Муъчизахои Куръон. Муъҷизаҳои Қуръон #2

0

Мурод аз муъҷизаҳои Қуръон умурест, ки инсонҳо аз донистан ё содиркардани онҳо оҷиз мебошанд. Барои исботи ҳақ будани Қуръони карим Аллоҳ субҳонаҳу ва таоло аз тариқи ҳодисаҳои рухдода дар олам ва дар нафсҳои фарзандони Одам ва ё аз роҳи кашфиётҳои улуми ҷадид ва ғайра он муъҷизаҳои Қуръониро барои бандагонаш ошкор мекунад ва нишон медиҳад. Зеро дар ояти 53 сураи “Фуссилат” чунин ваъда додааст:

{سَنُرِيهِمْ آيَاتِنَا فِي الْآفَاقِ وَفِي أَنْفُسِهِمْ حَتَّى يَتَبَيَّنَ لَهُمْ أَنَّهُ الْحَقُّ أَوَلَمْ يَكْفِ بِرَبِّكَ أَنَّهُ عَلَى كُلِّ شَيْءٍشَهِيدٌ} (فصلت: 53)

“Ба зудӣ нишонаҳои худро дар каронаҳои олам ва дар нафсҳои худашон ба онон нишон медиҳем, то барояшон равшан шавад, ки он (яъне Қуръон) ҳақ аст. Оё бар ҳама чиз ҳозир ва гувоҳ  будани Парвардигорат кифояткунанда нест”.

Ислом, коран куръон

ПАСТАРИН НУҚТАИ ЗАМИН

Дар оятҳои 1-4 сураи “Рӯм” Аллоҳ таоло чунин фармудааст:

{الم .غُلِبَتِ الرُّومُ . فِي أَدْنَى الْأَرْضِ وَهُمْ مِنْ بَعْدِ غَلَبِهِمْ سَيَغْلِبُونَ . فِي بِضْعِ سِنِينَ لِلَّهِ الْأَمْرُ مِنْ قَبْلُ وَمِنْ بَعْدُ وَيَوْمَئِذٍ يَفْرَحُ الْمُؤْمِنُونَ} )الروم: 1 – 4(

“Алиф, Лом, Мим. Рӯмиён дар (ҷанги воқеъшуда дар) пасттарин нуқтаи замин шикаст хурданд, вале онон баъди шикасташон дар муддати чандсоле пирӯз мешаванд. Умури қаблан воқеъшуда ва баъдан воқеъшаванда ҳама аз ҷониби Аллоҳ аст ва дар он рӯз муъминон шод мешаванд”.

Дар ин ояти карима ду муъҷиза ҳаст, ки якеро гузаштагон бо чашми сар дидаанд ва дигараш ончизест, ки уламои замони мо кашф кардаанд.

Аммо муъҷизаи аввал: Дар ибтидои ислом, ки мусулмонон бисёр каму заъиф ва дар зери шиканҷаи мушрикони қурайш қарор доштанд, ки онҳоро мекуштанд ва азият медоданд. Мусулмонон мушрикони қурайш ва дӯстони онҳо маҷусиёни Форсро ба сабаби оини ширкӣ ва зулму ситамашон бад медиданд ва нисбат ба аҳли китоб, яъне яҳудиён ва насрониён хушбин буданд. Дар ин асно дар соли 612 милодӣ дар байни рӯмиҳои насронӣ  ва форсҳои маҷусӣ ҷанг даргирифт ва форсҳо пирӯз шуданд ва мушрикон шод шуданд ва аз ин воқеъа мусулмонон, ки мазлум буданд ва ҳолашон бисёр бад буд ғамгин шуданд ва Аллоҳ таоло бо нозил кардани ин оятҳо хабардорашон кард, ки баъди чанде дубора ҷанг мешавад ва дар он румиҳои насронӣ пирӯз мегарданд ва дар он вақт мусулмонон шод ва мушрикон ғамгин хоҳанд шуд. Чуноне медонем се сол баъд дар соли 615 милодӣ баъд аз шикасташон румиҳо бар форсҳо пирӯз шуданд ва мусулмонон хурсанд шуданд ва амалӣ шудани муъҷизаи Қуръонро, ки аз воқеаи се сол баъд воқеъшавандаро хабар дода буд, бо чашми сар дидаанд.

Муъҷизаи дуввум:  Муъҷизаи дуввумаш ин ҳаст, ки Қуръон аз воқеъ шудани ин ҷанг дар “Аднои замин”, яъне пастарин нуқтаи замин хабар додааст. Ин ҳақиқатро дар замони мо уламо бо сурат гирифтани қисматҳои замин аз кайҳон ва таҳқиқотҳои илмӣ хабардор шудаанд, ки макони ин ҷанги таърихӣ дар минтақае аз Фаластин воқеъ шудааст ва онҷо пастарин нуқтаи замин аст.


ПАРДАИ ЧАШМ

Аллоҳ субҳонаҳу ва таоло дар ояти 84 сураи “Юсуф” суханони пайғамбараш ҳазрати Яъқуб (а)-ро чунин нақл кардааст:

 { وَقَالَ يَا أَسَفَى عَلَى يُوسُفَ وَابْيَضَّتْ عَيْنَاهُ مِنَ الْحُزْنِ فَهُوَ كَظِيمٌ} )يوسف: 84(

“Ва гуфт (Яъқуб а-с): Во дареғо бар Юсуф! Ва чашмонаш аз андуҳ сафед ва нобино гардид, дар ҳоле, ки саршор аз ғам буд”.

Барои табибони замони мо  маълум аст, ки ғаму андуҳ ва гиряву нолаи бисёр ва изтиробу ташвишҳои равонӣ яке аз сабабҳои боло рафтани фишор ва пайдоиши пардаи чашм шуда метавонад. Чуноне мебинем дар ин ояти зикршуда 14 аср қабл Аллоҳ таоло иллати пайдоиши пардаи чашмро дар чашмони ҳазрати Яъқуб (а) зикр карда гуфтааст, ки аз ғаму андуҳ чашмонаш сафед шудаанд, яъне пардаи сафед гирифтаанд.

Дар ояти 94 сураи “Юсуф” чунин омадааст:

{وَلَمَّا فَصَلَتِ الْعِيرُ قَالَ أَبُوهُمْ إِنِّي لَأَجِدُ رِيحَ يُوسُفَ لَوْلَا أَنْ تُفَنِّدُونِ } )يوسف: 94(

“Ва ҳангоме корвон ҳаракат кард падарашон гуфт: Агар маро ба бехирадӣ муттаҳам накунед ман бӯи Юсуфро меёбам”.

Баъзе уламо бо истидлол бо ин оят гуфтаанд, ки ҳар одаме бӯи махсуси худашро дорад ва шамол ба машоми ҳазрати Яъқуб (а) бӯи пироҳани ҳазрати Юсуфро расонид ва онро шинохт. Доктор Саъидӣ ояти дигарро, ки дар он аз шифо ёфтани чашмони ҳазрати Яъқуб хабар медиҳад таҳқиқ намудааст ва муъҷизаи дигареро аз он оят кашф кардааст. Ояти мазкур ояти 96 сураи “Юсуф” аст, ки дар он чунин омадааст:

{فَلَمَّا أَنْ جَاءَ الْبَشِيرُ أَلْقَاهُ عَلَى وَجْهِهِ فَارْتَدَّ بَصِيرًا } )يوسف: 96(

“Ҳангоме муждадиҳанда назди ӯ (Яъқуб а-с) омад, пироҳанро (пироҳани ҳазрати Юсуфро) бар чеҳрааш партофт ва  (Яъқуб а-с) бино шуд”.

Баъди таҳқиқ Доктор Саъидӣ ба ин натиҷа расидааст, ки чашмони ҳазрати Яқӯб аз намаки оби дида сафед шудааст ва ҳазрати Юсуф пироҳани бо арақи баданаш олударо фиристода будааст. Аз бӯи арақ ҳазрати Яъқуб бӯи бадани ҳазрати Юсуфро шинохтааст ва пироҳанро ба чашмонаш мемолидааст. Дар натиҷа намаки арақи пироҳани ҳазрати Юсуф пардаро аз чашмони падараш ба тадриҷ дӯр кардааст. Доктор Саъидӣ дар чанд нафаре чунин таҷриба гузаронида ва ба ин хулоса омадааст.


МОҲЁНАИ ЗАНОН

Дар ояти 222 сураи “Бақара” Аллоҳ таоло чунин гуфтааст:

{وَيَسْأَلُونَكَ عَنِ الْمَحِيضِ قُلْ هُوَ أَذًى فَاعْتَزِلُوا النِّسَاءَ فِي الْمَحِيضِ وَلَا تَقْرَبُوهُنَّ حَتَّى يَطْهُرْنَ فَإِذَا تَطَهَّرْنَ فَأْتُوهُنَّ مِنْ حَيْثُ أَمَرَكُمُ اللَّهُ إِنَّ اللَّهَ يُحِبُّ التَّوَّابِينَ وَيُحِبُّ الْمُتَطَهِّرِينَ } )البقرة: 222(

“Аз ту дар мавриди ҳайз (одати моҳёнаи занон) мепурсанд ва (барояшон) бигӯ: Он зиён аст, пас ҳангоми ҳайз аз занон канорагирӣ кунед ва ба онон наздик нашавед, то пок шаванд. Пас ҳар гоҳ пок шуданд аз онҷо, ки Аллоҳ шуморо дастур додааст бо онон наздикӣ кунед. Ҳамоно Аллоҳ тавбакунандагон ва покизагонро дӯст медорад”.

Дар ин ояти карима Аллоҳ субҳонаҳу ва таоло се масъаларо баён кардааст:

1.Зиёну зарар будани хӯни ҳайзи занонро барои худашон ва барои шавҳарҳояшон.

2.Ҳаром будани алоқаи ҷинсӣ бо занонро дар ҳолати ҳайзашон.

3.Ҷоиз будани алоқаи ҷинсӣ бо занонро танҳо дар он маконе, ки дар ҳолати ҳайзашон алоқаи ҷинсӣ дар он ҳаром буд ва он макон олати таносулии занҳост.

Аллоҳ таоло тавбакунандагон ва покизагонро дӯст медорад.

Пас касоне, ки дар ҳолати ҳайзи ҳамсаронашон бо онҳо  алоқаи ҷинсӣ мекунанд ва ё дар ғайри олати таносулии занон наздик мешаванд, яъне ливота мекунанд, ашхоси покиза ва тавбакунандаи аз кори гуноҳ, ки Аллоҳ таоло онҳоро дӯст медорад, намебошанд.

Дар ривояти “Сунани Дорамӣ”  бо санади саҳеҳ муфассир Муҷоҳид мегӯяд:

“وفي سنن الدارمي -1/ 725/ 1160 – عَنْ مُجَاهِدٍ، قَالَ:.فَقُلْتُ:يَا ابْنَ عَبَّاسٍ،أَرَأَيْتَ قَوْلَ اللَّهُ تَعَالَى:{فَإِذَا تَطَهَّرْنَ فَأْتُوهُنَّ مِنْ حَيْثُ أَمَرَكُمُ اللَّهُ}(البقرة: 222) قَالَ:«مِنْ حَيْثُ أَمَرَكُمْ أَنْ تَعْتَزِلُوهُنَّ» (وفي تعليق المحقق:إسناده صحيح).

Аз Ибни Аббос чунин савол кардам: Мурод аз фармудаи Аллоҳ таъоло: ”Пас ҳар гоҳ пок шуданд аз онҷо, ки Аллоҳ шуморо дастур додааст бо онон наздикӣ кунед.”, кадом макон аст? Гуфт: Он маконест, ки дар ҳолати ҳайз шуморо амр карда буд, ки аз он иҷтиноб бикунед”.

Ибни Касир аз тафсири Ибни Аббос, Муҷоҳид ва Икрима ояти:” Пас ҳар гоҳ пок шуданд аз онҷо, ки Аллоҳ шуморо дастур додааст бо онон наздикӣ кунед.”, чунин хулоса баровардааст:

“وفي تفسير ابن كثير ت سلامة -1/ 588: وَقَالَ ابْنُ عَبَّاسٍ وَمُجَاهِدٌ وَعِكْرِمَةُ: {فَأْتُوهُنَّ مِنْ حَيْثُ أَمَرَكُمُ اللَّهُ} أَيْ: أَنْ تَعْتَزِلُوهُنَّ. وَفِيهِ دَلَالَةٌ حِينَئِذٍ عَلَى تَحْرِيمِ الْوَطْءِ فِي الدُّبُرِ”.

“Ин оят далолат бар ҳаром будани алоқаи ҷинсӣ дар қафои занон мекунад”.

Дар ривояти “Сунани Дорамӣ”  муфассир Муҷоҳид хулосаи оятро чунин зикр кардааст:

“وفي سنن الدارمي-1/ 731:عَنْ مُجَاهِدٍ، قَالَ:.أَنْ تَعْتَزِلُوهُنَّ:فِي الْمَحِيضِ:الْفَرْجَ،ثُمَّ تَلَا{نِسَاؤُكُمْ حَرْثٌ لَكُمْ فَأْتُوا حَرْثَكُمْ أَنَّى شِئْتُمْ}(البقرة: 223)،قَائِمَةً،وَقَاعِدَةً،وَمُقْبِلَةً،وَمُدْبِرَةً فِي الْفَرْجِ”. (وفي تعليق المحقق: إسناده صحيح).

“Мурод аз канора гирифтан аз занон дар ҳолати ҳайз канора гирифтан аз алоқаи ҷинсӣ дар олати таносулии занон аст ва мурод аз ояти баъдӣ (223 сураи Бақара): Занонатон кишзори шумо ҳастанд, пас ҳаргуна ки мехоҳед ба киштзоратон дароед”, яъне истода ё нишаста ё аз ҷониби пеш ва ё аз ҷониби пушт метавонед дар пеш, яъне дар олати таносулии занонатон алоқаи ҷинсӣ анҷом бидиҳед”.

Аз ҳамин чиҳат дар чандин ҳадисҳои саҳеҳ ё ҳуҷҷатқароргиранда, ки яке аз онҳо ин ривояти “Муснади Абуяълои Мусилӣ” (11/349) бо санади ҳасан мебошад, Пайғамбар (с) дар мавриди расидан дар қафои занон чунин гуфтааст:

“وفي مسند أبي يعلى الموصلي-11/ 349:عَنْ أَبِيهِ،عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ،أَنَّ رَسُولَ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَالَ: «مَلْعُونٌ مَنْ أَتَى النِّسَاءَ فِي أَدْبَارِهِنَّ» (حكم حسين سليم أسد : إسناده حسن).

“Малъун аст касе дар қафои занон алоқаи ҷинсӣ мекунад”.

Дар ривояти “Сунани Абудовуд” бо санади ҳасан ҳадиси мазкур бо ин лафз ривоят шудааст:

“وفي سنن أبي داود -2/ 249/ 2162 – عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ، قَالَ: قَالَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ: «مَلْعُونٌ مَنْ أَتَى امْرَأَتَهُ فِي دُبُرِهَا» (وحكم المحقق: حسن) .

“Малъун аст шахсе, ки дар қафои ҳамсараш алоқаи чинсӣ мекунад”.

Табибон имрӯз таҳқиқ ва мушоҳида кардаанд, ки занон дар ҳолати ҳайз ҳолати беморгунаеро аз сар мегузаронанд, ки қуввати бадани онҳоро заъиф месозад, ки ин сабаби паст шудани фишори хӯн дар баъзеҳояшон шуда метавонад. Хӯни дар раҳми зан ҷамъшуда иборат аз моддаҳои зараровар барои саломатии зан аст, ки он агар хориҷ нашавад боиси бемории зан ва ҳатто дар баъзе ҳолатҳои истисноӣ бақои тулонии хӯни ҳайз дар раҳмаш мунҷар ба пайдоиши бемориҳои сахт ва ҳатто сабаби маргаш низ шуда метавонад.

Дар чунин ҳолат даҳани бачадони зан боз аст ва алоқаи ҷинсӣ ба сабаби имкони сирояти микробҳои зараровар дар хӯни ҳайз вуҷуд дошта хатари сироят шудани марду занро ба думбол дорад  ва боиси ба вуҷуд омадани варамҳо ва ҳатто вайрон шудани миъоди зан, яъне манъ шудани хӯн ё беист ҷорӣ шуданашро ба думбол дошта метавонад.

Оре, Қуръон китоби холиқ ва офарандаи зану мард ва бақияи мавҷудоти олам аст ва қабл аз ҳама ва хӯбтар аз ҳама медонад чиро барои марду зан ҳаром бикунад ва алоқаи ҷинсии дар ҳолати ҳайзи занон яке аз ин ҳаром кардаҳояш ҳаст.

Аммо масъалаи зарари ливота пушида нест, зеро мутобиқи хабарҳои интишорёфта дар соли 2018 ҳар соле аз бемории спид як милион инсонҳо дар олам мемиранд ва 65% ин ҳалокшудагон аз тариқи зино ё ливота сироят шудаанд.  Шояд дар ҳақиқат шумораи фавтшудагон ва фоизи зино ва ливота дар сирояти ин беморӣ бештар ҳам бошад, зеро баъзеҳо ба спид гирифтор шуданашонро ошкор намесозанд ва баъзе дигарҳо қабл аз ошкор шудани ин беморияшон вафот мекунанд.


СЕ ҲАЙЗ

Дар ояти 228 сураи “Бақара” Аллоҳ субҳонаҳу ва талоқ чунин фармудааст:

{وَالْمُطَلَّقَاتُ يَتَرَبَّصْنَ بِأَنْفُسِهِنَّ ثَلَاثَةَ قُرُوءٍ } )البقرة: 228(

“Ва занони талоқ додашуда то муддати се бор ҳайз дидан интизорӣ бикашанд”.

Муроди Аллоҳ субҳонаҳу ва таоло дар ояти мазкур ин аст, ки занеро шавҳараш талоқ карда бошад то се ҳайз идда напояду ин муддатро сипарӣ накунад, шавҳари дигар карда наметавонад. Чунин нақл мекунанд, ки яке аз пажуҳишгарони яҳудитабори амрикоӣ бо номи Алфред масъалаи бақои асари оби мании мардро дар бачадони зан пажуҳиш мекард ва барои ин аз занони бисёре анализ мегирифт. Баъди аз ҳамсари худаш анализ гирифтан дар бачадони вай ғайр аз асари оби мании худаш асари оби мании ду марди дигарро низ кашф кард. Баъди ин зарур донист ва аз фарзандонаш Д.Н.К. гирифт ва аз байни панҷ фарзандаш ду фарзандаш барои худаш бегона баромаданд ва ин масъала аҳамияти пажуҳишашро барояш бештар кард ва ӯ барои донистани асрори ҷадид ба кораш идома дод.

Дар аснои амалаш аз чанд зани мусулмоне низ анализ гирифт ва дар бачадони онҳо асари оби танҳо як мардро пайдо кард ва ин масъала водораш кард то аз онҳо сабабашро савол бикунад. Он занон гуфтанд, ки мусулмони побанд ба аҳкоми динамон мебошем ва алоқаи ҷинсиро ба ҷуз шаҳварҳоямон бо марди дигаре ҷоиз намедонем. Алфред гуфт: Ҳеҷ дине зиноро ҷоиз намедорад. Оё яке аз шумоён аз шавҳараш ҷудо бишавад метавонад боз шавҳар бикунад ва бо шавҳари ҷадидаш алоқаи ҷинсӣ анҷом бидиҳад? Он занон гуфтанд: Мутобиқи оятҳои Қуръон агар зани мусулмоне  имрӯз аз шавҳараш ҷудо бишавад, фардо ё пас фардо шавҳар карда наметавонад ва замоне, ки се ҳайзро сипарӣ бикунад пасон шавҳари ҷадид кардан барояш ҳалол ва раво мегардад.

Баъди ин Алфред таҳқиқоташро идома дод ва барояш маълум гардид, ки барои ба таври комил пок шудани бачадони зан аз асари оби мании шавҳараш ба сипарӣ кардани се ҳайз зарурат аст. Зеро дар ҳайзи аввал то 33% асари мании шавҳараш пок мешавад ва дар ҳайзи дуввум 33% дигар ва дар ҳайзи саввум 33% боқимонда ва бо ҳамин дар раҳми он зан ҳеҷ асаре намемонад.

Алфред ақида надошт, ки Қуръон китоби Аллоҳ мебошад ва онро эҷод кардаи Муҳаммад (с) медонист, баъди ин  маҷбур шуд рӯ ба Қуръон оварад то бо чашмонаш бубинад, ки дар он дар ҳақиқат  се ҳайз зикр шудааст. Алфред дар ояти 228 сураи “Бақара” зикри се ҳайзро бидид ва бовар кард, вале ояти 234 ҳамин сура дубора ӯро ҳайрон кард ва водораш намуд, то дубора анализҳо бигирад ва таҷрибаҳо бигузаронад. Ояти мазкур чунин аст:

{وَالَّذِينَ يُتَوَفَّوْنَ مِنْكُمْ وَيَذَرُونَ أَزْوَاجًا يَتَرَبَّصْنَ بِأَنْفُسِهِنَّ أَرْبَعَةَ أَشْهُرٍ وَعَشْرًا} )البقرة: 234(

“Ва касоне аз шумоён мемиранд ва занонеро баъди худ (бева) мегузоранд, онҳо чаҳор моҳу даҳ рӯз идда мепоянд”.

Ҳайронии Доктар Алфред дар он буд, ки се ҳайз барои пок шудани раҳми зани шавҳараш вафоткарда низ басанда аст, пас чаро чаҳор моҳу даҳ рӯз, яъне муддати бештар аз се ҳайз муқарар шудааст?  Баъди ин ночор гардид то таҷрибаҳои худро бо занони шавҳарҳояшон вафоткарда оғоз бикунад ва баъди чанде ба чунин ҳақиқати ҷадид даст ёфт. Азбаски аксари занони шавҳарҳояшон вафоткарда баъди вафоти шавҳарҳояшон ба ғаму андуҳ гирифтор мешаванд, организми онҳо заъиф мешавад ва сусту заъиф кор мекунад ва бачадонашон дар муддати се ҳайз худашро ба таври комил пок карда наметавонад, пас ин муддати бештар барои ҳамин лозим будааст.


Мақолаи қаблӣҶинзадагӣ ё мисоси рӯҳӣ (Чинзадаги ё мисоси рухи)
Мақолаи баъдӣМуъчизахои Куръон. Муъҷизаҳои Қуръон #3