Ҳаргиз зоғ рози булбулро надонад.
Фарзанди обу гил бегона аст, фарзанди ҷону дил ягона аст.
Тан хонаи маънӣ аст ва ҷаҳон хонаи сурат. Ва сурат маҳдуд аст ва маънӣ номаҳдуд.
Аз полонгарон то пайғомбарон роҳ бисёр аст.
Ҳар ақле, ки ба ҳақ машғул нест, ба ақл монад, лекин, дар ҳақиқат, ақл нест.
Дар сухани дурӯғ ҳосиле нест, ҷуз сияҳрӯӣ.
Амали хайр сифат ва сояи ақл аст.
Сарчашма: Jumhuriyat.tj