Хоб бародари марг аст (муъчизаи Куръон)

0

Хоб бародари марг аст (муъчизаи Куръон)

Дар ин мавзӯъ дар ояти 42 сураи «Нур» чунин омадааст:

{اللَّهُ يَتَوَفَّى الْأَنْفُسَ حِينَ مَوْتِهَا وَالَّتِي لَمْ تَمُتْ فِي مَنَامِهَا فَيُمْسِكُ الَّتِي قَضَى عَلَيْهَا الْمَوْتَ وَيُرْسِلُ الْأُخْرَى إِلَى أَجَلٍ مُسَمًّى إِنَّ فِي ذَلِكَ لَآيَاتٍ لِقَوْمٍ يَتَفَكَّرُونَ } )الزمر: 42(

“Аллоҳ рӯҳҳоро ба ҳангоми маргашон бармегирад ва низ он касе, ки намурдааст рӯҳи ӯро ҳангоми хобаш мегирад. Рӯҳи онеро, ки ба марг ҳукм кардааст нигоҳ медорад ва рӯҳи он дигарро (ки ҳукм ба марг накардааст) то замони муъайяне раҳо мекунад. Дар ин кор нишонаҳои равшане барои андешмандон аст”.

Аз ин оят бармеояд, ки дар ҳолати хоб Аллоҳ таоло рӯҳи инсонро хориҷ мекунад ва ончиро инсон дар хоб мебинад дар ҳақиқат рӯҳаш ҳангоми берун аз ҷасадаш будан дидааст. Зеро шахси хоб ончиро ё он касонеро, ки дар бедорияш надида бошад, онҳоро дар хоб бубинад ва баъди хоб диданаш бо онҳо мулоқот бикунад онҳоро мешиносад.

Яке аз донишмандоне, ки ба хуруҷи рӯҳ аз бадан назар додаанд доктор Гедсон Тотал дар китобаш “Асрори рӯҳӣ” мебошад, ки вай мегӯяд: Яке аз далелҳои ин, ки ҳангоми хоб рӯҳ аз бадан хориҷ мешавад ва ба саёҳат меравад озмоишест, ки бо як хонуме сурат гирифтааст.  Он хонум кӯри модарзод буд ва падидаҳои зиёдеро дар хобаш медид ва онҳоро ҳамчуноне ҳастанд сифат ва баён мекард. Замоне ин хонум вафот кард сарашро колбадшикофӣ карданд ва бидиданд, ки  рагҳои биноияш модарзод мурда будаанд ва чашмонашро бо амалиёт ташхиси дақиқ карданд, маълум гардид, ки модарзод нобино будааст”.

Аз ҷиҳати хуруҷи муваққати рӯҳ аз бадан дар ҳангоми хоб Пайғамбар (с) хобро бародари марг гуфтааст. Дар ин мавзӯъ дар ривояти Баззор бо санади саҳеҳ  аз Пайғамбар (с) чунин савол карда шудааст:

“وفي مجمع الزوائد ومنبع الفوائد -10/ 415/ 18740 -عَنْ جَابِرِ بْنِ عَبْدِ اللَّهِ قَالَ: «سُئِلَ رَسُولُ اللَّهِ – صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ – فَقِيلَ: يَا رَسُولَ اللَّهِ، أَيَنَامُ أَهْلُ الْجَنَّةِ؟ فَقَالَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ:”النَّوْمُ أَخُو الْمَوْتِ، وَأَهْلُ الْجَنَّةِ لَا يَنَامُونَ» “. (رَوَاهُ الطَّبَرَانِيُّ فِي الْأَوْسَطِ، وَالْبَزَّارُ، وَرِجَالُ الْبَزَّارِ رِجَالُ الصَّحِيحِ”. وفي “تنبيه القارئ” -1/ 32: قال (الألباني) في تخريج المشكاة (جـ 3 ص 1583) : إسناده ضعيف. انتهى. قلت: قد خالف هذا فخرجه في سلسلة الأحاديث الصحيحة وصححه المجلد الثالث برقم -1087) .

“Оё биҳиштиён хоб мекунанд? Пайғамбар (с) гуфт: Хоб бародари марг аст ва биҳиштиён намемиранд”.

Оре, масъалаи хуруҷи рӯҳ дар аснои хоб дар Қуръон 14 аср мешавад мазкур аст, вале баъди таҳқиқоти зиёд уламои улуми дунявӣ  асрҳо баъд ба ин ҳақиқат расидаанд.


Рӯйхати мавзӯҳои Шарҳи Чоркитоб <<

Мақолаи қаблӣМуъчизахои Куръон. Муъҷизаҳои Қуръон
Мақолаи баъдӣҶинзадагӣ ё мисоси рӯҳӣ (Чинзадаги ё мисоси рухи)