Аллоҳ таоло дар ояти 275 сураи “Бақара” чунин фармудааст:
{الَّذِينَ يَأْكُلُونَ الرِّبَا لَا يَقُومُونَ إِلَّا كَمَا يَقُومُ الَّذِي يَتَخَبَّطُهُ الشَّيْطَانُ مِنَ الْمَسِّ} )البقرة: 275(
“Касоне, ки рибо мехуранд фардои қиёмат барнамехезанд аз қабрҳояшон, магар бармехезанд монанди касе, ки шайтон ӯро дучори девонагӣ кардааст”.
Дар ривояти “Муснади Имом Аҳмад” бо санади ҳасан чунин ривоят шудааст:
“وفي مسند أحمد ط الرسالة -29/ 92/ 17549 -عَنْ يَعْلَى بْنِ مُرَّةَ،عَنْ أَبِيهِ -، أَنَّ امْرَأَةً جَاءَتْ إِلَى النَّبِيِّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ مَعَهَا صَبِيٌّ لَهَا بِهِ لَمَمٌ،فَقَالَ النَّبِيُّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ:”اخْرُجْ عَدُوَّ اللهِ، أَنَا رَسُولُ اللهِ قَالَ: فَبَرَأَ”.(حديث حسن.السلسلة برقم -485-والمستدرك للحاكم برقم -4232-وصححه ووافقه الذهبي وهوحسن)
“Зане назди Пайғамбар (с) ҳамроҳи писараш омад, ки ҷинзада буд ва Пайғамбар (с) ба вай гуфт: Аз вай хориҷ шав, эй душмани Аллоҳ, ки ман Пайғамбари Аллоҳам! Аллоҳ таоло ба вай шифо дод”.
Дар ривояти “Сунани Ибни Моҷа” бо санади саҳеҳ Усмон ибни Абулос разияллоҳу анҳу чигуна хориҷ кардани Пайғамбар (с) ҷинро аз вай, чунин ривоят кардааст:
“وفي سنن ابن ماجه -2/ 1174/ 3548 -عَنْ عُثْمَانَ بْنِ أَبِي الْعَاصِ قَالَ:..قَالَ: فَضَرَبَ صَدْرِي بِيَدِهِ، وَتَفَلَ فِي فَمِي وَقَالَ: «اخْرُجْ عَدُوَّ اللَّهِ»فَفَعَلَ ذَلِكَ ثَلَاثَ مَرَّاتٍ،ثُمَّ قَالَ:الْحَقْ بِعَمَلِكَ» قَالَ:فَقَالَ عُثْمَانُ:فَلَعَمْرِي مَا أَحْسِبُهُ خَالَطَنِي بَعْدُ» (وحكم المحقق: صحيح).
“Бо дасташ ба синаам зад ва дар даҳонам туф кард ва гуфт: Хориҷ шав эй душмани Аллоҳ! Се маротиб чунин кард ва ба ман гуфт: Пушти корат бирав! Қасам ба бақоям гумон намекунам, ки дигар шайтон ба ман даромада бошад”.
Ин ҳақоиқи таъсири ҷин бар рӯҳи инсон 14 аср мешавад дар Қуръон ва суннат зикр шудаааст, ки уламои муосири тиб баъди таҷрибаҳои зиёде дар асрҳои ахир риштае тиббӣ бо номи “мисоси рӯҳӣ” таъсис додаанд ва дар роҳи илоҷи он қадамҳо бардоштаанд, гарчанде қабл аз нузули Қуръон ҳам ҷинзадаҳо буданд ва баъзеҳо қаблан ҳам дар ин маврид назарҳо додаанд ва табобатҳо мекарданд, вале на аз тариқи ин риштаи илми ҷадид.


