оне, ки қадрашро бар ман баланд кардӣ, магар ҳамин аст? Хулоса, шайтон бо фикри худ Одам (а)-ро паст шуморид ва надонист, ки бо ин кибр ва саркашиаш сабаби лаънати Худованд мегардад. Ӯ дид, ки кори мешудагӣ шуд, дигар чорае надорад, роҳи дигареро пеш гирифт ва ният кард, ки чи хеле, ки набошад, бисёртарини авлоди Одам (а)-ро бо васвасаҳои худ ба иғво андозад, аз роҳ занаду мисли худ бадбахт гардонад. Аз ин сабаб ба Худованд гуфт, ки агар умри маро то рӯзи қиёмат дароз кунӣ ва муҳлатам диҳӣ, қатъан фарзандони Одамро чун асп лаҷом мезанам, ба иғво андохта, ба кадом тарафе, ки хоҳам мекашам. Магар андаке аз онҳоро ба найранги худ фиреб дода наметавонам. Онҳо касоне ҳастанд, ки дар имону ихлосашон устуворанд ва аз ин сабаб Худованд аз шарри ман онҳоро дар ҳимояи худ гирифтааст. (Нигар ба ояти 42-уми сураи «Ҳиҷр» ва ояти 65-уми ҳамин сура). Валлоҳу аълам. Ҷавоби Худованд ба Иблис дар ояти зер баён мегардад:


Рӯйхати оятҳои Сураи Исро «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Исро Ояти 61 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Исро Ояти 63 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)