Ҳамагуна давлат, шаҳр, ҳар як соҳа ва умуман тамоми чизи дар дунё буда, ба худ як аҷибиятеро дорост. Бисёриҳо барои донистани фактҳои аҷиб шавқ доранд ва мехоҳанд аз ҳама гуна фактҳои шавқовар бохабар бошанд. Донистани чунин фактҳои ҷолиб инсонро рӯҳи тоза мебахшад. Шумо низ пайваста кӯшиш кунед, то аз ҳама гуна навгониву аҷоиботи олам бохабар шавед, зеро дар ҳақиқат аҷибиҳои дунё зиндагии Шуморо аҷиб мегардонанд. Дар ин ҷо мо ҳоло фактҳоеро зикр мекунем, ки барои Шумо аҷиб мебошанд. Пас, таваҷҷӯҳ кунед:

Ҷопониҳо бисёртар шахсонеро ҳурмату эҳтиром мекунанд, ки ҳадди ақал ба забонашон як ё ду ҷумла ҳарф зананд. Онҳо дар он фикранд, ки омӯхтани забонашон бисёр мушкил ва ғайри муқаррарист.
Дар Ҷопон синну соли боақл ва мефаҳмидагӣ аз 13 сола болост. Нафароне, ки ин зинаро тай намудаанд, барояшон алоқаи ҷинсии ихтиёрӣ ҷиноят ҳисобида намешавад.
Зиндагии оилавии ҷопониҳо бисёр аҷиб аст. Дар онҳо бародар ва хоҳар тамоман бо ҳамдигар ҳарф намезананд, ҳатто рақамҳои телефони якдигарро надоранд.
Халқи Ҷопон як одати аҷибе доранд, ки ба вохӯрӣ ва ё ба ҷойи даъватшуда, кӯшиш мекунанд, ки ҳадди ақал ним соат пештар ҳозир шаванд. Онҳо кӯшиши саривақт ва дар вақти таъиншуда расиданро хуш надоранд. Кӯшиш мекунанд, ки барвақттар ҳозир шаванд.
Дар Ҷопон дар рӯзҳое, ки эҳтимоли боридани борон дар назар аст, мардум дар даст чатр намегиранд, зеро дар кӯчаву хиёбонҳо ҷойҳои чатрмонӣ сохта, дар он ҷо чатрҳои ройгон гузошта шудаанд. Вақте ки борон меборад, дилхоҳ кас метавонад аз он ҷо чатр гирад ва вақте ки борон тамом мешавад боз чатрро дар ҷойи дигари чатрмонӣ гузошта мераванд.
Дар кӯчаҳои шаҳру минтақаҳои Ҷопон тамоман қуттиҳои ахлотпарто (мусорных баков) дида намешаванд. Тамоми ахлотро онҳо ба хона оварда, ба намудҳо ҷудо мекунанд. Масалан, ахлоти шишапораро ҳеҷ гоҳ бо қоғаз ва ё ахлоти даргирандаро ҳеҷ гоҳ бо ахлотҳои дарнагиранда намегузоранд.
Дар Ҷопон мардумро ба нафақа намебароранд. Мувофиқи қонун шахсе, ки қобилияти корӣ дошта бошад, новобаста аз синну сол, то лаҳзаи охири ҳайёт метавонад дар вазифааш кору фаъолият намояд. Нафақа дар он ҳолат ва ба касоне дода мешавад, ки дигар қобилияти кор кардан надоранд. Маблағаш ҳам бениҳоят кам аст.
Дар Ҷопон аз ҳама маҳсулоти қимматтарин мевагӣ ва тарбузу харбуза ба ҳисоб меравад. Ҷопониҳо барои хариди як дона шафтолу то 5 доллар ва барои хариди як кг харбузу тарбуз, ҳатто 1000долларро сарф мекунанд.
Соли хониш дар мактабҳои ҷопонӣ аз 6 –уми апрел оғоз мешавад. Дар мактабҳояшон дар як сол ҳамагӣ се маротиба таътил ҷой дода шудааст. Аз 6-уми апрел то 20-июл, дуюм аз 1-сентябр то 26 декабр ва сеюм аз 7 январ то 25 –март.
Фарҳанг, забон, халқият, умуман тамоми ҷиҳатҳои як давлат ба давлати дигар монандӣ надорад. Дар онҳо дигаргуние ба назар мерасад. Бинед, урфу одати ҷопониҳо, хислатҳояшон, фарҳангашон аз мо ба куллӣ фарқ мекунад .
Япония, чопони бо забони точики.



Дар онхо умуман воситаю махал хешутаборбози барои чои кор вучуд надорад. Як омили мухими пешравиашон хамин аст
Тагабози намекнан охи
Аз чихати саводноки баьди Корея Чои намойонро ишгол мекунад яьне дуюм чоро: